Ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор гардиданд18-07-2017, 08:08
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
![]() ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли 2017 кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 225,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд, ки аз он 151, 2 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби кормандони самти оперативию тафтишотии Агентӣ 1218 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст. Аз ҷумла 281 ҷиноятҳои азонихудкунии маблағу амволи давлатӣ ва марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ ошкор карда шудааст. Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 июл баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.