А. Зарифзода: Ҷиноятҳои коррупсионӣ афзудаанд20-02-2018, 09:22
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2017 аз ҷониби кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар 70 ҳолати ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задан ошкор шудааст. Вобаста ба ин омор ин ниҳоди давлатӣ миёни дигар мақомот пешсаф маҳсуб мегардад. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд: -Аммо ин маънои онро надорад, ки 70 нафар даст ба ҷиноят задаанд. Ин ҷо сухан оид ба аз ҷониби 1 нафар содир намудани якчанд қонуншиканиҳо меравад,-қайд кард муовини аввали директори Агентӣ Абдукарим Зарифзода. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ниҳод далели ошкори додани пора ба омӯзгорон ба қайд гирифта нашудааст. Ин 70 далел дар самти изофанависӣ дар корҳои сохтмон, додани ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ дар бораи маълумот ва тақаллубкориҳо дар сохтани ҳуҷҷатҳо будааст. Ҳамчунин дар нишаст оид ба парвандаи пурсарусадои ҶДММ «Умед-88» низ гуфта шуд: –Азбаски сухан нисбати маблағи хеле зиёд-171 миллион сомонӣ меравад, дар натиҷаи тафтиши молиявӣ камбудиҳои зиёд ошкор шуданд. Муҳлати пардохти он моҳи декабри соли гузашта ба итмом расид. Агар роҳбарияти ин ширкат имконияти пардохти ин маблағро медошт, то ин замон, то оғози парвандаи ҷиноятӣ инро ба анҷом мерасонид. Мақомоти тафтишотӣ барои барқарор кардани зарари расонидашуда ба роҳбари ширкат-айбдоршаванда ва наздиконаш дар доираи талаботи қонун тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки ин амалро анҷом диҳанд. Дар ин самт ягон мамониа нест. Дар масъалаи татбиқи чораи пешгирӣ бо дарназардошти вазнини ҷинояти содиркардашуда ва дигар паҳлуҳое, ки ба парвандаи ҷиноятӣ дахл доранд, айни ҳол тағйир додани чораи пешгирӣ нисбат ба сардори ширкат, ҳамчун мақомоти тафтишотӣ зарур мешуморем, ки ин ғайриимкон аст. Тамоми имкониятҳои ҷуброн намудани зарари овардашуда ба айбдоршуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муҳайё карда шудааст,-гуфт А.Зарифзода. Кормандони Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ниҳодҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ-60, КДАМ-26 ва бахши бонкӣ 390 ҷиноятҳои коррупсиониро ошкор кардаанд. Ба ахбороти Абдукарим Зарифзода, аз ҷониби воҳидҳои Агентӣ дар давраи сипаригашта 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор шуданд, ки 650 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомил ҳастанд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 442 он ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 112 ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калон мебошанд. Илова бар ин, 636 ҷиноятҳои қаллобӣ, 22 ҷинояти саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 104 ҷиноят вобаста ба гирифтан ва додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ муайян ва ошкор гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷониби Агентӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, санҷишҳо гузаронида шуда, 35 ҳолати вайрон намудани талати Қонуни мазкур ошкор шуд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.