Э. Раҳмон: «Офатҳои табиии рухдода ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд»20-01-2016, 11:10
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
«Соли гузашта бо сабаби идома ёфтани тамоюли манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар паст рафта, таъсири омилҳои берунӣ ба пули миллӣ зиёд гардид. Илова бар ин офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар вилояти Бадахшон, дар ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Хатлон ба иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд»,-зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ.
Ба гуфтаи Сарвари давлат танҳо аз ҳисоби сард омадани ҳаво аз вилояти Суғд содироти қариб 100 ҳазор тонна меваи хушк ва 600 ҳазор тонна меваи тар ғайриимкон гардид. «Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хаттҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд»-, илова намуд Пешвои миллат. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.