Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Магар хонандагон ба идораи коммуналӣ ба кор мераванд?

Магар хонандагон ба идораи коммуналӣ ба кор мераванд?

8-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Магар хонандагон ба идораи коммуналӣ ба кор мераванд?
Дар ноҳияи Қубодиён аввали соли ҷорӣ аз корхонаи манзили коммуналӣ 34 нафар коргарро аз кор озод карданд ва ба ҷои онҳо хонандагони мактабро истифода мебаранд!

Чанд рӯз пеш бо хабарнигорон аз ноҳия Қубодиён гузар кардем. Чунин ба назар мерасид, ки саҳми хонандагони мактабҳои ноҳия дар тозагии гирду атроф назаррас мебошанд. Аксарияти хонандагон ҷӯйборҳои пурахлотро тоза мекарданд ва бархеи дигар ба сафед кардани дарахтон машғул буданд.

Ҳайратовараш он буд, ки вазифаи ҷонии кормандони корхонаи манзили коммуналии ноҳияро хонандагони мактаб иҷро мекарданд. Хонандагони мактаб, ки зиёда аз 1000 нафар буданд, ба тозакунии кӯчаҳои пурахлоти маркази ноҳия машғуланд. Агар хонандагони мактаб вазифаи корхонаи манзили коммуналии ноҳияро иҷро намоянд, пас аҷибаш ин аст, ки чаро корхонаи коммуналӣ фаъолият мекарда бошад? Хонандагони ин ноҳия кай дониш меомӯзанд?!

Мудири маорифи ноҳияи Қубодиён М. Эшов қайд намуд: “Рӯзҳои шанбе хонандагони синфҳои 8, 9, 10 ва 11-ро даъват мекунем, ки ба маркази ноҳия омада, аз соати 8 субҳ то 10-11 барои ободонӣ саҳми худро мегузоранд, ин кӯмак барои корхонаи коммуналии ноҳия аст”.

Аммо модари як хонандаи синфи 10 қайд намуд,ки 1-2 моҳ пеш рӯзҳои шанбе хонандагон белу каланд гирифта ба рӯбу чини кӯчаю маркази ноҳия машғул буданд, лекин ин шанбегӣ қариб ба кори ҳамарӯза табдил ёфтааст. Хонандагон ҳамарӯза ба ободонии марказ, аз субҳ то бегоҳ машғуланд, ӯ қайд намуд, ки мумкин нест дар рӯзҳои дарсӣ, дар ҳоле ки соли хониш ба анҷом расида истодааст, дар ин шабу рӯз хонандагон бояд омодагии хуб барои санҷишҳояшон, ки аз синф ба синф мегузаранд, омодагӣ бигиранд, на ба корҳое, мисли роҳрӯбӣ ҷалб шаванд.

Пас корхонаи манзили коммуналӣ ба кадом кор машғул аст, ки хонандагонро ба ободонии ноҳия ҷалб мекунанд? Хонандагоне, ки аз дарсҳо дур мемонанд, чӣ қадар пул мегиранд? Кӣ ҷуброни ин зарари маънавиро пардохт мекунад?

Чунин корхона дар ноҳия вуҷуд надорад ва ҳамаи коргарони ин корхонаро аз кор озод кардаанд, дар ҳамин ҳол худи раиси ноҳия дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфта буд, ки кормандони тайёрахӯри идораи коммуналию манзилиро аз кор пеш кардааст!

Агар чунин супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён бошад, кай хонандагони ноҳия дар Олимпиадаҳои фаннӣ ҷои сазоворро соҳиб мешаванд? Аз омори расмии раёсати маориф ва илми Хатлон маълум шуд, ки сатҳи донишомӯзӣ дар мактабҳои ноҳия хуб нест.

Агар хонандагони ноҳия ба ободонӣ машғул шаванд, маълум аст, ки атрофи ҳукумати ноҳия зебо ва назаррабо мешавад. Тозагӣ гарави саломатӣ гуфтаанд, аммо ояндаи ин хонандагон, ки вазифаи аслии онҳо ва устодонашон хондан ва донишомӯзист, чӣ мешавад? Магар ин хонандагон баъди хатми мактаб ба идораи коммуналӣ ба кор мераванд?

Аммо пас аз он, ки овозаи навиштани ин мақола, ки ба ноҳияи Қубодиён рафт, раиси ноҳия С. Абдураҳмонзода коргарони корхонаи коммуналӣ- манзилиро барқарор кард, ки ба ободонии ноҳия машғуланд!
Шоҳрух Достиев “Минбари Халқ” Қӯрғонтеппа-Қубодиён
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: