Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд

13-01-2020, 16:26
Хабарро хонданд: 19 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд11-уми январи соли 2020 дар Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархор ва Панҷ номзадии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 пешбарӣ шуд.

Дар кори Конференсия узви Раёсати КИМ ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзиев ширкат намуданд.

Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Ҳамин тариқ, тибқи овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода бо гирифтани овози бештар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 пешбарӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Раҳмонзода Зоир 8-уми январи соли 1981 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, таҳсилро дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон идома бахшида, соли 2003 онро ба итмом мерасонад.

Номбурда корро дар ин Донишкада аз зинаҳои ибтидоии коромӯзу, ассистент ва муаллими калон оғоз намуда, то соли 2013 дар ин боргоҳи илму маърифат вазифаҳои директори Маркази иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, мудири кафедра ва декани факултет адои вазифа намудааст.

Номбурда рисолаи номзадии худро дар риштаи илмҳои технологияи муосир соли 2011 дифоъ намуда, сазовори дипломи нозади илмҳои иқтисодӣ мегардад. Ӯ соҳиби як монографияи илмӣ, 11-китоби дарсӣ ва беш аз 110 мақолаву матолиби илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Соли 2013 директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдатро бар уҳда дошт. Аз соли соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Соли 2013 бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҳамчун олими ҷавон дар соҳаи илм ва технологияи муосир қадрдонӣ гардидааст. Раҳмонзода З. Ф. аз моҳи марти соли 2017 ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ифои вазифа намуда истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: