Бузург ҳамон шахсест, ки бар вақти худ ҳоким аст… Гесиод2-04-2020, 16:44
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Таассурот аз як сафари кӯтоҳ… Оғоз… Яке аз бузургтарин ва муҳимтарин ҷузъи ҳаёти инсон вақт аст. Инсон ҳокими вақти худ буда, метавонад онро барои корҳои бузургу мондагор сарф кунад ва ё қурбони корҳои беҳудаву пуч созад. Ҳар касе, ки қиммати вақтро мешиносад ва ба қадри он мерасад, ҳаргиз ба зоеъталаф шудани он роҳ намедиҳад.Инсонҳое ҳастанд, ки ҳанӯз дар давраи ҷавонӣ ба корҳои бузурге даст мезананд, ки манфиаташ ба ҷомеа мерасад, вале шахсоне низ ҳастанд, ки умри тӯлонӣ мебинанду ҳаргиз як кори арзишмандеро анҷом намедиҳанд. Вақтбемаҳдуд нест ва зудгузар аст, чун ҷилаваш аз даст раҳо шуд дигар имкони бозгардониданаш нест… Раиси мардумӣ Ин матлаб қиссаи як сафари кории кӯтоҳ аст ба шаҳриҲисор. Иқрор мешавам, ки аслан нияти навиштани ин мақоларо надоштам. Нахуст- ба ин хотир, ки дар жанри очерк хеле кам менависам ва дувум ин услуб бештар оҳанги таблиғотӣ (реклама) дошта, на ҳар хонанда ба самимияти он эътимод дорад. Вале…. Чанде қабл тӯҳматномаеро дар бораи Раиси шаҳри Ҳисор дар яке аз пойгоҳҳои хабарии наҳзатиҳо хондам, ки хеле шигифтангез буд. Ин навъ матлабҳоро дар журналистика «пиари сиёҳ» (Black PR) меноманд, ки ғолибан ба тарзи супоришӣ навишта мешаванд. Одатан барои соҳибони чунин васоити паҳнкунии иттилоот муҳим нест, ки муаллифу коргардони чунин матлабҳо кистанд, далелҳо оё муътамаданд, асос доранд ва ё туҳмати маҳз аст. Муҳим ин, ки арзиши нашри ин «буҳтоннома» чанд ва то кадом андоза ба ҳадафҳои муғризона онҳо мувофиқ аст. «Далел»-ҳое, ки дар он «маводи супоришӣ» хондам, комилан бепояву моя буданд ва акси он таасуроте буд, ки дар сафари Ҳисор дарёфтам. Ин ҳолат маро таҳрик дод, ки ба даст қалам гирам ва чанд андешаи худро аз мулоқоти кӯтоҳе, бо ки Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода доштам, баён кунам… Вақте, ки ба шаҳри Ҳисор ворид мешавед, ба зуддӣ эҳсос мекунед, ки мисли чанд сол қабл як шаҳри ором, якнавохт ва якранг нест. Бунёди босуръати биноҳои истиқоматии баландошёна, корхонаҳои саноативу иншооти иҷтимоӣ,дарҳол эҳсос мешавад. Симои шаҳр низ чанд соли охир ба таври мусбӣ хеле тағйир ёфтааст. Савдои сарикӯчагӣ ва доду мағали савдогарон тақрибан ба назар намерасад. Ба ҷои кӯчаҳои танг роҳҳои васеву мумфарш ва бар ивази дуконҳои кӯчаки тичоратӣ супермаркетҳои бузург бунёд шудаанд. Аз сафари банда ба Ҳисори Шодмон касе огоҳ набуд Намехостам, ки боиси ташвиши баъзе дустон шавам. Аз ин хотир рост ба утоқи кории Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ворид шудам. Раиси комиҷроия Фаррух Аловаддинов, ки саросемавор аз болои мизи кориаш ҳуҷҷат ҷамъ мекард маро бо табассуми парешон истиқбол гирифт: -Хуш омадед, ҳоло бояд ба қабули Раиси шаҳр равам, чанд лаҳза қабл аз омадани шумо занг заданд, хоҳиш карданд, ки шуморо низ раҳнамоӣ кунам. Осори тааҷубро дар чеҳраам диду боз табассум кард: -Гумон доштед, ки ҳеҷ кас аз омадани шумо огоҳнамешавад? Иштибоҳ кардед, Раиси мо аксар корашонро аз гаштугузори кӯчаҳои шаҳр, шиносоӣ бо рафти кор дар иншоотҳои бунёдшаванда оғоз мекунанд. Шояд шумо аз наздашон гузаштеду аҳамият надодед. Воқеъан ҳам назди бинои мақомоти ҳокимияти шаҳр расидему, Шарифҷон Ҷумъазодаро дидем, ки бо фаррошзансӯҳбат дошт, аз мушкилоти ӯ мепурсид. Хола ба рамуз дарёфт, ки назди Раис омадем, дигар нахост, ки музоҳими вақти мо шавад ва ба хотири амнияту ободии давлату ҷамъиятдаст ба дуо бардошт. Мо низ ин дуоро ишора ба анҷоми сӯҳбат фаҳмидему, ба утоқи кории Раиси шаҳр рафтем. Ёвари Раис бастаи ҳуҷҷатҳоро барои шиносоӣ ва имзо даровард. Кунҷкобии хоси журналистӣ боло гирифту, пурсидам, ки чи ҳуҷҷатҳои муҳиманд?–Ҳеҷ чизи барои шумо шавқовар нест, рақаму, графикаву нақшаҳо ва мисли ин, -посух дод ҳамсӯҳбатам. Ҳароина яке аз нақшаҳоро гирифта таваҷҷуҳ намудам. Ин ҳуҷҷат «Маълумот оид ба таъмиру бунёди иншоотҳо бахшида ба ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даршаҳри Ҳисор дар соли 2018” буд.Дар он сатрҳои зерро хондам “Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз 17 майи соли 2018, № 166 ҷиҳати таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣҷиҳати сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2021 бо дарбаргирии 767 иншоот тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад.” Беихтиёр пурсидам оё имкон доред, ки тоҷашни 30 –юмин солгарди Истиқлолияти Давлатӣ, дар маҳдудаи имкониятҳои як шаҳри музофотӣ ба таҷдиду бунёди 767 иншоот муваффақ шавед? - Агар шумо зид набошед, баъзе иншоотҳоро дар маркази шаҳр ҳамроҳ давр мезанем, бо чашми худ мебинед, ки корҳо дар кадом сатҳқарор доранд, - посух дод Раис. Ҳамроҳ ба кӯча баромадем… Раста будан беҳ аз баста будан аст. Дар роҳ, ба таври ғайрирасмӣ бо Раиси шаҳр сӯҳбат кардан нисбатан озодтар ва гуворотар буд. –Чаро Шумо масъулини иншоотро ба ҷаласа даъват намуда, мушкилоти мавҷударо дар бинои мақомот муҳокима намекунед? -Ман кӯшиш мекунам, ки ин навъ масъалаҳо дар доираи ҷаласаҳои сайёр баррасӣ шаванд. Бубинед, Пешвои муаззами мо, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештари ҷаласаҳоро дар доираи сафарҳо ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар доир менамоянд. Ин беҳтарин василаи ҳалли масъала аст вақте, ки мушкилотро бо чашми худ мебиниву дар ҷояш ҳал мекунӣ. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки назди се муқаддасот шарманда набошам. Дар назди Роҳбари давлат, ки бовар карда маро ба ин вазифа таъин намудаанд, дар назди халқ, ки аз ман интизориҳои зиёд дорадва дар назди виҷдон, ки агар иштибоҳ кунӣҳеҷ гоҳ ором намегузорад. - Узр мехоҳам, чанд соат пеш, ҳангоми сӯҳбат бо фаррошзан пайхас кардам, ки ба ӯ як миқдор маблағ додед. Ба дигарон зуд-зуд дасти ёрӣ дароз мекунед? Раис табассуми маънидоре кард: -Вазифаи аз ҳама муҳими роҳбар фароҳам овардани шароит аст, то мардум барои таъмини зиндагиашон худашон маблағ пайдо кунанд. Вагарна табиати инсон ҳамин аст, ки ҳар қадар кӯмак кунанд, ҳамон қадар коҳилу дастнигар мешавад. Хайр кардан ҳам албатта кори савоб аст, лекин ба фикри ман инсон хайрро бояд ба шахсони барҷомонда, маъюбон ва ятимон кунад. Чанд суме, ки ба он модар додам хайре надошт, мисли ин буд, ки як фарзанд ба модараш медиҳад… -Медонед гуфт ӯ, дар китоби як файласуф хонда будам, ки навиштааст «Раста будан беҳ аз баста будан аст», яъне «раста» шахсест, ки ҳамеша ба мардум дасти ёрӣ дароз мекунад, ба дастгириашон мешитобад, «баста» баръакс касе, ки ҳамеша ба ёрии дигарон мӯҳтоҷ аст. Раис аз корҳои анҷомдодаи худ камтар ҳарф мезад, бештар раисони собиқро, ки дар ободии шаҳри Ҳисор саҳм доштан ёдовар мешуд. Пайваста таъкид мекард, ки идомадиҳандаи корҳои ин шахсони бузург аст… Ҳамроҳқадам мезадему мардуми сину сол ва касбу кори гуногун гоҳ даст пеши бар гирифтаву гоҳ даст дароз намуда, бо Раис ҳолпурсӣ мекарданд. Гӯё як ошно ё хешовандашон буд, ки хеле пазмон шудаанд ва аз дидорбини шоданд. Як нафар ҷавонро мепурсид, ки ҳоли падараш чӣ гуна аст ва хоҳиш мекард, ки саломашро ҳатман расонад. Аз дигаре, ки ба синну сол бузургтар буду,фарзандонаш дар донишгоҳ таҳсил мекард, мепурсид, ки оё донишҷуён мушкиле надоранд? Ба саҳни бинои баландошёнае ворид шудем,ки сохтмонаш идома дошт. Ба хотири халал нарасонидан аз канор истода назора мекардам, ки чи гуна бо роҳбари сохтмон ва муҳандисону мутахассисон машварат мекард. Бештар аз он ҳарф мезад, ки барои коргарони оддӣ шароити хуби кори фароҳам оранд, бехатарии онҳоро дар ҷараёни кор таъмин кунанд. Ғизои онҳоро, ки таҳия мешуд аз назар мегузаронд. Чанд иншооти дигарро низ ҳамроҳ давр задем. Маълум буд, ки масъулони иншоот ба истиқболи Раиси шаҳр ҳеҷ омодагӣ намедиданд. Омадани раис мисли як кори муқаррарӣ буд, ки ҳама ба он одат карда буданд. Дар сари роҳи марказӣ кормандони БДА-ро, ки ҳаракати нақлиётро назорат мекарданд ба наздаш даъват кард: - Чаро дар кӯчае, ки ҳаракати нақлиёт муназзам аст, истодаед, беҳтараш ба назди бозор равед, ки издиҳоми мардум бисёр аст ва ҳаракати нақлиётро ба танзим дароред, -супориш дод ба онҳо. Оҳиста оҳиста то бинои комиҷроияи ҳизб расидем. Чанд нафарро, ки ба қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб бо ариза муроҷиат карда буданд, шахсан қабул кард ва аз тариқи телефон ба роҳбарони ташкилотҳои масъул оид ба ҳалли мушкилоти муроҷиткунандагон дастур дод. Бо баъзеи онҳо шӯхи мекард, ки агар ҳал накунед, сардабири ҳафтаномаи «Минбари халқ» ҳамроҳи ман аст, чунон мақолаи танқидӣ нависад, ки боиси пушаймониатон шавад… Чун идомаи сафарам аз рӯи нақша ба шаҳри Турсунзода буд, аз Раиси шаҳр иҷозаи сафар пурсидам. То назди сабукрави хизматӣ гусел карду пурсид: -Ҳамроҳ наҳорӣ намекунем. Шӯхиомез посух додам: -Шунидам, ки ғизоро аз хона меоред ва ғолибан дар утоқи корӣ хӯрок мехуред. Намехоҳам, ки ба реҷаи рузмарраи шумо халал ворид кунам… ӯ низ бо шӯхи посух дод: -Бале, ҳамин хел одат дорам. Хӯроки пешинро бароям оилаам омода мекунад. Якум ин, ки вақт сарфа мешавад ва дуввум ин, ки ба ягон тарабхона ва ё қаҳвахона равам ҳароина раис омад гуфта ба ташвиш медароянд. Шахсоне низ пайдо мешаванд, ки аз фурсат истифода бурда арзиши ғизоро пардохтан мехоҳанд. Агар розӣ нашавӣ мӯъҷиби ранҷишашон мегардад, агар розӣ шавӣ зери бори хиҷолат мемонӣ. Аз дигар тараф мисли ин, ки чанд лаҳза пеш гуфтам «баста» будан намехоҳам… Бо Шарифҷон Ҷумъазода ва чанд нафар рафиқони дигар хайру хуш намудаму ба самти Турсунзода ҳаракат кардам. Анҷом Шояд хонанда фикр кунад, ки дар оғози ин матлаб чаро аз фалсафаи вақт ҳарф задам? Ин ба мақола чи рабт дорад? Банда дар симои Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, шахсиятеро дидам, ки ҳокими вақти худ аст ва ба вақт эҳтиром дорад. Ҳар касе, ки соҳиби вақти худ аст, ҳамеша муваффақ аст. Бахтиёр Ҳамдам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.