Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭҲТИЁТ АЗ БАЛО, ТАВАККАЛ БА ХУДО, ТАКЯ БА ХИРАД

ЭҲТИЁТ АЗ БАЛО, ТАВАККАЛ БА ХУДО, ТАКЯ БА ХИРАД

5-06-2020, 13:02
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
ЭҲТИЁТ АЗ БАЛО, ТАВАККАЛ БА ХУДО, ТАКЯ БА ХИРАД
Таваккал

Имрӯз, ҳатто пас аз гузашти як ҳафтаи (ва пас аз 2 моҳи вуҷуди воқеии он!!!) эъломи расмии вуҷуди Covid-19 дар кишвар боз ҳам дар кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фароғатӣ ва назди хонаву ҳавлиҳо бепарвоии баъзеҳоро нисбат ба қоидаҳои беҳдошт ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ба вируси номбурда мушоҳида мекунем. Мебинем, ки гурӯҳ-гурӯҳ (ҳама ё қисман) бе ниқоби тиббӣ ва бе фосилагирӣ аз ҳам сайр доранд ё дар як ҷой ҷамъ шуда суҳбат мекунанд.
Агар ба онҳо аз ин корашон эрод бигиред, «дурустӣ»-и корашонро бо таваккал «асоснок» месозанд: «Таваккал ба Худо!», «Ҳами да пешонимон чизе навиштагиай, ҳами мешава!», «Ҳамаш дасти Худода!», «Да тақдирут боша, мемри»...
Инсон ашрафи махлуқоти Парвардигор ва шарафи ӯ ба хирад (ақл) аст. Он ки хиради худододаро дар кору рӯзгор ба кор намебарад ва ба ҷуз таваккали бемоя чизе намедонад, пеш ва беш аз ҳама ба доми ҳар гуна офату бало, ранҷу дарду мушкилот мубтало хоҳад шуд. Мақоли халқии «Ҷони нодон дар азоб» бозгӯи ҳамин маънист. Вақте аз нодонию беэътиноии худ ба балою вабое гирифтор шуданд, ҷурмро дар бехирадии худашон намебинанд, балки боз ҳам Худовандро сабаб пеш меоваранд.
Таваккул ба Худо ин нест, ки чашми дил ва басаратро пӯшӣ ва хешро ба обу оташ бизанӣ ва гӯӣ: «Худо нигаҳбон аст, агар аҷалам нарасида бошад, намемирам». Агар касе чунин мекунад, ӯ оқил нест, ҷоҳил ё девона ва қотили нафси хеш аст. Шахсе, ки дар зиндагӣ ӯро хирад раҳнамой нест, аз ҳайвон фарқе надорад ва ба гуфти Мавлавӣ, сари бехиради ӯ ба масобаи дум аст:
Ин қадар ақле, ки дорӣ, гум шавад,
Сар, ки ақл аз вай бипаррад, дум шавад.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Хештанро бо дасти хеш ба ҳалокат наандозед» (Бақара, 195).
Аллоҳи таъоло, ҳамчунин, мефармояд: «Эй муъминон, боэҳтиёту мувозиб бошед!» (Нисо, 71).
Парвардигор ба бандааш бузургтарин неъмат – имон ва ақлро ато карда, дар таваккул кардан кор бастан ба иллатҳо ва сабабҳоро ва саъю кӯшиш карданро фармудааст. Худованд дар ҳеҷ ҷойе амр накардааст, ки таваккулат бояд монеи ҷаҳду талошат бишавад, балки мегӯяд, саъйу кӯшиш кун, ҳаракат кун, ман дар корат баракат хоҳам дод. Чунонки боз Мавлавии Балхӣ дар ин маънӣ мегӯяд:
Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун!
Агар аҷалам нарасида бошад, намемирам, ‒ гӯён худро ба ҷар партофтан ё оташ задан амалест аз девонагию ҷоҳилӣ ва ҳам дур аз инсонию мусалмонӣ.
Гарчи кас бе аҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо! (Шайх Саъдӣ)
Таваккул ин аст, ки бояд корат ин ҷо (Замин) ва нигоҳат ба он ҷо (осмон, Худованд) бошад.
Дар боби таваккал аз Анас бин Молик (р) ривоят аст, ки шахсе ба Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) арз кард:
«Оё шутурамро бибандам ва таваккал кунам ба Худованд ё раҳо кунаму таваккал намоям?» Фармуд: «Бибанд ва таваккал кун!».
Ба гуфтаи шоир:
Гуфт: «Оре, гар таваккал раҳбар аст,
Ин сабаб ҳам суннати Пайғамбар аст.
Гуфт Пайғамбар (с) ба овози баланд:
«Бо таваккал зонуйи уштур бибанд».
Рамзи косиби Ҳабибуллоҳ шунав,
Аз таваккал дар сабаб коҳил машав!»
Ҳамчунин, аз фармудаҳои Паёмбари акрам (с) аст, ки ба шаҳре, ки он ҷо вабо пайдо шудааст, ворид машавед, аммо чун даромадед, аз он берун наравед.
Эҳтиёт не, худфиребӣ
Гурӯҳеро мебинем, ки зоҳиран аз эҳтиёт кор гирифтаанд, гӯё қоидаҳои муқарраршударо барои пешгирӣ аз беморӣ риоят мекунанд, аммо чун нек бингарӣ, мефаҳмӣ, ки корашон худфиребие беш нест: ниқобашон даҳонашонро маҳкам кардаасту биниашонро не ё баръакс. Ё чанде ниқоб мебанданду боз ниқобро аз рӯй мекашанд ва баъди табъи дил ба ҳамсуҳбату ҳамроҳашон (ки китф ба китфу рӯ ба рӯ, наздик бо ҳаманд) «арзи дил» кардан онро дубора ба рӯй мебанданд. Ё чашму рӯяшон баста асту бо ҳам дастакӣ салом мекунанд. Ин ҳолатро ҳам, ки ниқоби сафеди баъзе аз афрод аз чирк сиёҳ шудааст, мушоҳида кардан мумкин аст.
Рухдоди чунин вазъу ҳолатҳо низ ҳама аз нодонист, аз нафаҳмидани моҳияти масъала, аз дарк накардани асли он аст. Аз он аст, ки мардум моҳияти мафҳумҳоеро чун «вирус», «бактерия», «сироятёбӣ», «гигиена», «беҳдошт», «пешгирӣ», «тозагӣ», «иммунитет», «безараргардонӣ», «қарантина», «гандзудоӣ...»-ро намефаҳманд. Агар мефаҳмиданд, ниқоби як бор истифодашавандаро то сиёҳ шуданаш ба рӯяшон як ҳафта намебастанд. Ё ба рӯй ниқоб кашидаю дасти дигаронро фишурда, бо ин даст чашму биниашонро намехориданд.
Дар ҳамин маврид чунин гурӯҳҳоро аз пайомаду хатарҳои ногувор, ҳатто даҳшатангези беморӣ куллан ва батамом бояд огаҳ сохту набояд аз ин усул кор гирифт, ки ба «тарсу ваҳму таҳлука наафтед»-гӯён онҳоро дар ҳолати ҷаҳолаташон вогузошт. Аз ин рӯ, ҳақиқат, моҳияту асли масъаларо баён кардан ва тарсу воҳимаро дар вуҷуди мардум бедор кардан – ин ду нуктаро дар мавриду ҷои худаш мебояд ба кор бурд. Вақте шахсе, фаразан, мубталои беморӣ шуд, ӯро бояд бовар кунонд, ки беморӣ муолиҷашаванда аст, дар ҳолати табобати дуруст ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, иҷрои тавсияҳои бечуни пизишкон мариз базудӣ шифо хоҳад ёфт. Аммо вақте иддае таваккал ба Худо гуфта, ҳам ҷони худу ҳам дигаронро дар хатар мегузоранд, барои онҳоро ба эҳтиёткорӣ ва риояи талаботи муқарраршуда водор кардан, агар нафаҳманд, то ки насиҳат ба онҳо корагар бишавад, ҳатто воҳима кардану воқеиятро беш аз будаш нишон додан муфидтар аст (дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез) нисбат ба он, ки бигӯем, «Ҳеҷ гапе нест, ба тарсу таҳлука дода нашавед».
Ҳамин нодонии мардум аст, ки ҳолатҳои аксро низро мушоҳида мекунем: дар ҷойе, ки ба ҷуз шахси худашон касе нест, ниқоб мебанданд. Барои мисол, ҳар субҳ аз назди Боғи устод Айнӣ мегузараму занеро машғули рӯбучини пайроҳаҳои он мебинам; ба ғайр аз худаш касе дар боғ нест, ба қавле, пашша пар намезанад, аммо ӯ дар рӯй ниқоб дорад. Ва ё яке аз ҳамсояҳоямро дидам, ки «карантин будааст»-гӯён дар хонаю ҳавлии худ бо ниқоб мегашт. Ё мактаб таътилу карантин гуфта, бо кӯдаконашон бо ниқобу бе ниқоб дар ҷойҳои серодам ба сайру гашт мебароянд.
Чанд тавсияи муҳим (гарчи такрорист)
1. Ба гуфтаи пизишкон, мутахассисон, хирадмандон гӯш фаро бидиҳем ва ҳама вақт аз эҳтиёт ва чораҳои пешгирикунанда кор бигирем;
2. Ниқобҳои босифату ғафсро ба кор бубарем ё агар ниқоб тунук бошад, дутоашро болоиҳам бубандем ва қоидаҳои истифодаашро риоя кунем;
3. Бо бастани ниқоб ҳатман дар роҳ аз ҳамдигар 2 метр фосила бигирем;
4. То кунун ки доруи мушаххаси зидди куруно мавҷуд нест, аз рӯи одати тоҷиконаамон ва тарсу воҳима ҳар гуна доруро харида, ба худтабобаткунӣ машғул нашавем ва бо ин амаламон нархи доруҳои бе ин ҳам гаронро баландтар накунем. Ҳоло дар дорухонаҳои Душанбе витамини «С» (аскорбиновая кислота) камчин аст, бахусус, кулӯлаи он (в драже), тамоман ёфт намешавад. Ба ҷои он аз чукрию торону рову рошаку сирпиёзу гашничу пиёзу ҷаъфарию шибиту дигар кабутиҳо, ки манбаи ин витаминанду дар ин мавсим арзону фаровонанд, истеъмол кунем;
5. Аз даъват ба ифтору меҳмонӣ дар хонаи худ ва рафтан ба хонаи дигарон бипарҳезем;
6. Нек ва ба ҳамдигар некхоҳ, хушгумон бошему ботину зоҳирро тоза нигоҳ бидорем ва дуову тасбеҳу ниёишро даме фаромӯш накунем.
Абдулбосит ФАЗЛИДДИНЗОДА

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: