Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷараёнҳои ғайриқонунӣ ва хатарҳои он ба ҷомеа

Ҷараёнҳои ғайриқонунӣ ва хатарҳои он ба ҷомеа

18-02-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Ҷараёнҳои ғайриқонунӣ ва хатарҳои он ба ҷомеаИмрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъи басо нозуку ҳассос қарор дорад. Бо ҳар роҳу восита ҷавононро аз ҷумла ҳамватанони моро гумроҳ намуда, ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро ҷалб сохта истодаанд. Мутаасифона, теъдоди афроди гумроҳшуда аз ҳисоби ҷавонон хело афзуда, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст.

Бояд қайд кард, ки асрҳо боз ислом мавқеи муколама, муҷоддала ва мунозираҳои аҳзобу ашхоси мухталиф қарор гирифта, ҳар кас онро мувофиқу мутобиқи завқи сиёсӣ, эстетикӣ ва этникии маънидод мекунанд.

Дар натиҷаи таъвилу тавсирҳои гуногун то асрҳои 13-14 риштаҳои гуногуни мазҳабӣ дар дохили ислом пайдо шуда, ҳар кадом худро аз дигарон мусулмонтар медонад ва Қуръони Маҷидро ба таври худ мефаҳад.

Пайғамбари Акрам низ ҳамин майли ба «доми тазвир» табдил додани Қуръони азиму шаънро пешгӯи кардааст. Пайғамбар аз он дар ташвиш будааст, ки минбаъд афроде пайдо мешаванд, ки таълимоти Қуръону исломро мувофиқу мутобиқи ҳавову ҳаваси худ шарҳ дода, аз моҳияти аслии он дур мераванд.

Ҳамин тавр, ҳанӯз Пайғамбари мусулмонон (С) онҳоеро, ки исломро барои ба амал баровардани манфиатҳои худ ба кор мебаранд, мазаммат карда, ин амали онҳоро боиси бадномшавӣ ва коста шудани эътибори ислом мешуморад. Имрӯзҳо амали гурӯҳҳои «террористӣ», «экстремистӣ»-ро, ки амали онҳо ба таълимоти моҳияти ислом ҳеҷ умумият надорад, ба тамоми мусулмонон мансуб медонанд. Ин гурӯҳҳо ислому Қуръони азимушаънро барои ба даст даровардани идеалҳои сиёсии худ ҳамчун «Ҳилаи шаръӣ» ба кор мебаранд. Дар асл, шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шавқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн ва дар маҷмӯъ ба амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки ҷаҳони муосир шоҳиди буҳрони амиқи идеологист. Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимии мавзӯъ, дар мавриди хатарҳои глобалӣ зуҳуроти нангинро «хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир» хондаву паёмадҳои нохуши онро «на камтар аз силоҳи ядроӣ» арзёбӣ кардаанд.

Дар асл гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ, экстремистӣ натанҳо ватану миллат надорад, балки пулҳо ва роҳҳоеро, ки миллату маҳалро ба якдигар пайваст мекунад, тарконда, тухми кинаву адоватро кошта, соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар ҷудо мекунад. Мутаассиб ба воситаи назария ва амалияи худ меҳрро ба адолат табдил дода, барои ҷамъият оқибатҳои фалокатангезро эҷод мекунад. Ин ашхоси хушунатангез дар дохили миллату халқҳои олам буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Миллати мо низ аз ин тазоди таърихӣ дар канор намондааст.

Хусусан баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо гурӯҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гурӯҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд. Аз ҷумла гурӯҳи Салафиён низ муборизаи худро дар солҳои 90-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон ба ҳамин мақсад оғоз намуда, имрӯз миқдори ҷонибдорони онҳо дар кишвар ба чашм мерасанд. Паҳн гаштани равияи мазҳабӣ бо номи салафия имрӯз ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти динӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа табдил гаштааст. Ҳам дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва ҳам дар гуфтугузори байни мардуми оддӣ баҳс дар атрофи салафиҳо ва ифротгароии он яке аз мақомҳои аввалро ишғол кардааст. Дар миёни мардум даҳҳо китобу навору дискҳо аз тарафи салафиҳо ва дигар гурӯҳҳо пахш гашта, хусусан, дар муҳити динии кишвар баҳсҳои ҷиддиеро ба миён овардааст.

Фаъолияти озоди онҳо дар дохил ва беруни кишвар, ба таври озодона паҳн шудани китобу наворҳои таблиғотии салафия дар Тоҷикистон, таҳсил дар марказу донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ва ба тарафи худ ҷалб намудани донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ боиси зиёд шудани шумораи аъзоёни ин гурӯҳҳо гардид. Умуман, чунин ба назар мерасад, ки салафиён аз ҷониби шабакаҳои амниятии бархе аз кишварҳо дастгирӣ меёбанд.

Алалхусус дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷир шуда, фарзандони онҳо дар лагерҳо дарс хонданд ва аз ҷониби эмиссарони аҳли салаф тарбия ёфтаанд. Дар он солҳо маърифати динӣ дар ҷомеаи мо дар сатҳи паст қарор дошт ва мутаассифона, дар ин бахш аз ҷониби масъулон корҳои назаррас ва бунёдии таблиғотӣ сатҳи зарури гузаронида нашуда буд.

Иддае аз ҷавонони тоҷик, ки бунёду асоси иҷтимоӣ ва ин ҳаракатро ташкил медиҳанд, аз мазҳаби муътадили ҳанафӣ дур рафтаанд.

Тавре маълум аст, дар тӯли 1400 сол фарҳанги милли тоҷикон дар омехтагӣ бо арзишҳои исломӣ ташаккул ёфта, арзишҳои бузурги башариро ба миён овардааст. Аммо равияи ваҳҳобӣ, ки имрӯз онро бо номи зоҳиран беозор ва нисбатан номуайяни «салафӣ» паҳн мекунанд, як мазҳаби бунёдгаро буда, фақат фаҳмиши арзишҳои қарни аввали исломиро қабул мекунанд ва тамоми он чизеро, ки баъдан мардумон, аз ҷумла мардуми тоҷик дар доираи фарҳанги исломӣ офариданд, инкор менамоянд. Мисоли мушаххаси ин мавқеи салафиҳо дар муносибати онҳо бо тасаввуф ва ирфон дида мешавад.

Онҳо тасаввуфро бидъат дониста, шахсиятҳои тасаввуфиро бидъаткор меҳисобанд. Дар чунин ҳолат аксари орифони бузурги фарҳанги мо, аз ҷумла Ҳаким Саноӣ, Шайх Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра, ки аз шахсиятҳои тасаввуфӣ буданд, Маълум аст, ки дар байни мардум беарзиш намудани чеҳра ва осори ин шахсиятҳои бузург боиси он мешавад, ки мо аз сутунҳои аслии фарҳанги миллии худ ва аз он сарчашмаи боэътимоде, ки имрӯз барои тарбияти ахлоқию маънавии насли наврас дар даст дорем, маҳрум мегардем. Ин амал ба фарҳангу маънавияти имрӯзи ҷомеа ва ба масъалаи худшиносии миллии тоҷикон зарбаи шадид ворид менамояд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи мазҳабии «Салафӣ»-ро дар қаламрави кишвар ба ҳайси иттиҳоди экстремистӣ ё ифротгаро шинохта, бо ҳалномаи худ аз 8 декабри соли 2014 барномаҳои ин равияро низ бастааст. Ҳамин ниҳод ҳанӯз моҳи январи соли 2009 фаъолияти пайравони “Салафия” дар Тоҷикистонро манъ карда буд. Бо вуҷуди он ки фаъолияти пайравони “Салафия” дар кишвар мамнуъ аст, аммо ҳоло шумораи гаравандагони онҳо бештар шуда, «бо роҳҳои ғайриқонунӣ сокинонро ба ин ҷараён ҷалб мекунанд». Пас мо бояд бо дарназардошти ин вазъият, бахусус авҷ гирифтани падидаи номатлуби ифротгароиву терроризм беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ин ҷараёнҳову гурӯҳҳо ҷилавгирӣ намоем.

Новобаста аз характери дунявӣ доштани давлат дар Тоҷикистон, имрӯз мазҳаби ҳанафӣ яке аз омилҳои асосии таъмини суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ дар кишвар мебошад. Муттаҳид будани мардум дар атрофи як арзиши муътадил, яъне мазҳаби ҳанафӣ, худ омили ваҳдат ва субот аст, ки ба таври табиӣ нақши ваҳдатбахширо иҷро мекунад.

Аз ин рӯ ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, шинохту таблиғи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам-Ҳанафия беҳтарин роҳу восита дар мубориза алайҳи ҳаракату ҷараёнҳои тафриқаандози экстремистӣ мебошанд.

Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳони нерӯҳои гуногун, вазифаи муқаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои ифротию тундгаро мебошад. Ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳо миллӣ ва умумибашарӣ таълим диҳем, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд.
Субҳон Усмонов, устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Аълочии маорифи ҶТ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: