Сарфи назар аз вабои ҳамагири вируси корона, ки дар аксари кишварҳои дунё чорабиниҳои оммавӣ манъ шудааст, дар Туркманистон аз 19 апрел мавсими бозиҳои футбол оғоз мешавад.
Лигаи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 24 апрел ба далели паҳншавии вируси корона мавсими нави футболро манъ кард.
Дар Туркманистон расман ҳеч ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст. Дар рӯзҳои охир дар он кишвар чанд чорабинии оммавии варзишӣ баргузор гардид.
Туркманистон дар қатори чанд кишвари дигари дунё, аз ҷумла Белорус, Тоҷикистон, Никарагуа ва Бурундӣ ҷой гирифтааст, ки сарфи назар аз паҳншавии вабои ҳамагир бозиҳои футболро баргузор мекунанд.
Ба иттилои Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, то 11 апрел дар саросари дунё 1,7 миллион ҳолати гирифторӣ ва бештар аз 100 ҳазор ҳолати марг аз вируси корона сабт шудааст.