Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

25-04-2020, 10:08
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН БА ШАҲРИ КӮЛОБДар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дода, аз бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дидан намуд. Зимни боздид аз Китобхонаи назди Кумитаи иҷроия ва дигар утоқҳои корӣ ба масъулин баҳои баланд дода, қайд намуд, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмадгардонии аъзои ҳизб тамоми чораҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодаанд.
Баъди боздид аз утоқҳои корӣ, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб машварати корӣ бо кормандон баргузор карда шуд. Дар ибтидо Ҳамидиён Орзу раиси Кумитаи иљроияи шаҳрӣ ташрифи Латифзода Асрор Қурбонро бо шаҳри Кӯлоб хайру мақдам гуфта, таваҷҷуҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба сохторҳоипоёнии ҳизб омили рушди фаъолияти идеалогӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, ҳайати КИМ ҲХДТ аз рафти фаъолияти ҳуҷҷатгузории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба рафти корҳо дар ин самт баҳои баланд дода, ҷиҳати рушди бештари кор тавсияву маслиҳатҳои муфид баён доштанд.
Сипас муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ба сухан баромада, атрофи масоили дохилиҳизбӣ, ҷалби шахсони сазовор ба узвияти ҳизб, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, инчунин, вокуниш нишон додан ба ҳангомаҳои беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфт.
Бо истифода аз ҳузури муовини Раиси ҲХДТ дар қисмати дуюми нимаи рӯз бо иштироки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб “Дарси Садоқат” баргузор карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: