
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кумакҳо ва дастгирии аҳолии камбизоат, аз ҷумла шахсони ниёзманд ва ятимону бепарасторон кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва вакилон шахсони ниёзмандро аёдат намуданд.
Онҳо, аз ҷумла ба оилаҳои Кривочурова Алексина, Султонова Гулором ва Амонова Раҷабмоҳ аз ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод рафта, бо шароити зисту аҳволашон аз наздик ошно шуданд.
Бар асоси барномаи кори ҳизбиён чунин иқдомоти хайрия ва дастгирии оилаҳои ниёзманд пайваста аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ ва навоҳӣба иҷро мерасад.