Аз қатли ҳамсар то авбошиву садамаҳои нақлиётӣ15-04-2020, 12:54
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҳиссиёти рашк ба ҳалокат расонидани ҳамсар Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, ки рӯзи 11-уми апрели соли љорӣ, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш, зани 41-соларо бо истифода аз корди хоҷагӣ 8-маротиба ба қафаси сина ва дигар узвҳои баданаш зада, ба ҳалокат расонидааст. Баъдан, гумонбаршаванда худро барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур кардан дар дохили манзили истиқоматиаш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Роҳзанӣ бо истифода аз ниқоб Санаи 13 ба 14-уми апрели соли равон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори роҳзанӣ, дастгир карда шуд. Номбурда, бо роҳи пинҳонӣ дар сар ниқоб пӯшида ба хонаи истиқоматии зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид шуда, бо корд ӯро таҳдиди куштан карда, аз дохили ҷевон 10 ҳазор рубли русӣ, 100-доллари амрикоӣ, 300-сомонӣ ва 1-адад ангуштарини тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 700-сомониро ташкил медиҳад. Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Захмӣ намудани марди 35-сола Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод, бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда ҳангоми дар назди бозори “Суғдиён” қарор доштанаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 35-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба дасти ҷабрдида зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар 11-уми апрели соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Раҳматзода Миралӣ Сайфулло, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Деҳотии пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Файзов Тоҷиддин Муҳиддинович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард Файзов Т.М ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳамзамон дар ин сана ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Зикруллоев Алиакбар Абдуҷаборович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Қ.Дашти ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар 29 километри шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Раҳимова Мадина Худойназаровна, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ноҳияи Файзободро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Раҳимова М.Х. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногун расида, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.