Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Омори нодуруст дар Темурмалик

Омори нодуруст дар Темурмалик

13-06-2019, 16:09
Хабарро хонданд: 624 нафар
Назарҳо: 0
Омори нодуруст дар Темурмалик18 май раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияиТемурмалик дидан кард. Сараввал чун анъанаи писандидаи раиси нав дар даромадгоҳи ҷамоати «Қарақамиш» ва «Кангурт» мулоқотро аз зиёрати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва чанд нафар ветеранҳои соҳибэҳтироми ин мавзеъ оғоз намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба эшон туҳфаҳои хотирмони ҳукуматро супурд.
Ҳамзамон дар ин мавзеи таърихан куҳану соҳибтамаддун раиси вилоят иншоотҳои ба шарафи ҷашни 30-солагии истиқлолият бунёд шудаистодаро аз назар гузаронида, ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид дод. Идомаи сафари кории раиси вилоят, ки ба шунидани арзу ниёзи мардум бахшида шуд ва бурду бохти хоҷагии халқи ноҳияро дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаматарафа таҳлил кард, дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳ басо пурмуҳтаво ҷараён гирифт.
Сараввал Қ. Ҳакимзода арзи мардумро мавриди баррасӣ қарор дода, барои ҳалашон чораҳои мушаххасро рӯи кор овард. Инак мазмуну мундариҷаи мухтасари талаби шаҳрвандони Темурмалик: Маҷид Рустамов барои бунёди комбинати хизмати маишӣ дар маркази шаҳрак ҷудо намудани қитъаи заминро хоҳиш намуд. Асомуддин Ҳалимов, аз деҳаи Гулободи ҷамоати Бобоюнус Худойдодзода гуфт, ки дар қишлоқи мо 60 оила зиндагӣ мекунад. Вале барқ надорем. Симчӯб худамон харидем. Илтимос барои дастрас намудани трасформатор ва сим кумак расонед. Зеро дар шароите, ки «Роғун» барқ тавлид мекунад, бе рӯшноӣ зистани мо аламовар аст.
Саймулло Кармов –сардори идораи соҳилмустаҳкамкунӣ доир ба мушкилоти боз ҳам калонтару ҷиддитар масъалагузорӣ намуд. Тибқи итилои ӯ аз мавзеи Шибанай сар карда, ҳар сол дарёи Сурхоб заминҳои ҳудуди ҷамоати ба номи Лақай Қармишевро кам –кам шуста бурда, имрӯз ба деҳаҳо наздик шудааст. Таъҷилан пеши ин хатар агар гирифта нашавад, зиёнаш ба Темурмалик расида, ба деҳоти ноҳияи Восеъ низ таҳдид мекунад.
Ҳамин тариқ бошандагони ноҳия Амриддин Маҳсиддинов (аз ҷамоати ба номи Саймӯъмин Раҳимов) аз нарасидани оби нӯшокӣ, Амонулло Раҷабов -омӯзгор аз деҳаи Танобчӣ дархост дар бораи қитъаи замини назди ҳавлигӣ Абдусалом Шамсов дар деҳаи Ҷайралии ҷамоати Танобчӣ ба соҳибкорӣ машғулам,- гуфт: «Қишлоқ калон бошад ҳам, бозор надорад. Мехоҳам, ки як бозори замонавӣ бисозам, барои ин замин лозим». Ғанӣ Сафаров – раиси ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳия дар бобати зарурати сохтмони обанбор дар поёноби дарёи Сурхоб масъалагузорӣ намуд.
Раиси вилоят баъди пурсишу ба муроҷиатҳо ҳаматарафа шинос шудан баҳри амалӣ гардониданашон ба ташкилотҳои вилоятӣ супоришҳо дода, дар муҳлатҳои муайян аз иҷрояшон ба раис ҳисобот доданашонро талаб намуд.
Доир ба масъалаи дуюм – вазъи иқтисод ва иҷтимоиёти ноҳия Эмомиддин Аслзода-раиси ноҳия бо мутасаддиён ва масъулини соҳаҳои мухталифи хоҷагидориашон ҳисобот дод.Омори нодуруст дар Темурмалик
Қурбон Ҳакимзода омори пешниҳоднамудаи эшонро нодуруст ва аз ҳақиқат дур баҳогузорӣ намуд. Чаро кишти зироатҳои хӯроки чорво ва полезию сабзавоти барвақтӣ то имрӯз иҷро нашудааст? Чаро нақшаи пешниҳоднамуди давлат доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таълимгоҳҳои хусусӣ ба ҳоли худ мондааст? Ба кадом сабаб идораи «Тоҷиктелеком» аз музди меҳнат қарздор аст? Прокурори ноҳия ба куҷо менигарад?
Ҳамчунин эроду мулоҳизаҳои танқидии раиси вилоят дар боби аз будаш нисбат ба икониятҳо кам гирифтани насли чорвои калону майда, бе ҳеҷ гуна сабаб сол ба сол суст намудани истеҳсоли пилла, дар замони саноаткунонии мамлакат фаъолияти назаррас надоштани корхонаҳои дӯзандагии «Меҳри модар» ва «Гулдастон» хеле ҷиддӣ буданд. Ҳол он ки дар ин бахш уҳдадории ноҳия то ҷашни истиқлол боз бунёди 14 корхонаи истеҳсолӣ аз қабили пойафзол, ҳасиббарорӣ, парранда ва ғайра мебошад. Кай корҳо дар ин самт оғоз меёбанд? Бе ҳеҷ гуна сабаб хизматрасонии пулакӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ кам шудаанд. Нигаронкунанда он аст, ки дар диёри қаҳрамонҳо саривақт нақшаи ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонон иҷро намешавад. Ин натиҷаи дар байни халқ ба таври бояду шояд кор накардани тамоми фаъолони ноҳия аст, иброз дошт раиси вилоят.
Сипас К.Ҳакимзода диққати масъулинро ба маъракаи алафдаравӣ ҷалб намуда дар ин масъала Темурмаликро ноҳияи худодод ном бурд. Ва супориши қатъӣ дод, ки чун замони шӯравӣ ин корро ба фронти зарбдор табдил диҳед. Бояд аз пир то ҷавон ба саҳро баромада, ҳар қадаре метавонад, алафи табииро зиёдтар даравида захира кунад. Он сармояст, ки ҳеҷ гоҳ қиматаш паст намешавад. Навоҳии ҷанубу шимоли кишвар ҳамеша омодаанд, ки онро аз шумо бихаранд. Хуллас сафари кории раиси вилоят дар ноҳияи Темурмалик аз ҳар нигоҳ созандаю судовар буд.
Ғайбулло Ҳалимов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: