Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Парлумони Тоҷикистон 11 октябрро рӯзи интихоботи Президент таъйин намуд

Парлумони Тоҷикистон 11 октябрро рӯзи интихоботи Президент таъйин намуд

7-08-2020, 10:37
Хабарро хонданд: 2240 нафар
Назарҳо: 0
Парлумони Тоҷикистон 11 октябрро рӯзи интихоботи Президент таъйин намуд
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни ҷаласаи дуюми якҷоя, даъвати шашум интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020 таъйин намуданд.
Қонуни интихобот
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз даврони соҳибистиқлолӣ бори шашум сурат мегирад.
Тартиби интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян намудааст.
Мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Тибқи ҳамин модда як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 майи соли 2016, истисно кардани ин банд дар Конститутсия танҳо ба Президенти кунунии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақоми расмии давлатӣ ва дорои унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» мебошанд, дода шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд.
Аз тарафи ҳар яки онҳо фақат як нафар номзад ба мансаби Президент пешбарӣ шуда метавонад. Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин дар анҷуман ё конференсияҳои ҳизби сиёсӣ қабул карда мешавад. Дар баробари ин, номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд имзои панҷ фоизи шумораи умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботрог доранд, ба тарафдории худ ҷамъ оварад.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 30 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои маълумоти олӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад.
Мутобиқи моддаи 66 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президент вақте баргузоршуда эътироф мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон (яъне беш аз 50% интихобкунандагон) ширкат варзида бошанд. Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида (беш аз 50%) овоз дода бошанд.
Интихоботи қаблӣ
Ёдовар мешавем, ки интихоботи қаблии президентӣ 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистонро сарварӣ мекунанд, он замон 83,9% (беш аз 3 миллион) овозҳоро бо иштироки зиёда аз 86,6% интихобкунандагон ба даст оварда буданд.
Дар сабқати интихоботӣ он замон боз панҷ номзад — Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунистӣ, Талиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ, Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистӣ ва Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд, ки ҳар кадомашон аз 1% то 5% овоз гирифтанд.
Ҳуқуқи интихоботӣ
Иштирок дар интихобот ихтиёрист ва ҳар нафар як овоз дорад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, новобаста аз ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк дар интихобот ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Шахсоне ҳуқуқи иштирок надоранд, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: