ЗИЁӢ ВА ҶОМЕА17-03-2020, 11:33
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Зиёиён чароғҳҳои пуршуои мардум буда, бо василаи нури маърифати онҳо торикистонҳои ҷомеа рўшан гардида, кишвар бо мадади ин қишри ҷомеа аз вартаи нокомиҳо раҳоӣ меёбад. Тўли беш аз даҳ соли охир бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами халқ –Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зиёӣ хеле баланд гардида, дар ҳама вохўриҳои ў бо мардуми соҳибфарҳанги кишвар онҳо паҳлуяш ҷойи хосаи хешро доранд. Тамоми маъракаҳои фарҳангиву сиёсии кишвар дар ҳамбастагӣ бо зиёиёну фарҳехтагони миллат шукуҳу шон ёфта эътибори онҳо эътибори кишвар ба ҳисоб меравад. Яке аз чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ин интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар буда мавқеъ ва мақоми зиёин дар ин маъракаи сиёсӣ ифодагари амнияту осудагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва соҳибтамаддуни ҷомеаи мардумсолорӣ будаву ҳаст.
Ҳамакнун интиоботи навбатии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ новобаста, аз зиёдагўии бархе аз рақибони сиёсии кажназар бо ифтихори баланди Ватандорӣ ба поён расид. Ғолибони курсиҳои нави Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар муайян гардиданд. Аз шаш ҳизби сиёсии фаъол, ки дар интихобот ширкат варзида буданд, сеҳизби сиёсӣ бо овозҳои бештар ва ду ҳизби сиёсии дигар бо раъйи камтар шомили маҷлиси Намояндагон гардида, ба фаъолияти хеш оғоз бахшанд. Мардуми некному сарбаланде, ки ба вакили арзандаи хеш раъйи худро додааст, умед бар он доранд, ки аз рўи барномаи пешниҳоднамудаи ҳизби сиёсие, ки онҳоро пешбарӣ намудааст, фаъолият намуда, аз манфиатҳои миллии кишвар пуштибонӣ хоҳанд намуд. Ҳар сол чун анъана дар остонаи Наврўзи хуҷастапай вохўрии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар доир мегардад. Аксари кулли мардуми кишвар бар он назаранд, ки ин вохўрӣ аз вохўриҳои пешин бояд ба куллӣ фарқ дошта бошад. Бештари мардум умед бар он доранд, ки симои воқеъии зиёии кишварро бинанд. Бинанд ва бишнаванд, ки зиёӣ то кадом андоза аз ҳолу аҳволи мардум ва каму костаҳои рўзгори онҳо бохабар аст. Ва ба суолҳои беҷавоби мавқеъ ва мақоми маорифу проблемаҳои глобалии боғча, мактаб, тарбиятгоҳҳои махсус, литсей, колеҷ, донишкадаву донишгоҳҳо дар ҷомеаи имрўз посухи воқеъбинона бигиранд. Мардум тули даҳсоли охир шоҳиди он гаштанд, ки Пешвои муаззами халқ –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин ё он вохуриҳо бо мардуми кишвар, дар ҳалли бисёре аз муаммоҳои маориф, фарҳанг, сиёсат, тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, телевизион ва радио, амният, мудофиа, сиёсати хориҷӣ, дохилӣ, илм, адабиёт ва санъат даҳҳо маротиба аз масъулон ва роҳбарияти ин мақомҳо хубтар масъалагузорӣ менамояд. Ҳол он ки ин вазифаи бояду шояди масъулони он сохторҳо мебошад. Аз ҳама дардовараш он аст, ки роҳбарият ва зимомдори ин арконҳо, дар тули даҳ соли охир чизеро аз заҳматҳои шабонарўзии ин абармарди таърихи навини миллат наомўхтаанд. Таҳлилҳои охири ҷомеашиносон нишон доданд, ки ҳаштод дар сади эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шахсияти пурифтихори ватанхоҳу ватансози кишвар Пешвои муаззами ҳизб, Президенти муҳтарами мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон буда, пушти ин эътибор ва шарафу номуси ватандориаш иддае паноҳ бурда, эътибори сиёсати хирадмандонаи ўро бар манфиати хеш истифода мебаранд. Ин ҳамаро бори дигар интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баръало нишон дод. Чанде аз марказҳои таҳлиливу иттилоотии хориҷӣ дар арафаи интихоботи навбатии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар таҳлилҳояшон аз ғалабаи бечну чарои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ хабар дода, воқеъбинона мавқеъ ва мақоми ҳизбро миёни мардум баҳогузорӣ намудаанд. Яке аз чунин марказҳои таҳлилӣ-иттилоотӣ ин маркази таҳлилии «Шарль-де-Гол» мебошад, ки моҳи январи соли ҷроӣ ба интихоботи дар пешистодаи кишвар баҳои воқеъбинона дода буд. Дар ҳақиқат хидматҳои Роҳбари муаззами ҳизб дар ободу шукуфоии кишвар бузург буда, мардум дар сурати ҲХДТ як ташкилоти созанда ва пурифтихори миллиро мебинанд. Ҳарчанд, ки бархе аз нотавонбинони сиёсӣ ин эътиборро қудрати сиёсӣ номида, беэътибориашонро миёни мардум бо ҳамин ибора мепўшонанд Маҳз ҳамин иқдомҳои ватанхоҳона ва созандаи Раиси муаззами ҳизб онҳоро дар интихоботи навбатӣ дастболо намуд. Пас баъзе аз мову манҳоеро, ки аз эътибор ва эҳтироми Пешвои муаззами Ҳизб суистифода менамоянд мебояд, ки аз вокеияти таърихӣ чашм напушида, ҳама амалҳои хайри мардумсолории ўро пайравӣ намоянд. Вақтҳои охир боре дар ягон вохўрӣ нашунидем, ки падару модаре, ки маблағҳои калонеро, ба факултаҳои шартномавии литсей, коллеҷ, донишкада ва донишгоҳҳои кишвар ба хотири фарзандон ва ояндаи дурахшони кишвар месупоранд, аз роҳбарияти ин муассисаҳо пурсида бошанд, ки онҳо ба кадом хотир маблағ супоридаанд. Оё дар баробари маблағи бо хуни дил супоридаи падару модар хонанда ё донишҷўро сардамдорони онҳо дониш додаанд ё не? Аммо норизоӣ ва нохушояндгўии онҳоро аз сайтҳои иғвоангези берунӣ зиёд мебинему мешунавем. Чаро онҳоро имкон намедиҳем, ки ин камбудӣ ва норасоиро рў ба рўи Пешвои муаззам бигўянд. Ин хидмати хирсонаи баъзе аз масъулоне, ки намехоҳанд мардум ҳақиқатро ба Роҳбари хирадманди хеш бигўянд, оқибатҳои нохуше ба бор хоҳанд овард.Мутобиқи як сарчашмаи таҳлилии иҷтимоӣ бештари хонанда ва донишҷуи шўъбаҳои шартномавӣ махсусан писарон ба хотири хизмат накардан дар сафи Артиши Миллӣ мехонанду бас.То ба кай аз ин воқеъият чашм мепўшем. Ин ҳама нобасомониҳо лакнаҳои дарднокеро бар бунёди сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам хоҳад зад. Ин рақамҳои ташвишовар бар бунёди ҷомеаи шаҳрвандии мо хатар эҷод намуда ояндаи кишварро ноором хоҳад намуд. Ҳам-ҳамаву даб-дабаҳо дар бисёре аз муассисаҳои тақдирсози миллат хеле зиёд буда, худситоиву доништарошии бархе аз мансабдорони давлатӣ, ки дар мансаб соҳиби унвонҳои илмиву низомӣ ва давлатӣ мегарданд, ҷомеаи имрўзиро хеле ба ташвиш овардааст. Зиёии воқеъӣ дар паҳлуи Роҳбари муаззами халқ, мебояд дар пиёда намудани армонҳои даҳ ҳазор солаи миллати қаҳрамони Гурдофариди тоҷик саҳми босазои хешро гузорад. Аз ташаббусҳои наҷиби Ватанхоҳонаи Пешвои муаззам на дар сухан, балки дар амал дастгирияшро нишон бидиҳад. Шарми он зиёӣ бод, ки Пешвои муаззами халқ дар мавриди шеър, наср, санъат, адабиёт, ҳунар, таърих ва соири илмҳои ҷомеашиносӣ эрод гирифта бо далелҳои раднашавандаи ақливу илми онҳоро мефаҳмонад, ки ба илм, фарҳанг, санъат, адабиёт ва таърихи миллат хиёнат накунанд. Фардо ояндагон аз мо хоҳанд пурсид, ки чаро ба амонати беш аз даҳ ҳазор солаи миллат хиёнат намудед. Вақте, ки зиёӣ бо тумору таштов, сеҳру афсун ва муллову махсуму эшон дил мебандад, чӣ гуна ў метавонад, ки бо садоқат ба ҷомеаи дунявӣ демократӣ ва хуқуқбунёди башардўст хидмат намояд? Ё худ истиқлолияти давлатиамон баъди як сол сӣ сола хоҳад шуд. Бо шарофати Пешвои муаззам, миллати некноми соҳибтамаддуни тоҷикро бо фарҳанги баланди миллӣ ҷаҳониён эътироф намуда, санъат ва ҳунарҳои мардумиамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида ҷаҳониён бо ифтихори зиёд кишвари моро шинохтаанд. Аз чӣ бошад, ки шинохтатарин санъатшиноси тоҷик устоди зиндаёд доктори илмҳои санъатшиносӣ профессор Низом Нурҷонов, ки шаст соли фаъолияти илмиашро сарфи санъати театри тоҷик намуда беш аз сесад мақолаҳои илмии ҷавобгў ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ навишта, зинҳор сазовори унвони академикӣ нагардид. Ҳол он ки баъзе аз мансабдорони давлатӣ хеле ба осонӣ сазовори ин унвон гардиданд. Имрўз донишманди дигари санъати театрӣ ва кино доктори илмҳои фалсафа профессор, иштирокчии даҳҳо симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ устод Саъдулло Раҳимов ки даҳҳо китобҳо ва садҳо мақолаҳои илмиаш на танҳо дар қаламрави собиқ Шўравӣ, балки дар аксари кишварҳои Ғарбу Шарқ номбардори сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами халқ мебошад аз ин унвони баланди илмӣ дар канор мебошад. Дарди мансаб барои бархе аз мансабдорони худхоҳ аз дарди миллат ва Ватан ҳазорон бор болотар буда, онҳо магар фаромўш кардаанд, ки Пешвои муаззами миллат дар тамоми маҷлиси машвараҳои корӣ аз мансабдорони давлатӣ бо самимият ва эҳтироми хоса хоҳиш менамояд, ки бо мардум бошанд. Дарди онҳоро то ҷое, ки тавонанд даво бибахшанд.Дареғо, ки як иддаи хурди мансабдорон номи поки давлатмардони кишварро доғдор намуда, эътибори сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари муаззами кишварро коста месозанд.Дар баъзе аз мақомотҳои қудратии роҳбарикунандаи кишвар хоҷиён ва махсуму эшону саидиён дар хидмати хоҷагони хеш буда,касе маҷоли пишаки онҳоро пиш гуфтан надорад. Чункионҳо ҳамон лаҳза туро аз нигоҳи шариат ва дин бо бидъату куфр маҳкум намуда, бо қонунҳои ҷомеаи дунявии ҳуқуқбунёди башардўст гуноҳи гушношунидеро ба номи поки аз ҳафт то ҳафтод пуштат менависанд. Садҳо ҳазорон шукр Парвадигорро, ки дар пуштибонии мардуми бепушту паноҳ хирадмандеро дар сурати Пешвои муаззами халқ – Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўи кор оварда, мардум озод фикрашонро баён месозанд. Дар арафаи ҳамин вохўрии раъиятпарваронаи Пешвои муаззами халқ аз зиёиёни кишвар хоҳиши он дорем, ки аз воқеъият чашм напушанд. Дарду доғи ҷомеаи имрўзаро бе тамалуқ ва хушомад иброз намоянд. Проблемаҳои илму маориф ва фарҳангу ҷомеашиносӣ, ки дар вартаи нокомиву номуродӣ қарор дошта ояндаи кишварро зери хатар хоҳад гузошт. Мавриди назари неки Пешвои муаззами халқ қарораш бидиҳанд, то аз ин ба баъд зиёиро мардум чун роҳнамои хеш бишносанд. Аз ҷониби Пешвои муаззами халқ дар воқеъ илм ва мактабу маориф хеле ва хеле дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодӣёфта даҳо мактабҳои хуштарҳи замонавӣ дар ба рўи мардум боз намуд. Даҳо боғчаҳои ба меъёрҳои талаботи ҷаҳони нав сохта шуд. Бо таҷҳизот ва лавозимоти таълими ҳамааш пурра гардид. Аммо мутахассисони поктинату ватанхоҳ донишманду соҳибарҷу эҳтиром ҳанўз намерасад. Хеле ба маврид мебуд агар аз рўи адолат ба Пешвои муаззами халқ унвони пурифтихори Академикро лоик бидонему чун устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар атрофаш ҳама олимони воқеъӣ ва зиёиёни кишвар ҷамъ гардида вайрона ва харобаҳои илмии аз ҷониби бархе аз бо ном олимон валангор гаштаро бо кумаку дастгирии бевоситаи ин абармарди таърихи навини миллат таъмир намоем. Аз рўи инсоф ва адолат мебуд, ки ба ҳеҷ тангназарӣ ва рашк иқрор шавем ки донишу фарҳангу хиради азалии Пешвои миллат аз донишу малакаи даҳо олимону Академикҳои каммаҳсул бештар буда, эҳёи фарҳанг ва суннатҳои беш аз даҳ ҳазорсолаи Ориёи бузург маҳсули донишу хиради ў мебошад. Яъне ин абармарди таърихи навини миллат тавониста, ки эътибори беш аз даҳҳазорсолаи миллатро аз минбарҳои баланди симпозиуму конфронсҳои байналмиллалӣ дифоъ намуда, ба оламиён бигўяд, ки мо миллати соҳибтамаддун ва соҳибҷавҳаре ҳастем, ки фарҳанги баланди Ориёи бузургро ба оламиён ҳадя намудаем. Воқеъият он аст, ки баъди ин ҳама ҳақиқати таърихӣ барқарор гардида Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо мақоми «Хазинаи илму маърифат»-и миллати тамаддунсози таърихофари тоҷик табдил хоҳад гашт. Ва бо шарофати номи поки Пешвои муаззам ин даргоҳи муқаддаси илму ирфон аз баъзе, аз унсурҳои харобиовари илм пок гардида, ба мақоми шоистаи классики замони Сомониёни фарҳангпарвари кишваркушо ҳамсанг хоҳад шуд. Ҷумъахон Темурзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.