Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фасод нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст

Фасод нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст

29-07-2020, 15:28
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Фасод нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст
Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 адад кам содир шудааст. Сабаби асосии камшавии ҷиноятҳо- ин ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотии кормандони Агентӣ мебошад. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
«Вобаста ба сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ агар таҳлил кунем, дар шашмоҳаи якуми соли равон 1218 ҷинояти ҳам коррупсионӣ ва ҳам иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор гардид, ки ин нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2019 -1370, яъне 162 ҷиноят кам мебошад. Агар вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бигирем, 715 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии шашмоҳаи якуми соли 2019 ва 652 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон ошкор гардидаанд. Ба ҳар ҳол, тарғиботу ташвиқоти кормандони самти муқовимат бо коррупсияи Агентӣ дар вазорату идораҳо дар ин самт таъсири худро мерасонад»,- иброз намуд директори Агентӣ.
Дар ин давра ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 552 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути ВАО беш аз 41 маротиба сухан гуфта, 13 маротиба мизҳои мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд.
Инчунин вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» 122 санҷиш гузаронида шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тадбир андешида шудааст.
Дар агентӣ телефони боварӣ ташкил карда шуда, масъулини ин ниҳод муроҷиати шаҳрвандонро қабул ва баррасӣ менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: