Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон беш аз 279 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

Давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон беш аз 279 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

23-07-2020, 14:34
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон беш аз 279 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
Шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи охир беш аз 279 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Давоми шабонарӯзи охир 279 857 ҳолати сироятёбӣ ва 7 116 фавт ошкор гардид. То 23 июл дар саросари ҷаҳон сар аз оғози пандемия 15 375 004 ҳолати сироятёбӣ аз COVID-19 ва 630 222 фавт ба қайд гирифта шудааст.
Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 7 811 127 (+109 052 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 240 нафар зиёд шуда, ба 313 809 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 124 701 сироятёфта ва 208 469 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 21 047 ва ҳолатҳои фавт — 524 нафар афзудааст.
Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 520 780 ва қурбониён 35 891 мубошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 42 639 нафар зиёд шуда, 770 нафар фавтидаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 100 875. Баъдан Бразилия (2 231 871), Ҳиндустон (1 239 684), Россия (789 190),Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (394 948), Перу (366 550), Мексика (362 274), Чили (336 402), Испания (314 631) ва Британияи Кабир (296 377) ҷойгиранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: