Эмомалӣ Раҳмон: «ММД Тоҷикистон дар соли 2015 ба зиёда аз 48 млрд. сомонӣ баробар шуд»20-01-2016, 10:40
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2015-ум 6%-ро ташкил дода, ба зиёда аз 48 млрд. сомонӣ баробар шуд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошт.
Сарвари давлат афзуд, ки сатҳи таваррум 5%-ро ташкил дода, сатҳи камбизоати то 31% кам гардид. Президенти кишвар ҳамчунин гуфт, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар ба 27,9% ММД аст. Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин бо вуҷуди бӯҳрони шадиди иқтисодию молиявӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан дар кишварҳое, ки шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.