Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Рисолати мо ободиву шукуфоии Ватан аст...

Рисолати мо ободиву шукуфоии Ватан аст...

12-02-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Рисолати мо ободиву шукуфоии Ватан аст...
Паёми имсолаи ироашудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қабл аз ҳама инъикосгари пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеаи муосир, фарогирии тамоми масоили иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, ҳар нуктаву дастуру пешниходоти он ҷихати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона карда шудааст.

Дар Паёми имсола қайд карда шуд, ки бар асари буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи молиявии кишвар осебпазир гардидааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, буҷети соли 2016 мувофиқ ба захираву имкониятҳои мавҷуда, дар ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шудааст, ки нисбат ба соли 2015 беш аз 3 миллиард сомонӣ ё 20 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард. Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз афзоиш ёфт. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 3 5 фоиз зиёд щуд.

Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми шарафманду баору номуси мо тавонистанд, ки дар ин давраи номусоидии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, барои беҳбуд бахшидан ба рӯзгор ва зиндагии осоиштаи худ шарафмандона меҳнат кунанд.

Дар Паёми имсола дигар нуқтаҳои барои ҳаёти иҷтимоии мардум муҳим мавриди назар қарор гирифтанд, ки аз ғамхорӣ ва дастгирии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мардум дарак медиҳанд.

Аз 1-уми июли соли равон, аз 15 то 25 фоиз зиёд шудани музди меҳнати кормандони мақомот ва сохторҳои гуногуни Ҳокимияти Давлатӣ, пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, дар ин давраи буҳронӣ яке аз иқдомҳоии олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Дигар мавзуҳое, ки дар Паёми имсола дарҷ гардиданд, стратегияи миллии рушд, ки асоси онро таъмини истиклолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши он, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ буд.

Дар Паём иброз гардид, ки соли 2016 иктидори иловагии энергетикӣ ба 3000 мегаватт бояд расад.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар кардани таъмини ахолӣ бо оби тозаи нушокӣ, 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1 миллиард сомонӣ айни ҳол амалӣ шуда истодаанд.

Таҳлилҳои дар Паём дарҷ гардидаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон доданд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои ҷумҳурӣ зарур ва фоидаовар мебошад, ки ин айни ҳол қонеъкунанда нест. Ҳоло ҳам аз имкониятҳои истифодаи муносиб нисбати содироти маҳсулоти кишоварзӣ берун аз ҷумҳур бурда намешавад. Ба ин хотир Президенти мамалакат аз шахсони масъули ин соҳа то ҳокимиятҳои махаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Соҳаҳои илму маъориф дар Паём хамчун самти афзалиятноки мамалакат дониста шуда, Вазорати маъориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар якчоягӣ бо Ҳукумати мамлакат ҷихати таҳияи «Консепсияи таҳсилоти мутаассил барои солхои 2016-2022» чораҷӯйи намуда, барои роҳандозии чунин шакли таҳсилот тадбирҳоро бояд андешанд.

Дар ҳошияи охири Паёмаш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат оиди сиёсати хориҷии Тоҷикистон назари хешро баён намуда кайд кард, ки сиёсати Тоҷикистон ҳамчун сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз буда, ба хамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстиро минбаъд низ густариш хоҳад дод.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз Паём то Паём Ҳукумати мамлакат дар асоси ҳадафу вазифаҳои вогузоршуда нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия намуда, иҷроиши онҳоро таъмин намудааст.

Дар Паёми имсолаи ироашуда, баҳри амалӣ гардонидани самтҳои афзалиятноки сиёсати кишвар, мо ҳамагон вазифадор ҳастем, ки атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри ободонию гул гулшукуфии кишвар камари ҳиммат бандем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: