ИН РӮЗҲОРО ҲАМ ПАСИ САР ХОҲЕМ КАРД18-05-2020, 10:39
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъияти бениҳоят печидаву ногувор ва мушкил қарор дорад. Дар баробари мушкилиҳои глобалӣ ба монанди тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҷангу низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва амалҳои террористиву экстремистӣ, инчунин пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои аср – коронавирус КОВИД-19 вазъияти ҷомеаи ҷаҳониро боз мушкилтар сохтааст. Бемории коронавирус қариб тамоми давлатҳои дунёро фарогир буда, бо зиёд шудани ин беморӣ ба ин давлатҳо зарари ҷиддии ҷониву молӣ расонида истодааст. Ҳатто давлатҳое, ки аз ҳама лиҳоз рушд карда мебошанд, бо зиёдшавии ин бемории сироятии хатарнок ба ҷони инсон ба мушкилиҳои вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида истодаанд. Мутаасифона, дар Тоҷикистони азизи мо низ ин беморӣ ворид гардид. Лекин то омадани ин беморӣ дар кишвар аз тарафи Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои андешида шудаанд. Дар ин миён ҳастанд нафароне, ки бо мақсади ба таҳлуқаву воҳима овардан байни мардум хабарҳои дурӯғро паҳн месозанд ва ин хабарҳоро ба манфиати хеш истифода мебаранд. Бадхоҳон ва чанд калавандаи дигар худро “фолбин” нишон додаву бо пешгӯиҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам ин вирус меояд ва инак омад дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ доду фарёд зада истодаанд. Ҷои пӯшида нест, ки ин вирус он гунае хатарнок аст, ки қариб ягон гӯшаи ҷаҳон эмин нест. Бубинед, ҳатто давлатҳои абарқудрат сади роҳи паҳншавии онро гирифта натавонистанд. Аммо тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр карданд, ки “Мардуми Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ низ рӯзҳои аз ин душвору сангин – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар дохили кишвар гуреза шудани садҳо ҳазор нафар одамон, гуруснагӣ, инчунин, паҳншавии ҳаргуна бемориҳои сироятиро аз сар гузаронидааст”. Ин мушкилии натанҳо ба сари миллати тоҷик ба сари тамоми миллатҳо дунё омада бартараф мегардад. Дер ё зуд доруву дармон зидди ин вабои аср дарёфт мегардаду инсонҳо бо он муолиҷа мешаванд. Аммо бадхоҳону тирабинон рӯяшон дар ду дунё сиёҳ мемонаду бо чизе онро пок карда наметонанд. Мардум аз хурд то бузург кайҳо боз ниқобивазкунӣ ва мардумфиребии онҳоро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ ҳам омӯхтааст ва пушти кадом ниқобе, ки паноҳ мебаранд аллакай кӣ буданашон айён аст. Дар чунин ҳолат аз мардуми кишвар даъват ба амал меорам, ки мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва дастгирӣ якдигар бошем, чунки мо аз он мардумоне ҳастем, ки аз ин дида рӯзҳои сахту сангини ҳаётро аз сар гузаронидаем ва инро ҳам паси сар хоҳем кард. Акбар Ниёзӣ, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.