Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИЁН - ДАСТГИРИ ТАБИБОН

ҲИЗБИЁН - ДАСТГИРИ ТАБИБОН

10-05-2020, 09:22
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИЁН - ДАСТГИРИ ТАБИБОН
Lар доираи сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби соҳибкор, роҳбари ҶДММ “Нахш” Амриддин Нақшов ба кормандони соҳаи тиб маводи ниёзи аввалия дар ҳаҷми 100 халта орд, 500 кг биринҷ, 500 литр равған, 2500 кг картошка ва 2000 кг пиёз, ки маблағи умумии он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, кумак намуданд.
Кумакҳои иҷтимоиро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва дигар шахсони масъул ба кормандони соҳаи тандурустӣ дастрас карданд. Зимни супоридани кумакҳо гуфта шуд, ки ин иқдом дар ҳошияи арҷгузорӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуда, намунаи хуби сипосгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзӣ ва талошу ҷоннисориҳои табибони ҳозиқ ва ворисони асили Синову Розии шуҳратманд мебошад. Онҳое, ки имрӯзҳо ҷон ба каф баҳри наҷоти инсоният талош мекунанд, дар хотираи дилу дидаи мардум ва дар саҳифаҳои рангину пурҷилои таърихи башарият абадан сабт хоҳанд гардид. ҲИЗБИЁН - ДАСТГИРИ ТАБИБОН
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ғалаба иброз доштанд, ки дар ин марҳалаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем. Ҳамчунин, мо бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем. Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд, мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем.
Ёдовар мешавем, ки сохторҳои ҲХДТ дар пойтахт минбаъд низ бо ҷалби соҳибкорони эҳсонкор чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро роҳандозӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи табибони ҳозиқ ва қаҳрамонони замон истода, баҳри бартараф намудани мушкилоти рӯзмарра саъю талош менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: