Аз нек боғ22-05-2020, 08:40
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
акс аз интернет Ҳакимзода Қурбон. Ҳоло раиси вилояти Хатлон. Даҳ сол боз он касро мешиносам. Воқеан ҳам ӯ як инсони покизасиришту покизазамир аст. Аз он ки дар чандин мулоқотҳояшон будем, метавонем бигӯем, ки дар муошират ва муомила бемисланд. Дар бештари баромадҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки роҳбарони идораҳои давлатӣ, раисони шаҳру вилоятҳо ва дигар роҳбарон дар муомилаю муошират бо корафтодагон меҳрубону дилсӯз бошанд: «Мо мансабдорони давлатӣ як асолат дорем, ин ҳам бошад, ба мардум хизмат кардан, муомила ва муоширати нек доштан аст. Ман гумон мекунам, чунин фаросатро ҳамон касе ба ҷо оварда метавонад, ки аз хурдӣ, аз падару модари бузургвораш тарбия гирифта, аз китоб баҳра бардошта бошад»,- гуфта буданд Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар воқеъ, чунин маданияти баланди инсониро дар суҳбату мулоқотҳо, дар муомилаю муошират ва умуман дар тарзи роҳбарии муҳтарам Ҳакимзода Қурбон мушоҳида кардаем. Боре дар назди бинои ҳукумати ноҳия вохӯрдам, баъди салом он кас пурсиданд, ки оё дар китобхонаатон китоби «Штаби генералӣ»-и лашкаркаши рус Жуковро доред? Гуфтам, ки бале. Сонӣ, раис ба суханашон идома дода гуфтанд: «Чӣ дар овони мактабхонӣ ва чӣ дар овони донишҷӯӣ ҳамин китоби «Ёддоштҳо»-и Жуковро бештари вақт дар дасти падарам (ҷояшон ҷаннат бошад) медидам. Бидуни он ки қиблагоҳам аз дарди пойҳояшон ранҷ мекашиданд, хондани ҳамин китобро дӯст медоштанд. Чанд маротиба нияти хондани ҳамин китобро кардам. Аз чӣ бошад, ки вақт даст надоду бо ҳамин хондани китоби дӯстдоштаи падарам мавқуф монд. Барои ҳамин хоҳиш мекунам, ҳамон китобро барои ман биёред, ки хонам». Майлаш, гуфтам ва ба худ андешидам ва офарин хондам, ки раис бо ин қадар серкорӣ дар фикри хондан аст, барои хондан вақти ҷудо мекардагӣ дорад. Ин ҳам сабаб дорад. Тарбияи падару модари бузургворашонро гирифтааст, ки китоб барояш «Аниси субҳи доноӣ» шудааст. Ҳамин буд, ки дар се соли раиси ноҳияи Фархор буданаш дар байни мардум эҳтиром ва маъруфият пайдо карда буд. Ҳоло ҳама бо некӣ ёдаш мекунанду дар ҳақаш сухани нек мегӯянд. Ҳама корҳояш пешрав буданд. Теъдоди обунаи газетаи «Гулистон»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба се ҳазору ҳаштсад нусха расонида буданд. Дар Ҷамоати «Гулшан» оби полезию пахтакорӣ таъмин буд. Ногуфта намонад, ки бунёди аввалин боғҳои дарахтони мевадиҳанда дар давраи раиси ноҳияи Фархор будани он кас сабзонда шуда буданд. Тавассути кӯмаки ҳамон кас аз ҳосили хуби зардолузорҳо меваи хушк (ғулинг)- кунонӣ сар шуда буд. Дигар корҳояш ҳам хеле пешрав буданд. Сафарбаркунонии ҷавонон дар ду даъват ба сафи Қӯшунҳои артиши кишвар ҳеҷ хел душворӣ надошт. Бо адибон ва рӯзноманигорони ноҳия пайваста дар иртибот буданд. Барои чопи китобҳои шоирону нависандагони хонаи адибони ноҳия маблағ ҷудо мекарданд. Бе муҳобо мегӯям, ҳамон хонданҳо буд, ки то ба ин дараҷа иззатманди халқ гардиданд. Ба варзиш, алалхусус ба рушди бозии футбол диққати ҷиддӣ медоданд. Дар ибтидои соли 2019 барои хуб кардани фаъолияти дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор 100 ҳазор сомонӣ ва барои тими шаҳри Кӯлоб сесад ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят ҷудо карданд, ки дастгирии хуби раис барои рушди футбол буд. Воқеан «ободгароӣ беҳтарин асолати миллати мо тоҷикон аст. Пеш аз он ки дарахти пиреро канданӣ мешавед, таъкид мекарданд раис, аввал чанд ниҳоли даркориро шинонед». Дар дилхоҳ роҳҳои ҷамоатҳо мардум мегӯянд, ки ҳамин дарахтонро раис Ҳакимзода Қурбон шинонидаанд. ӯ бо мардум, чӣ тавре ки мегӯянд, «хелидагӣ буданд». Раис дар суҳбату мулоқотҳояшон ҳам таъкид мекарданд: «Барои насламон чизе ба мерос монем, хуб аст». Ҳар боре бо директори МТМУ №5 устод Амонулло Абдуллоев вомехӯрдам, пас аз салому аҳволпурсӣ, албатта, аз шароити бади дарсхонии себастаи таълимгоҳаш шиква мекард. Бо заҳмати муаллимону иддае аз падару модарони дилсӯзи деҳа чор синфхона карда бошем ҳам, аз ин вазъи бади таълими себастагӣ баромада натавонистем, изҳори зиққӣ мекарданд устод. Пеши раис Ҳакимзода Қурбон рафтаниам. Вазъи бади нарасидани синфхонаҳои шогирдонро барояшон мерасонам. Боварӣ дорам, ки раис ба додам мерасанд, гуфта буданд устод. Миёнаҳои моҳи феврал тасодуфан вохӯрдам. Хурсандии устод ҳадду канор надошт. Бо супориши раиси вилоят барои 360 ҷойи нишаст бунёди чанд синфхона дар бари мактабамон ба нақша гирифта шуд, ки баъди бунёди он мушкилоти таълим ҳал хоҳад шуд. Аллакай кори сохтмон аз тайёр кардани ҷойи синфхонаҳо шуруъ шудааст, қаноатмандона гуфтанд устод Абдуллоев. Офарин ба маорифпарвариатон, раис. Боз мегӯям, ҳамон роҳбаре норасоӣ ва камбудиҳои мардумро дарк мекунад, ки китобдӯсту китобхон аст. Бемуҳобо фарзанди асили ҳамин миллатанд. Дар арафаи ҳар як ҷашну чорабиниҳои давлатӣ тибқи супоришҳояшон ба нафақахӯрони сатҳи давлатӣ, ба аскарони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ба хонаҳои бачагон ҳатман кумак мерасонанд. Ҳатман худашон ба аёдати беморону камбизоатон мераванд, аз рафти сохтмонҳои ҷашнӣ хабар мегиранд, бо боғпарварони вилоят мулоқот ороста мекунанд. Маслиҳатҳо ва роҳҳои рушди боғпарвариро бо ҳам раду бадал мекунанд. Дар воқеъ, раис Ҳакимзода Қурбон роҳбари замони нав ҳастанд. Набзи замонаро хубтар дарк мекунанд. ӯ мегӯяд: «Роҳбар ҳақ надорад аз талаботи замон ва ҳаёт қафо монад». Кош ҳама роҳбарон Шумо барин мешуданд. Воқеан ҳам ҳамин хел аст ва «Пайк» ҳам дар пештоқи ҳафтавори худ нишонрас карда навиштааст: «Агар имрӯз мисли дирӯз аст, фардо чӣ лозим аст?». Ин таъкидест ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон. Лоиқ гуфта буданд: «Зиндагӣ аз сари мо мегузарад…» Бо кадом роҳе, ки набошад, мегузарад. Бисёр хуш аст, агар хотирмон гузарад, баъд аз сари худ нишоне барои ояндагон боқӣ монӣ ва мардум бо некӣ ба ёдат биёранд. Пас, бидон, ки умрат ройгон нагузаштааст. Ҳазрати Ҷомӣ ҳам бисёр хуб фармудаанд: Хуррам он кас, ки дар ин дафтари нек, Рақами хайр кашиду асари нек гузошт. Ҳеҷ ҷойи пӯшидан ҳам нест, ки собиқ маркази вилояти Хатлон бо ном Боғи истироҳатӣ-маданӣ дошт. Ба иззати нафси ягон собиқ раиси вилоятамон расиданӣ нестам. Онҳо 3-4 солӣ раисӣ карданду рафтанд, аммо чӣ мегӯед, ки мардуми ин шаҳри қадима боғи истироҳатии замонавӣ надоштанд гӯям, хато намекунам. Марҳамат, ҳоло ба маркази вилоят равед, аз ҳамон собиқ бо ном боғи истироҳатӣ хабар гиред, мебинед, ки шаҳр дар шаҳр аст. Гулгаштҳои зебо, дарахтони нодир, каруселҳои боазамат, ки кӯдакону калонсолон дар онҳо фароғат мекунад, биноҳои зебо маҳсули хиради ободгарои раис Ҳакимзодаанд. Воқеан ин боғ аз боғҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳеҷ мондагӣ надорад. Бузургтарин хислати наҷибашон ба олимону донишмандон, бо шоирону нависандагон, муаллимон таваҷҷуҳ доштан, эҳтироми онҳоро ба ҷой овардан аст. Дар даврони раисиашон дар ноҳияи Фархор ҳар моҳ бо ин қишри номбурдаи ноҳия мулоқот ороста, барои чопи китобҳояшон маблағ ҷудо мекарданд, ки ин амали хоси раиси мардумӣ мебошад. Сухани воло ва ба манфиати маърифату маънавиёти мардум гуфтаро меписандид. Боре ба мактаби №10 омаданду ба синфхонаи адабиёт даромада як сухани нависандаи маъруфи Доғистон Расул Ғамзатовро диданд: «Агар ман донам, ки забони миллати ман пагоҳ мемирад, ман тайёрам, ки имрӯз бимирам». Сонӣ ба ҷонишинашон фармуданд, ки «ҳамин суханро навишта гиред ва чун шиор дар маркази шаҳрак овезон кунед. Маърифати ин сухан дар тарбияи худшиносии сокинон кумак мерасонад» ва илова карда гуфтанд: «Фаромӯш накунед, ки худшиносии инсон аз дӯст доштани забони модарӣ шурӯъ мешавад». Дар мулоқоту баромадҳояшон ба мантиқи сухан эътибор медиҳанд. Умуман, маданигуфтору маданирафторанд. Пайваста барои тасдиқи фикрҳояшон аз суханҳои Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далел меоранд. Ба афкору пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат сидқан арҷ мегузоранд. Воқеан, фарзанди миллати хешанд. Дар рӯзҳои шанбегӣ аз саҳарӣ то нисфирӯзӣ либоси деҳқонӣ ба тан карда, ҳар ҷо, ки меистоданд, қаноатмандона миннатдорӣ мекарданд ва ҳатман бел ва ё каландеро гирифта кор мекарданд. Ҳамин хел як рӯзи шанбегӣ буд. Мо омӯзгорон ба тозакунии ҷӯйборҳои обрав ва сафедкунии бехи дарахтон машғул будем. Он кас омаданду баъд аз салом бели муаллимеро гирифта ба партофтани лойҳои ҷамъшудаи ҷӯйбор сар карданд. Дар бехи ҷӯй чанори боазамате сар ба осмон кашида аст. Муаллиме ба раис таклиф карданд, ки агар раис иҷозат диҳанд, ҳамин чанорро бибурем. Раис андаке таваққуф карданду сонӣ ба муаллим чунин посух доданд: Муаллимҷон, аввал 5-6 дарахт шинонед, баъд аз буридан гап занед. Он чиро, ки дигарон бо меҳнат ба даст овардаанд, ту бе меҳнат магир. Аввал чанд ниҳол шинонед. Ана ҳамин хел дар кору фаъолияти кору роҳбариашон масъулияти ҷиддӣ доранд ва ин асолати бузургро бемуҳобо мегӯям, ки раиси муҳтарам Ҳакимзода Қурбон тавассути хондан дар худ хислат кардаанд. Бо итминони комил мегӯям, чанд сатре аз фаъолиятии раис Ҳакимзода Қурбон навиштем, дигарон ба андешаҳои мо ҳамфикр мешаванд, ки заррае тамаллуқ накардаем. Бори дигар мегӯем, ки роҳбар бояд ҳамин хел ватандӯст, худшинос ва дили пок дошта бошад. Танҳо чунин мардон дар кору зиндагӣ муваффақ мешаванд. Вагарна бузургшоир Саъдӣ намегуфт: Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд, Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст. ӯ воқеан ҳам марди қобил аст. Бобохони Сафарзод, шоир, А. Маҷидзода, омӯзгор ва рӯзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.