Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон19-06-2017, 10:26
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлисро Аҳмадҷон Ализода ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дод. Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом дар асоси протоколи гурӯҳи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро дар назди иштирокдорон таҳлил ва баррасӣ намуд. Баъдан фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил ва баҳогузорӣ карда, дар асоси баромади Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, раисикунанда Аҳмадҷон Ализода аз якояки раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои ташкилӣ пурсиш ба амал овард. Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзнома дохилкардашуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, тибқи қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон шурӯъ аз 1 июли соли 2017 дар тамоми сохторҳои ҳизбӣ шашмоҳаи самараноктар гардонидани корҳои ташкилии ҳизбӣ эълон карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.