Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шарҳи ду куштори ваҳшиёна

Шарҳи ду куштори ваҳшиёна

5-08-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Шарҳи ду куштори ваҳшиёна
Ҳафтаи охири моҳи июли соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт шудани ду ҷасади ба қисмҳо ҷудокардаи занҳои шахсияташон номаълум боиси ташвиши аҳолӣ ва паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо гардид, ки мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ дар рафти чорабиниҳои фаврию тафтишотии муштараки шахсияти нафаронеро, ки ба ин ҷинояти мудҳиш даст задаанд ошкор кардаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 21 июли соли ҷорӣ аз соҳили дарёи Душанбе, дар шафати кӯчаи Мушфиқӣ устухони кос ва 24 июли соли 2016 аз соҳили ҳамин дарё дар шафати кӯчаи Ҳосилот қисмҳои дигари бадани зани шахсияташ номаълум дарёфт карда шуд.

Дар рафти чорабиниҳои фаврию тафтишотии муштараки мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки зани кушташуда сокини шаҳри Душанбе Шаҳноза Р. соли таваллудаш 1988 мебошад. Кушторӣ ӯ аз тарафи шавҳараш Бахтиёр А., соли таваллудаш 1978 дар заминаи рашк содир шуда, номбурда бо мақсади пинҳон кардани изҳои ҷиноят ҷасади ҳамсарашро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарё партофтааст.

Гумонбаршуда Бахтиёр А. ба гуноҳаш иқрор буда, ҳамзамон ҳангоми азназаргузаронӣ дар манзили зисти онҳо паи хун дар девор ва либосҳои ҷабрдида муайян карда шуданд. Ҳолати ҷой доштани муноқишаҳои доимиро байни зану шавҳар модар ва дугонаи ҷабрдида тасдиқ мекунанд.

Бахтиёр А., дастгир карда шуда, бо парвандаи ҷиноятӣ омалҳои зарурии фаврию тафтишотӣ бурда гузаронида шуда истодаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамин гуна рӯзи 29 июли соли равон аз соҳили дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Соҳилӣ дар дохили халта ҷасади ба қисмҳо ҷудокардашудаи зани шахсияташ номаълум дарёфт карда шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои тафтишотӣ-фаврӣ муайян гардид, ки ин зани мақтул сокини ноҳияи Рӯдакӣ Фотима Б. соли таваллудаш 1993 буда, номбурда вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе дар хобгоҳи умумӣ дар ҳуҷраи хоҳараш зиндагӣ мекардааст.

Ҳамзамон муайян карда шуд, ки Фотима бо се нафар шахсони ҷавон Дарвеш А., Нуриддин А., ва Исматулло М., шинос шуда, таклифи онҳоро оиди ҳамхобагӣ қабул ва ҳамроҳашон ба манзили истиқоматии онҳо омадааст. Дар ин ҷо байни онҳо муноқиша сар зада, дар рафти он шахсони номбурда Фотимаро тавассути буғӣ кардан ба ҳалокат расонида, рӯзи дигар ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарёи Душанбе партофтаанд.

Дар рафти чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ далелҳои шайъӣ дарёфт ва гумонбаршудагон Дарвеш А., Нуриддин А. ва Исматулло М. дастгир гардида, ба гуноҳашон иқрор шуданд.

Ҳамин тариқ дар натиҷаи чорабиниҳои саривақтӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ анҷомдодаи кормандони мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ кушторҳои мазкур дар кутоҳтарин муддат кушода шуданд.

Гуфта мешавад, ки рафти тафтиши пешакии ин парвандаҳои ҷиноятӣ зери назорати қатъии Прокуратураи генералӣ қарор дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: