Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ба кирдорҳои коррупсионӣ даст задани кормандони «Амонатбонк» муҳокима гардид

Ба кирдорҳои коррупсионӣ даст задани кормандони «Амонатбонк» муҳокима гардид

6-06-2017, 08:32
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Ба кирдорҳои коррупсионӣ даст задани кормандони «Амонатбонк» муҳокима гардид

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Охири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентӣ хабар доданд, дар ҷаласа таҳлил ва муҳокимаи ҳолати даст ба кирдорҳои коррупсионӣ задани кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва натиҷаи тафтишу санҷишҳои он дар солҳои 2012-2016 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба мавзӯи баррасишаванда маълумоти як гурӯҳ роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамзамон раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шунида шуд.

Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолияти 5-солаи кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро мавриди муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти бонк ва сохторҳои зертобеи он тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия 25 ноябри соли 2015 бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, баланд бардоштани самаранокии фаъолият чиҳати огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионию иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

 Чопи саҳифа ✉ Равон кардан
Июн 5, 2017 09:40
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: