Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мактаб волотар аз масҷид аст

Мактаб волотар аз масҷид аст

23-03-2020, 11:40
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
Мактаб волотар аз масҷид аст
Авҷи бемории коронавирус дар Чин ва паҳншавии он дар беш аз 70 давлати дунё боис гардидааст, ки дар ҳудуди аксар давлатҳои ҷаҳон бо мақсади табобат ва пешгирии ин вируси маргбор чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шавад. Манъ ва ё маҳдуд намудани фаъолияти баъзе муассисаҳои фарҳангию таълимӣ, чорабиниҳои ҷамъиятию давлатӣ, варзишӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.
Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки ҳоло мубтало ба ин вирус нашудааст. Бо вуҷуди он, барои пешгирии ин беморӣ бо дастури Ҳукумат баъзе ҷамъомадҳои идона ва фаъолияти масҷидҳо ба таври муваққатӣ манъ шудааст. Инчунин, бо мақсади пешгирӣ, тавассути ВАО барномаҳои судманд, бо иштироки мутахассисони соҳаи тиб ва роликҳои таблиғотӣ роҳандозӣ шудааст, ки албатта ба манфиати кор мебошад. Давлат ҳамчун ҳомии манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони худ дар доираи салоҳияти хеш, бо мақсади бехатарии ҳаёти шаҳрвандон, албатта, метавонад дар ҳама ҳолатҳои хатарзо чораҷўиҳо намояд. Дуруст аст, ки “Пешгирии беморӣ осонтар аст аз табобати он”. Аммо дар ҳама давру замон каҷфаҳмону нотавонбинон ҳастанд, ки ба қавли мардум “аз мўрча фил месозанд” ва ин афкори носолим хешро мехоҳанд байни мардум паҳн кунанд. Мисле, ки бо иғвои кадом як соҳибкори манфиатпараст ҳафтае пеш чунон мамлакатро воҳимае зер кард, ки гўё аз сабаби бемории коронавирус роҳҳо баста мешаваду гуруснагӣ Тоҷикистонро таҳдид мекунад. Аз ин сабаб анбўҳи мардум ба бозорҳо рехта аз ҳамдигар бештар орд мехариданд. Соҳибкорони “боимон”-и мо низ аз рўи мақоли “гўр сўзаду дег ҷўшад”, амал карда, нархро ба осмон бардоштанд. Бо вуҷуди он мардум анборҳои баъзе бозорҳоро рўфтанд. Агар ҳамин таъкидҳои масъулини давлатӣ тариқи ВАО доир ба дурўғу бепоя будани ин овозаҳо намешуд, намедонам оқибати ин кор ба чӣ меанҷомид.
Аслан, сабаби ба ин мавзўъ рў овардани камина низ аз як баҳси кўтоҳ доир ба муваққатан баста шудани масҷидҳо, бо чанде чунин нафарони каҷфаҳм мебошад.
Чанде пеш вориди сартарошхонае шудам. Ҳангоми кор бо сартарош боз суҳбат доир ба коронавирус печид. Агарчанде доир ба ин мавзўъ суҳбат кардан ба дилам зада буд. Чунки дар ҳама ҷо ба қавле “кўчаю паскўча” ин шабу рўз ҳама дар бораи коронавирус суҳбат мекунанд. Сартарош аз ман суол кард, ки чаро масҷидҳоро бастанду мактабҳоро не? Аз тарзи баёни мавзўъ ва оҳанги саволаш пайхас кардам, ки ба ин иқдом дар ботин эътироз дорад. Дар посух ба суол гуфтам, ки мактаб (агар дар ҳақиқат рисолати мактабии худро иҷро кунад) дар қиёс ба масҷид барои ҷомеа ва давлат муҳимтар аст, он сарчашмаи илму дониш мебошад ва гузашта аз ин дар ҳолати зарурӣ давлат метавонад ҳамаи муассисаҳои таълимиро низ карантин эълон кунад. Аммо айни замон, чандон хатари беморӣ, ки таҳдид намекунад шояд барои ҳамин карантин эълон нашудааст. Намозро дар хона ҳам хондан дуруст аст, аммо барномаи таълимии фанҳои мактабиро намешавад дар хона таълим дод. Зеро ҳамаи волидайн энсиклопедист нестанд, ки физикаю химия, алгебраю геометрия, забону адабиёт, таъриху ҳуқуқ ва ғайраро донанду дар хона ба фарзандонашон тибқи барномаи таълимӣ дарс диҳанд.
Оё масҷид сарчашмаи илму дониш нест? Суол дод сартарош. Не! Масҷид макони ибодат ва риёзат аст. Он чизеро, ки дар мактаб дармеёбед, аз масҷид пайдо карда наметавонед ва он чизеро, ки дар масҷид меёбед имкон дорад, ки онро дар мактаб ҳам ёбед, - ҷавоб додам ман. Аз чунин тарзи ҷавоб изҳори норозигӣ кард ва ба ҳамин минвол баҳси мо аланга гирифту нафари дигаре аз сартарошҳо, ки аз тарзи суханрониаш нафари дур аз илму донишро мемонд, ба баҳс ҳамроҳ шуд. Ҳамин тавр, байни мо каме радду бадалҳо идома ёфт.
Бо чунин мазмун андешаҳоро метавон дар суханронии бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар суҳбатҳои алоҳида ва сомонаҳои иҷтимоӣ вохўрд. Ба гумони ин нафарон қатъи фаъолияти муваққатии масҷидҳо як амали сохта буда, ин беморӣ танҳо баҳона мебошад. Ба ғайр аз ин, аз чунин тарзи масъалагузорию баҳсҳо эҳсос мешавад, ки ҳанўз ҳам дараҷаи ҷойгоҳи илму таълим ва ибодат дар шариати дини ислом барои бисёриҳо равшан нест. Аз ин лиҳоз, шарҳи мақоми таълимгоҳ, илму дониш ва ибодатгоҳ аз назари дини мубини ислом бори дигар дар чунин айём амри зарурист.
Дар шариати дини ислом мақому манзалати мактаб ҳамчун сарчашмаи илму дониш, зиндагии саодатбори инсонҳо аз ибодатгоҳ болотар меистад. Зеро гуфтан мумкин аст, ки инсонҳо аз таълимгоҳ соҳиби илму дониш шуда, рўшноии зиндагии ояндаи хешро поярезӣ мекунанд. Таълимгоҳ ба ғайр аз он, ки шахсро соҳиби ихтисосу касб мекунад, инчунин, ба инсон ахлоқу динро низ таълим медиҳад. Яке аз ҳадафҳои асосии динҳои ҷаҳонӣ бахусус дини ислом низ ин аст, ки одамон шоистаю покиза зиндагӣ кунанду ба ҳамдигар манбаи хатар набошанд. Агар чунин тарзи зинадгиро шахс дарёбад, пас қиёматаш низ обод мешавад. Таҳсил кардан дар мактабу донишгоҳҳо (агар аз сидқ бошад), дасти муҳтоҷеро гирифтан, қадам задан ба самти кори шоистаю нек, нигоҳи нек доштану гумони сабз пошидан миёни ҷомеа беҳтарин ибодат дар қатори намозу рўза мебошад. Шахсе, ки содиқан мактабдида аст, дунболи чунин амалҳост, ки башар аз он самар мебинад. Бо дарназардошти ин мактабро сарчашмаи хушбахтию саодат ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё барои инсоният низ номидан мумкин аст. Маҳдуд намудани фаъолияти масҷидҳо дар қатори дигар ҷамъомадҳою чорабиниҳо ҳам як омили танҳо пешгирӣ аз ин беморӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошаду халос. Он ягон ғарази дигарро, ки баъзеҳо меандешанду миёни мардум талқин мекунанд, надорад. Худованд дин ва шариати онро иҷбор нафармудааст. Тавре дар ояти 256-уми сураи “Бақара”-и Қуръони маҷид оварда шудааст: «Барои дин ҷабр кардан (раво) нест». Аз ин лиҳоз, дар ҳолати зарурӣ мешавад, ки ибодатҳоро танҳо дар хонаҳои худ гузорид. Аз Ибни Аббос нақлест, ки мегўяд: «Паёмбар (с) нигоҳе ба хонаи Каъба карду фармуд: Офарин бар ту, чи хонаи бо азамату эҳтироме ҳастӣ! Аммо эҳтироми муъмин (инсони вораста аз ғаразҳо Д. М.) дар пешгоҳи муқаддаси Худо аз ту бештар аст. Худованд нисбат ба ту як эҳтиром нозил карда, аммо нисбат ба муъмин се эҳтиром воҷиб карда: ҷонаш муҳтарам, молаш муҳтарам, гумони бад дар бораи ў мамнўъ аст». Ин ҳадис бори дигар дарак аз он медиҳад, ки мартабаи инсон аз ҳама волотар аст.
Мафҳумҳои таълимгоҳ, илму дониш, омўзгор дар таълимоти ислом мақоми шоистаеро касб намуда, чун як навъи ибодат волотар аз дигар ибодатҳост. Ҳамин аст, ки Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Ислом на савт асту салот аст,
Илм асту низом асту ҳаёт аст.Мактаб волотар аз масҷид аст
Агар мактаб нест, дину диёнат ва ахлоқ ҳам нест. Мо инсонҳо ба қадри чизе намерасем, ҳатто муқаддасоти динро зери по мекунем. Масалан, чаро аксари нафароне, ки ба қувваҳои ифротию тафритӣ ва ё ба ҷиноятҳои гуногун даст мезананд мардуми дур аз донишу маърифатанд?
Дар ислом омўзиши ҳамаи илмҳое, ки нофеъю манфиатовар барои инсон ҳастанд, фарз гардонида шудааст. Ҳадисҳои зиёде аз паёмбари ислом Муҳаммад (с) боқӣ мондаанд, ки дарак аз баландии мартабаи илм медиҳанд: «Аз гаҳвора то гўр (яъне то поёни умр) дониш биомўзед», «Талаби илм барои ҳар як марду зани мусулмон фарз аст», «Беҳтарин садақа барои мусалмон касби илм ва омўзонидани он ба нафари дигар аст», «Илмро талаб намоед, агарчӣ дар Чин бошад, зеро талаби илм барои тамоми мусулмонон фарз аст». Ба ҳамин монанд далелҳои зиёдеро дар сарчашмаҳои исломӣ пайдо намудан мумкин аст. Аз ин дидгоҳ, мактаб ҳамчун макони таълими бонизому манфиатбахш фаъолияташ аз масҷид заруртар аст. Дар масҷид гузоштани намози ҷамоатӣ дар шариати ислом чун суннати муаккада эътироф шудааст. Гузоштани намоз агар фарз бошад, он фарзро метавон дар хона низ гузошт. Агар талаби илм фарз бошад пас иҷрои фарз заруртар аз суннат аст.
Барои ҳамин набояд аз чунин иқдомҳои муваққатӣ ҳангома сохта, мардумро гумроҳ намуд. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дину мазҳаб сиёсати дуруст ва орӣ аз ғаразҳо мебошад. Маҳз ҳамин сиёсат буд, ки мо ба туфайли пиёда намудани як қатор иқдомҳо ба дину мазҳаби хеш бештар ошноӣ пайдо намудем. Аз хуруҷи ҳар гуна мазҳабу ҷараёнҳои зиддиахлоқию зиддиисломӣ раҳо ёфтем. Ин сиёсат дар Тоҷикистон ҳомии арзишҳои волои исломӣ мебошад. Тавре худи Сарвари давлат дар табрикоти хеш соли 2017 бахшида ба иди Қурбон иброз доштанд: «Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад. Зеро он ҳамеша некиву накукорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зўроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад».
Имрўз моро мебояд новобаста аз синну солу касбу кор атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, барои ободии Ватани азизамон талош намоем, то рисолати фарзандию инсонии хешро дар назди Худованду Ватани азиз анҷом диҳем.

Давлатшоҳ Маҳмудов,
омўзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: