Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » COVID-19 - ро ҳам паси сар мекунем!

COVID-19 - ро ҳам паси сар мекунем!

4-05-2020, 12:49
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
COVID-19 - ро ҳам паси сар мекунем!

Чанд муддаст аст, ки саросари ҷаҳонро таҳдиди нав, яъне бемории сироятии Коронавируси навъи нави COVID-19 фаро гирифтааст, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон ва аҳолии саёраро ба хатари ҷиддӣ рў ба рў гардонидааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашавӣ бо ин вабои аср эмин набуда, соҳаи тандурустии ҳамаи кишварҳо бо он дастбагиребонанд. Аммо дида истодаем, ки дар натиҷаи муборизаи салоҳиятноки илман асоснок афзоиши ин беморӣ дар бархе кишварҳо тамоюли пастшавиро касб карда, дар бархе кишварҳо муждаи пурра баркандани решаи ин вабо аллакай расида истодааст. Чунин мужда аз «зодгоҳ»-и ин вирус шаҳри Ухани Чин ҳам расид.
Ахиран, ҷумҳурии азизи мо низ пас аз истодагарии тамом ва андешидани чораҳои пешгирӣ, мутаасифона бо ин вабо рў ба рў шуд. Бояд гуфт, ки дар пасманзаре, ки тамоми кишварҳо дар гирудори паҳншавӣ бо ин беморӣ азият мекашанд, сироятшавии аҳолии мо низ амри табиӣ ба ҳисоб меравад. Чунки рафтуомади бениҳоят зиёд миёни аҳолии мову бародаркишварҳо ҷой дорад, ки бешак эҳтимолияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус дар чунин шароит ҷой дорад.
Таҷрибаи давлатҳои алоҳида нишон медиҳад, ки бо ин вирус муборизаи илман асоснок бурдан мумкин аст ва имрўзҳо аллакай
олимони соҳаи биология ва тиб таъкид бар он доранд, ки Коронавирус ба он ҳадде, ки муаррифиаш мекунанд, кушанда нест.
Барои пешгирӣ аз ин вирус Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро карда истодааст. Умед ва боварии комил дорем, ки дар муддатҳои наздиктарин ин вабо паси сар мешавад.
Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Таърих гувоҳ аст, ки вазниниҳои аз ин гаронро мардуми шарифи тоҷик бо сари баланд паси сар кардааст. Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат Пешвои муҳтарами миллат дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд, нест кардани ин вирус аз сарзамини биҳиштии мо фақат чанд кори оддиро аз ҳар яки мо талаб мекунад. Чанд кору амали одӣ, аммо бениҳоят муҳим. Ин риоя кардани тавсияҳои мутахассисон, духтурони мо мебошад.
Агар мехоҳед ба ин «фариштаҳои сафедпўш»-и ҳомии ҷону тани мо, ки шабонарўзӣ дар сафи аввали мубориза қарор доранд, кумак кунед, худ ва хонаводаи худро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ доред. Душмани асосии коронавирус тозагӣ аст. Тозагие, ки дар вуҷуди мо, рагу шарёни мо, табиати мардуми тоҷик ҳаст. Ҳамзамон муваққатан даст кашидан аз чанд одате, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Боз замони самимона дастфишорӣ кардан, бўсу канори ёру наздикон, оѓўшгирӣ, чойнўшии якҷоя, нишастҳову чақ-чақи тоҷикона мерасад. Аммо ҳозир худдорӣ намоем.
Дар баробари ин барои баланд кардани масунияти худ ва хонавода аз меваю сабзавоти худии тару тоза, ки саросар витамину нерў мебошанд, истифода барем.
Бояд таъкид намоем, ки наҳсӣ танҳо намеояд. Дар шароите, ки доду гирифт миёни кишварҳо ба ҳадди минималӣ расидааст, мо бояд аз пештара зиёд дар фикри таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани худамон шавем. Барои ин мавсими мусоиди кишту кори баҳорӣ, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва умуман ба таъбири Пешвои муҳтарами миллат, ки ибораи мардумӣ шудааст «ҳар як ваҷаби замин»-ро самаранок истифода барем.
Бахтовар Сафарзода
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, раиси фраксияи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: