Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эҳтиёт кунем, наҷот меёбем

Эҳтиёт кунем, наҷот меёбем

10-04-2020, 10:17
Хабарро хонданд: 414 нафар
Назарҳо: 0
Эҳтиёт кунем, наҷот меёбем
Ҷаҳон аз паҳншавии бештари коронавирус дар таҳлука афтодааст. Ин беморӣ набзу низоми муқаррариро барҳам зада, кишварҳо ва одамонро ба ҳолати ногуворе рӯбарӯ кардааст.
Мавзӯи суҳбати мо бо Авазҷон Маъмурович Ҳакимов –духтури ҷарроҳ аз Маркази ёрии таъҷилии тиббии Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мавриди ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироят ва тадбирҳои лозим ҷиҳати коҳиши хатарҳои он мебошад.
- Дар оғоз бигӯед, ки ин чӣ гуна беморист ва кадом омилҳо буданд, ки он якбора тамоми ҷаҳонро фаро гирифт?
- Коронваирус ё тавре дар забони расмии тиббӣ қабул шудааст - COVID-19, бемории сироятӣ буда, нахустин ҳолатҳои пайдоиши он ки нишонааш илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш аст,дар Вуҳани Чин декабри соли 2019 ошкор шуд, вале ин кишвар бо гузашти як моҳ, яъне 20 январи имсол дар бораи эпидемияи ин вируси нав ба ташкилотҳои тандурустии байналмилалӣ хабар дод. То имрӯз баъзе аз нишонаҳои онро ба бемориҳои шадиди вирусии респираторӣ (ОРВИ) монанд медонанд,ки онҳо низ аз роҳи нафас ворид шуда, одамро мубталои дарду ранҷ мекунанд. Беморӣ се намуди паҳншавӣ дорад, - ҳавоӣ, қатрагӣ ва алоқаи наздик бо шахси сироятёфта. Яъне он дар ҳолати сулфидан, бо даст салом кардан, атса задан ба воситаи оби даҳон ба касидигар мегузарад. Бесабаб нест, ки ҳоло яке аз роҳҳои муассир ва бехатарии ҷомеа, дур нигоҳ доштани гирифторони вирус аз омма дониста мешавад. Бемориҳои аз роҳи нафас воридшаванда зиёданд, ки маъмултарини онҳозуком, синксити нафас, риновирус, коронавирус, аденовирус мебошанд, ки пас аз сироят илтиҳоби катарралии роҳҳои нафасро ба вуҷуд меоранд. Аз ҷумлаи ОРВИ-ҳо мардуми одӣ бештар сармохӯрдагӣ, зуком ва бронхиолитро медонанд. Сармохӯрдагӣ пас аз сирояти шадиди вирусии роҳи нафас, ки асосан ба қисмҳои бинӣ таъсир расонида, худро маълум мекунад,ки дар мавсими сармо гирифторӣ ба он бароибисёриҳо як ҳолати муқаррарист.
Аз зарфу ашёи бемор истифода бурдан, дастаи дар ва ба чизҳое, ки бемор истифода бурдааст, расидан ҳам сабаби сироят ба коронавирус мешавад. Ба ин дастҳоро нашустан, иштирок дар ҷамъомадҳо бо ҳузури одамони зиёд ва махсусан, дар толорҳои хурд, сафар ба ҷойи дигар, ҳаракат дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ метавонад, боиси сироят шудан гардад. Мо дар як рӯз чанд бор даст ба рӯй ба чашмони худ мезанем, агар дастҳоямон ношуста ва олудаи ангезандаҳои ин беморӣ бошанд, ин вирус чашму рӯйро,ки аз узвҳои осебпазир мебошанд, сироят мекунад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо дарназардошти суръати паҳншавӣ, бемории коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар ҷаҳон, ҳамзамон, бо он аст, ки дар худи Чин ва Вуҳан- шаҳри пайдоиши ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба поён расида, ба гуфтаи мақомоти чинӣ, беш аз 95 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Акнун Чин мутахассисонашро барои ёрӣ ба Эрону Ироқ ва Италия фиристода истодааст.
Бино ба шарҳи мутахассисон, доманаи пандемия аз эпидемия, ки марбут ба як минтақа ва ё кишвар аст, хеле васеъ буда, он замоне эълон мешавад, ки беморӣ дарҷаҳон зуд паҳн шуда ва аксарияти аҳолӣ дар сайёра дигар аз хатари он эмин нестанд. Коронавирус ҳам акнун ба як мушкили глобалӣ табдил ёфтааст.
- Пас аз хуруҷи ин беморӣ созмонҳои ҷаҳонӣ, мутахассисони соҳа ва муассисаҳои тиббӣ ба таври фаврӣ дар мавриди роҳу воситаҳои пешгирии он тавсияҳо мекунанд. Яке аз ин воситаҳо пӯшонидани даҳону бинӣ бо даҳонбанд ё «маска» дониста мешавад. Сабаб ин буд, ки ин чизи одӣ, ки то ин дам пӯшиданаш танҳо дар беморхонаҳо барои кормандони тиб ва беморон маъмул буд, якбора аз жуконҳои доруфурӯшиҳо гум шуд, пас аз он ки дубора ба фурӯшбароварданд, бо нархи гарон мефурӯшанд. Оё бо пӯшонидани танҳо даҳон аз сироят ба ин беморӣ пешгирӣ мешавад?
- Ташвиши мардумро фаҳмидан мумкин аст. Зеро то ин дам тавсия ва иттилои камтаре дар мавриди роҳҳои пешгирӣ баён гардидааст. Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дарҳол, пас аз пеш омадани ҳараҷу мараҷ барои дастрасӣ ба баъзе азвоситаҳои пешгирӣ ва махсусан, маскаҳо доштану пӯшидани онро чандон муҳим надониста буд. Чанд рӯз пеш ҳам намояндаи ин созмонбори дигар ба таври расмӣ дар мавриди нозарур будани паҳнкунии ниқобҳои худсохт ва ниқобҳои аз ҷониби тарроҳон омодашуда изҳори назар карда, шарҳ дод, ки «Барои одамони солим пӯшидани ниқоб муҳим нест ва онро фақат шахсоне, ки беморанд ё нишонаҳои ин ё он беморӣ дар он онҳо вуҷуд дорад, барои муҳофизат кардани дигарон бояд бо ниқоб даҳони худро банданд. Инчунин, одамоне, ки дар хонаҳояшон беморонро нигоҳубин мекунанд, бояд ниқоб пӯшанд, зеро онҳо метавонанд сироят ёбанд».
Бо такя ба суханони ин намояндаи СУТ метавон таъкид кард, ки ниқоб кафолати муҳофизат аз вирус буда наметавонад. Дар ҳоле ки он бояд дар якҷоягӣ бо дигар чораҳо истифода шавад. Мушкил дар он аст, ки ниқоб пӯшида, одамон бардурӯғ эҳсоси бехатарӣмекунанд ва нисбати риояи дигар тадбирҳои лозим бепарво шуда, пеши хатари асосӣ дар ғафлат мемонанд. Ҳол он ки,дигар чизҳоро ҳам бояд фаромӯш накунанд, ба монанди тез-тез шустани дастон, ҳангоми суҳбат бо якдигар ва ҳатто бо шахсони солим дур истодан, худдорӣ аз иштирок дар ҷамъомаду маъракаҳо ва монанди ин. Бо маска даҳонро бастан барои одамоне, ки тартиби пӯшиданашро намедонанд, ташвишҳои зиёд дорад. Азин рӯ, чандбор даркору нодаркор ба рӯи худ даст мерасонанд, ки ин ҳам ноаён як омили дигари сироят шудан аст. Аз сӯи дигар дар обуҳавои гарм ва пурчангу боғубор ба сабаби соатҳоиваз накардани даҳонбанд, мумкин аст он ба як манбаи ҷамъшудани вирусҳо гардад. Бинобар ин, ба назари ман, истифодаи васеи даҳонбанд он натиҷаеро намедиҳад,ки интизораш ҳастем.
Аз сӯи дигар,духтурон ва мутахассисони соҳаи тиб ҳамон гуна, ки дар тамоми ҷаҳон таҷриба мешавад, бояд ба миқдори кофӣбо тамоми таҷҳизоти зарурии муҳофизатӣтаъмин ва аз онҳо истифода кунанд. Ин шароитро танҳо бо маҳдуд намудани хариди зиёди ин мавод аз ҷониби шаҳрвандони одӣфароҳам овардан мумкин аст.
- Дар маркази ёрии таъҷилии тиббие, ки шумо машғули кор ҳастед, кадом иқдомоти пешгирона амалӣ шудааст?
- Ҳоло Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол», ки коргоҳи мо як ниҳоди тобеи он аст, бо таҷҳизоти техникӣ, дигар воситаҳои тиббии зарурӣ барои қабул ва хидматрасонӣ ба беморон, аз ҷумла, бо либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, айнакҳои муҳофизатӣ, пойафзолҳои зидди сироятӣ, бахил ва дастпӯшҳо ба қадри кофӣ таъмин шуда, ба миқдори лозим маводи антисептикию безараргардонӣ, дорувории заруриро дастрас ва захира намудааст. Наздик ба 500 ҷой барои қабули шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда ва дар сурати гирифторӣ ба ин беморӣҷиҳати табобати онҳо омода кардааст. Як бригадаи махсуси табибон ҳам барои кор дар шароити карантин таъсис гардидааст.
Чораҳои фаврӣ барои саривақт муоина ва тест кардани бемороне, ки бо табъи баланд оварда мешаванд, ба нақша гирифта шуда, мавриди иҷро қарор мегиранд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, бо вуҷуди ин, кишвари мо дар роҳи пешгирӣ аз ин вирус эҳсоси танҳоӣ намекунад. Чуноне медонед, Федератсияи Русия ба мо ёрии башардӯстона расонид, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам, ки нав аз ин офат худро раҳонидааст, барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба Тоҷикистон 1000 сар либоси муҳофизатии тиббӣ, 500ҳароратсанҷ, 1000 айнак, пойафзол, дастпӯши тиббӣ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда аз ин вирус кумак кард. Ин кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон,инчунин,маҷмӯи реагентҳо барои муайян кардани кислотаҳои нуклеинии коронавируси COVID-19, ки ба мутахассисон имкон медиҳад то 2000 таҳқиқот гузаронанд, фиристод.
- Мавзӯи дигар дар гуфтори мардум ин аст, ки гӯё беморӣ фақат ба шахсони аз 50 ё 60 –сола боло бештар сироят мекарда бошад. Ин андеша то кадом ҳад дуруст аст?
- Аз хатари сироят ба ин беморӣ касе дар амон буда наметавонад,агар эҳтиёт накунад. Вирус ба ҳама як хел таҳдид мекунад, фақат ба калонсолоне,ки ба бемориҳои дилва роҳи нафас гирифтор бошанд, зудтар таъсир мерасонад. Азин сабаб, калонсолонро ба гурӯҳи «риск» дохил кардаанд, аммо ҳар касе «ман ҷавонам», гуфта, қоидаҳои бехатариро риоят накунад,ба худаш зиён меоварад. Ба худи ӯ таъсир накунадҳам, эҳтимоли сироят ба пайвандону наздиконашро, ки ҳар лаҳза дар робита аст, зиёд мекунад. Роҳи хуб ва дилпури бехатарӣ барои ҳама, ин камтар алоқа доштан бо дигарон ва ҳатман хӯрокҳои солиму серғизо хӯрдан аст. Ҳоло вақти муносиб барои партофтани одатҳои бад, аз ҷумла нӯшидани шароб ва кашидани сигор аст. Зеро ин чизҳо пеш аз ҳама, бо бемориҳои роҳи нафас ва шуш рабт мегиранд. Инро ҳатман дар назар доштан лозим аст.
- Бо зиёд шунидани хабару гузоришҳои дар ВАО ва шабакаи интернет нашршуда, мардум бовар мекардагӣ шуданд, ки хӯрдани сирпиёз, имбир ё занҷабил, лимӯ, чой ва испанд ҳам барои пешгиии коронавирус ҳатмист…
- Он ҳама чизҳоеро, ки ном бурдед, бешубҳа бо витаминҳое, ки доранд, барои боқувват шудани иммунитети одам фоида мекунад, аммо ба назари ман, беҳтарин воситаи пешгирӣ ва гирифтор нашудан, риояи тарзи ҳаёти солим аст. Дар хонаю дар ҷои кор тозагиро нигоҳ доштан, машқи ҷисмонӣ кардан, дар фикри боқувват нигоҳдоштани ҷисму бадан будан, кам- кам дар ҳавои кушод сайру гардиш намудан, аз беҳтарин воситаҳои пешгирӣ ва табобат аст. Аммо фоида мекунад, гуфта, дар як рӯзчанд бор сиру лимӯ хӯрданё испанд дуд кардан,ба ҷои фоида зиён оварданаш ҳам мумкин аст. Таблетка ҳам фоида дорад,аммо духтурон онро ба меъёр таъйин мекунанд. Хӯрдани ҳар гуна мева ё он анвои табиие, ки шумо ёдовар шудед, низ бояд ба меъёр бошад, зеро ҳар яке аз онҳо дар баробари суд зиёновар ҳам мебошад, ин як чизи аз ҷиҳати илмӣ исботшуда аст. Ҳар чизеро, ки бисёр мехӯрем, чӣ тавре мардум мегӯянд,дар бадан ош намешавад, яъне фоида намекунад, пур нахӯрдану, пур нагуфтану пур нахуфтан, ин на танҳо аз тавсияҳои тибби имрӯза аст, балки аз насиҳатҳоест, ки аз гузаштагонамон ба мерос мондааст.
Бинобар ин, вақте ба бозор ё фурӯшгоҳмедароем, на дар фикри кило - кило харидани сир ё лимӯ бошем, ки дар ниҳоят боиси камчинии маҳсулот дар бозор ва гарон шудани нарх мешавад, балки фикри аз рӯи меъёр ва бо тартиби муйаян истифода бурданашро кунем. Як дона сир ё ду дона лимӯ, як имбир кифоя аст,ки кам – кам чанд рӯз истифода кунем, Агар бисёр харем, хоҳ нохоҳ ҳамаашро ба кор намебарем ва вайрон карда, мепартоем. Чизеро исроф мекунем, ки имрӯз ба дигарон ҳам лозим аст.
Иммунитетро бо як ё ду чиз ва якборабоқувват карда намешавад. Агар шумо ҳоло ҳамаи витаминҳои ҷаҳонро бинӯшед ва ё онро бо лимӯ, сирпиёз ва занҷабил ҳамроҳ карда хӯред ҳам, суд намебинед, баръакс, шумо заминаи мушкилоту дардҳои дигарро барои саломатии худ ба вуҷуд меоред. Гузашта аз ин, дар ҳолати истифодаи бисёри як чизи фоиданок ҳам, меъдаюузвҳои ҳозимаи одам ба он мутобиқ шуда, одат мекунад ва он ҳама хосиятҳои фоиданоки худро гум мекунад. Имрӯзтанҳо эҳтиёт, риояи гигиена ва фосила дар вақти суҳбат шуморо аз коронавирус ҳифз менамояд. Дигар ҳар чизе, ки гуфтаву таблиғ мешавад, агар каме дағал карда гӯем, гапи кӯча ва рекламаи бозорӣ асту бас.
- Имрӯздар ҷаҳон собит шудааст, ки ба сабаби ин беморӣ ташвишу сахтии зиёдтаре дар ҷаҳон ба сари духтурон афтодааст, ранҷи бештареро барои пешгириву табобати мубталоён онҳо мекашанд, осебпазиртарин шахсон ҳам дар ҷамъият онҳоянд ва бесабаб нест,кибо вуҷуди эҳтиёт аллакай дар кишварҳои гуногун чандин нафар табибоне, ки бевосита бо гирифторони вирус сарикор доштанд, худ мубталои ин беморӣ шуда, чанде ҳам фавтиданд. Дар як кишвари Чин расман эълон шуд, ки шумори зиёде аз духтурони мубталошуда фавтидаанд ва давлати Чин 14 нафари онҳоро пас аз марг бо олитарин унвон қадр намуд. Бо вуҷуди ин, баъзехурофотиҳо дар маҳфилҳои хурд ва дар суҳбатҳо баТоҷикистон роҳ наёфтани ин вирусро дигаргуна тафсир мекунанд. Ба гӯши худ шунидам, ки яке мегуфт, «Мо ҳоло ҳам олимҳои поки исломӣ дорем ва бо шафоати дуою пеши Худо муноҷот кардани онҳост, ки кишвари мо дар амон аст».
- Андеша ва хулосаи ҳар кас ба қадри фаҳми ӯст. Мисли бисёриҳо ман ҳам дар як рӯз чанд бор ба ахбори нав шинос мешавам. Навигариҳои вобаста ба ин бемориро бо таваҷҷуҳгӯш мекунам. Дар ҳамон Италияе, ки имрӯз дар як ҳолати вазнин қарор дорад ва болотарин сатҳи марги гирифторону фавтидагон онҷост, деҳаеро пайдо карданд, ки аз ин беморӣ касе осеб надидааст. Ё президенти Федератсияи Россия ахиран, дар яке аз суханрониҳояш чанд минтақаеро бо хурсандӣ ном бурд,кибо вуҷуди рӯ ба паҳншавӣ будани коронавирус дар кишвараш, ягон ҳолати гирифторӣ ба он сабт нагардидааст. ӯ аз ҷумла аз Ҷумҳурии Олтой ёдовар шуд, ки беш аз 220 ҳазор нафар аҳолӣ, то ба ҳол ягон нафар мубтало нашудааст. Чизи дигар, Муғулистон бобеш аз 3 миллион аҳолӣ (бар асоси омори саҳари 6 апрел нашршуда)14 сироятшуда, Либия (бозиёда аз 6,3 миллион нафар ҷамъият 18 сироятшуда ва1 фавтида доранд.
Акнун тасаввур кунед, ки Чин бо қариб 1, 4 миллиард аҳолӣ, ки акнун бо гузаштан азсахтиҳои думоҳаи карантин ва табобати 95 дарсади гирифторони ин беморӣ, агар шадидтарин иқдомоти пешгирӣ ва карантинро амалӣ намекард ва интизори шафоати дуои пешвоёни динӣ дар ибодатгоҳҳо менишаст ва ё Ҳиндустон бо 1,3 миллиард ҷамъият, ки сатҳи ками гирифторонро дорад(сироятшудаҳо: 4 288, фавтидаҳо: 117,табобатёфтаҳо: 328), кӣ мегӯяд, ба чӣ ҳолате рӯбарӯ мешуданд?

Имрӯз, агар барои қиёс гирем, ИМА бо 332 миллион аҳолӣ 337 310сироятшуда ва 9 634фавтида, Эрон аз 84 миллион ҷамъият 58 226 нафар сироят шуда ва 3 603афроди фавтида, муборизаро сахттар карда, барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус барномаҳоеро мавриди амал қарор додаанд. Аз ҷумла, дар Эрондар натиҷаи иқдомоти муассири тиббӣ 19 736 нафар табобат ёфтаанд.
Набуди ин беморӣ дар Тоҷикистон, ба назари ман, агар азяк тараф, ҷойгиршавии географӣ,обуҳавои тозаи хоси дараю кӯҳистонҳоямон бошад, аз сӯи дигар ва муҳимаш, иқдомоти саривақтии Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ба карантин гирифтани ҳамаи ашхоси воридшаванда ба қаламрави кишвар аст. Агар ёдатон бошад,дар рӯзҳои аввали пайдо шудани ин беморӣ дар Чин, ҳатто чанде азкормандони дипломатии он кишвар ҳам, ки ба Тоҷикистон баргашта буданд, ё хориҷиҳои дигар, аз ҷумла чанд гурӯҳи сайёҳонҳам пас аз ба кишвар омадан таҳти назорати тиббӣ ва карантин қарор гирифтанд.
Дар масҷидҳоямон низ як муддати кӯтоҳ хондани намоз манъ гардид.
Дар кишварҳои дигар низ бо мақсади пешгирӣ,дарҳои маконҳои муқаддаси исломӣ баста ва рафтуо маҳдуд гардид. Аз ҷумла,масҷидҳои бузург дар шаҳрҳои Маккаю Мадинаи Арабистони Саудӣ баста шуданд.
- Пас аз пайдоиши ин беморӣ баъзеҳо онро «вируси тоҷдор», «тоҷвирус» ё ба истилоҳҳои дигар дар матбуоти мо навиштанд, ин мафҳумҳо ба кадом андоза саҳеҳ аст?
- Дигарон дар фикри пайдо кардани роҳҳои пешгирӣ ва табобат ҳастанд, дар мо баъзеҳо дар фикри «тоҷикӣ» кардани ном. Дар тамоми ҷаҳон ва дар адабиёти тиббӣ ба таври расмӣ ин беморӣ ,COVID-19 ё «Сoronavirus», аз калимаи лотинии «Coronaviridae» аст. Дар Эрон ҳам он ба ин шакл истифода мешавад. Дар илми тиб аз ин пеш истилоҳоте ба монанди «ҷараёни хуни коронарӣ» («коронарный кровоток»), артерияҳои коронарӣ, ки дар забони тибби Эрон ба шакли «аруқи карунарӣ» ба кор мебаранд, ривоҷ дорад. Яъне ин мафҳум ба як қисмати дохилии ҷисми одам рабт дорад, на ба чизи дигар.
Мо агар фурсати андеша ва қобилияти ихтироъдошта бошем, дар мавриди роҳҳои одиву табобати беморӣ бояд фикр кунем. Имрӯз ин вирус илми таҳқиқотии дунёро ҳам такон додааст. Ҳар рӯзяк хабар мехонем, ки дар кадом кишвар чӣ кардаанд. Тозатарин хабар ин аст,ки олимони яке аз марказҳои пажӯҳишии Россия усули муборизаи пурсамар бар зидди бактерия, мағор ва вирусҳоро ёфтанд. Мутахассисон муайян кардаанд, ки оби бо плазмаи сард софкардашуда,ҳатто бар зидди коронавирусметавонад силоҳи марговар бошад.
Ин моеъ «Магнарил» номгузорӣ шуда, дар чунин об сафедаҳо барҳам мехӯранд ва омили пайдошавии шаклҳои гуногуни оксиген ва гидроген мегардад, ки онҳо ҳуҷайраҳои вирусро вайрон мекунанд. Ана ин як намунаи фоиданоки андешаи созанда аст.
- Дар охир, агар тавсияи дигаре барои хонандагон дошта бошед, лутфан илова намоед.
- Бояд дар хотир дошта бошем,ки коронавирус ба дастҳо ҳаммегузарад. Аз дасти олуда ба чашм, бинӣ ё даҳон сироят мекунад. Тавсия ин аст, ки зуд-зуд дастҳоро шӯем. Дуруст шустани дастон ҳам муҳим аст. Набудани маводиантисептикӣ набояд баҳона шавад. Азҳамон собуни сиёҳ, ки собуни ҷомашӯӣ ҳам мегӯем, истифода барем. Он арзон ва барои ҳама дастрас аст,аммо таъсиру фоидааш барои нобуд кардани ҳар гуна вирусу микроб аз ҳар маводи дигар, агар зиёд набошад ҳам, кам нест.
Тарсу воҳимаро як сӯ гузорем, ба кори ҳаррӯзаамон машғул бошем, фақатэҳтиётро фаромӯш накунем. Агар бо касе ҳамгап шавем ҳам, дуртар истода, суҳбат кунем. Дидед, чиниҳо ҳама бо сахт риоя кардани тавсияҳои мақомоти давлатӣ, паҳншавии ин бемориро пешгирӣ карданд. Ҳамаи аҳолӣ, ки дар иҷрои тадбирҳои пешгирона муносибати яксон доштанд, ба зудӣ пеши роҳашро гирифтанд. Ҳол он ки Чин аввалин кишвари гирифтор баин беморӣ буд ва дар роҳимубориза бо он таҷрибае надошт. Аммо чун коронавирус як ҳодисаи одӣ қабул шуд, ҳолати авҷи худро гум карду рӯ ба коҳиш овард ва мавзеашро аз даст дода, дар муддати ду моҳ хатараш аз байн рафт. Дар кишвари мо то ба ҳол ин беморӣ нест, аммо дар баробари мо, кормандони соҳаи тиб, мардуми одӣ ҳам бо таваҷҷуҳ ба амалкардҳо ва муборизаи кишварҳои дигар ба ҳар гуна вазъияти эҳтимолӣ бояд тайёр бошанд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: