Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муфтии собиқ дар бораи бастани масҷидҳои Тоҷикистон

Муфтии собиқ дар бораи бастани масҷидҳои Тоҷикистон

5-03-2020, 16:02
Хабарро хонданд: 78 нафар
Назарҳо: 0
   Муфтии собиқ дар бораи бастани масҷидҳои Тоҷикистон
Гусман Исҳоқов, имоми масҷиди «Бишболта»-и шаҳри Қазон ва муфтии собиқи Тотористон гуфт, ки тоҷикон аз манъи муваққати баста шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон набояд дар ташвиш бошанд.
Ин намояндаи ҷомеаи мусалмонони Тотористони Русия, ин андешаро ба сайтҳои хабарии фаъол дар қаламрави Федератсияи Русия пас аз он изҳор доштааст, ки бо оѓоз аз чоршанбе, 4 март имомхатибони масҷидҳои шаҳри душанбе ва баъдан шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ба намозгузорон тавсия доданд, ки аз омадан ба масҷид барои адои намоз худдорӣ кунанд, то аз ҷамъомадҳои оммавӣ ба хотири пешгирӣ аз пайдоиш ва хурӯҷи коронавирус худдорӣ шавад.
Исҳоков қайд кард, ки ҳоло на ҷанг ва на гуруснагӣ, балки танҳо таҳдиди вирус аст, бинобар ин ҷомеаи инсонӣ ва аз ҷумла мусалмонон онро ба оромӣ бояд гузаранд.
«Ҳамчун мусалмон ва як муфтии пешин ман ҳам, агар маҳдудиятҳое дар ин маврид дар кишварамон ба кор гирифта шавад, аз рафтан ба масҷид худдорӣ мекунам. Худои Қодир ҳеҷ гоҳ ба одамон он чизеро, ки карда наметавонанд, намефиристад. Мо бояд нисбати худамон ғамхорӣ кунем. Тибқи шариат, шумо набояд ба он ҷойе, ки беморие ҳаст биравед, инчунин агар онҷо бошед, набояд аз он ҷо берун шавед. Барои ҳар мусалмон хона ҳам макони ибодат аст ва Шумо метавонед дар хонаҳоятон ибодат кунед», - гуфтааст ӯ.
Дар Муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки 4 март нашр шуд, омадааст: «Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории номбурда аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд».
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар баробари ишора ба шиддати вазъият дар саросари ҷаҳон ва гирифтории беш аз 92 ҳазор нафар ба коронавирус далелҳоеро ҳам аз ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) дар мавриди муносибат бо маризиҳои сироятӣ ва роҳҳои ҷилавгирии онҳо овардааст. Ин ниҳод мегӯяд, инсоният дар тӯли таърихи зиндагӣ чунин фоҷеаҳову офатҳоро борҳо аз сар гузарондааст ва шариати Ислом дар чунин ҳолатҳо ба мардум тавсияҳои мушаххас додааст.
Аз ҷумла, «аз Расули Акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: “Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун (вабо) пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин вабо дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас аз он ҷо берун наравед»” (ба ривояти Бухорӣ)», - омадааст дар муроҷиатномаи Шӯрои уламо.

Аз ин хотир, Раёсати Шӯрои уламо ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар баробари чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Ва инро далел меорад, ки дар баробари таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дардонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

«Ин тавсияҳо дар фармудаҳои Расули Худо (с) борҳо таъкид шудааст, чунончи дар ҳадис омадааст, ки аз суннатҳои завоид (яъне иловагӣ) «таҳорат пеш аз таом ва баъд аз таом аст». Яъне таҳорати пеш аз таом ва баъд аз он иборат аз се бор шустани дастҳо, ғарғара кардани даҳон ва афшондани бинӣ мебошад, бо дарназардошти мавқеъ ва шароит, то ки малоли дигарон нашавад», - омадааст дар муроҷиатномаи Шӯрои уламо.
С. Юсуфов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: