Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот

Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот

24-02-2020, 09:08
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот
То баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳимтарин масъалаҳоро доир ба овоздиҳӣ дар интихоботи мазкур тариқи саволу ҷавоб манзури хонандагон мегардонад.

Савол: Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад?

Ҷавоб: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Савол: Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд?

Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд. Ин меъёр аз талаботи қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Савол: Оё ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин аст, масалан метавон ба ҷои шавҳар, фарзанд ва дигар аҳли хонавода овоз дод?

Ҷавоб: Не, ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин нест. Ҳар як интихобкунанда бояд шахсан худаш овоз диҳад.

Савол: Дар ҳолати бемор будан ва дар интихобот иштирок карда натавонистани интихобкунандагон чӣ тадбир андешида мешавад?

Ҷавоб: Агар баъзе интихобкунандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва дар ин хусус дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад.

Савол: Вақти иштирок дар интихобот чӣ қадар муайян гардидааст?

Ҷавоб: Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 то 20:00 гузаронида мешавад.

Савол : Агар шаҳрванд дар рӯзи интихобот баъд аз соати 20:00 ба участкаи интихобот барои овоздиҳӣ ояд, ба ӯ барои овоздиҳӣ имконият дода мешавад?

Ҷавоб: Баъд аз соати 20:00 вақти овоздиҳӣ мегузарад ва баъди он комиссияи участкавӣ фавран ба ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамояд. Яъне баъд аз соати 20:00 воридшавӣ ба бинои овоздиҳӣ манъ мегардад ва ҷараёни овоздиҳӣ қатъ мегардад

Савол: Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад?

Ҷавоб: Ҳуқуқи интихобкунанда ба овоздиҳии пешакӣ дар моддаи 43-и Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 22 Конуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муқаррар карда шудааст.

Агар интихобкунанда дар рӯзи интихобот ба участкаи интихобот, ки дар он ҷо ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда шудааст, имконияти омадан надошта бошад, ҳуқуқ дорад 7 рӯз пеш аз интихобот ба бинои комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот омада, бо пур кардани бюллетен овоз диҳад.

Овоздиҳии пешакӣ ба интихобкунандае иҷозат дода мешавад, ки ӯ дар рӯзи интихобот вобаста ба зарурати пешомада, аз ҷумла сафари хизматӣ ба дигар минтақа ё хориҷи кишвар, сафар ба мақсадҳои дигари шахсӣ берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот, ба монанди табобат, сайёҳат ва муҳоҷират, ки имкони ба таъхир гузоштани онро надорад, 7 рӯз пеш аз интихобот иҷозат дода мешавад. Дар муҳлати камтар аз 7 рӯз овоздиҳии пешакӣ иҷозат дода намешавад. Овоздиҳии пешакӣ дар комиссияҳои ҳавзавии дахлдор ҳангоми интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва дар участкаҳои интихобот ҳангоми интихоби Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ гузаронида мешавад.

Савол: Ҳар интихобкунанда ба тарафдории чанд номзад дар варақаи имзогузорӣ имзо гузошта метавонад?
Ҷавоб: Ҳар интихобкунанда дар варақаи имзогузорӣ бояд ба тарафдории фақат як номзад аз ҳавзаи маҳалли истиқомати худ имзо гузорад.

Савол: Интихобкунанда бо пешниҳоди кадом ҳуҷҷат метавонад аз комиссияи участкавии интихобот бюллетенро барои овоздиҳӣ гирад?

Ҷавоб: Бюллетенҳои интихоботро комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихоботкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома ё хуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда (шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ, корти идентификатсионӣ) медиҳад. Ҳар интихобкунанда варақаи бюллетени интихоботиро гирифта, дар рӯйхати интихоботкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо гузорад. Додани бюллетенҳои иловагӣ ба интихоботкунандагон манъ аст.

Савол: Ҳангоми пур кардани бюллетен дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ ғайр аз овоздиҳанда шахсони дигар низ ҳузур дошта метавонанд?

Ҷавоб: Не, ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз овоздиҳанда ҳозир будани шахсони дигар манъ аст.

Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ бо салоҳдиди худ каси дигарро ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват кунад.

Савол: Интихобкунанда ҳуқуқи ба тарафдории чанд номзад ва ҳизби сиёсӣ овоз додан дорад?

Ҷавоб: Интихобкунанда фақат ба тарафдории як номзад ва як ҳизби сиёсӣ овоз диҳад. Ӯ дар бюллетени интихобот дар чоркунҷаи холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ё ҳизби сиёсие, ки ба тарфдориашон овоз медиҳад, аломати + мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ овоз додан, интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар чоркунҷаи холии сатрҳои «муқобили ҳама номзадҳо» ва «муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ» аломати + мегузорад.

Савол: Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, чӣ тавр овоз медиҳанд?

Ҷавоб: Чунин нафарон дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешаванд ва овоз медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: