Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тағйироти кадрӣ дар сохтори ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Тағйироти кадрӣ дар сохтори ҲХДТ дар вилояти Хатлон

26-02-2020, 14:30
Хабарро хонданд: 360 нафар
Назарҳо: 0
Тағйироти кадрӣ дар сохтори  ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи масъулиятнок – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзодаро муносиб донистанд. Раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, 21 феврал дар Маҷлиси умумии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор шуд, ба аъзои Кумитаи иҷроия муаррифӣ гардид.

Миралиён Қиёмиддин дар ин вазифа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналиро, ки чанде пеш, бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданашаз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озод гардид, иваз намуд.
Шарҳи ҳоли
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода 6сентябри соли 1977 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (имрӯза Донишгоҳи давлатии Бохтар)-ро бо ихтисоси омӯзгори фанни математика хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1999 то 2000 ба ҳайси ассистенти кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (имрӯза ДДБ) оғоз намуда, солҳои 2000-2001 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳи мазкур, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) фаъолият дошт. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2001-2002 ба сифати мутахассиси идораи сиёсати иҷтимоӣ, солҳои 2002-2006 ҳамчун директори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон, сардори идораи муносибатҳои байналмилалӣ, солҳои 2006-2007 сармутахассиси раёсати кор бо ҷавонон, солҳои 2007-2008 мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, солҳои 2008-2012 мудири шуъбаи сиёсати иҷтимоӣ, солҳои 2012-2014 ба ҳайси муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон адои вазифа намудааст. ӯ инчунин, солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода аз 1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни замон, бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардид.
Номбурда забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад. Доктори илмҳои сиёсӣ мебошад. Бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мушаррафгардидааст. Профессор, доктори илмҳои сиёсӣ мебошад.Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

«МХ»




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: