7 апрел таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар маҷлис бо ризоияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иброҳим Мирзозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб шуд.
Зоир Раҳмонзода, ки то ин муддат вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо ба уҳда дошт, бинобар сабаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш аз ин вазифа озод гардид.
Ҳамзамон, Абдусалом Мирализода ва Зоир Раҳмонзода бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан аз ҳайати Раёсат ва Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бозхонд шуда, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода ба ҷойи онҳо ба узвияти Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб шуданд.
С. Юсуфов