Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АНДЕШАИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АНДЕШАИ МИЛЛӢ

10-05-2019, 13:18
Хабарро хонданд: 1260 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АНДЕШАИ МИЛЛӢ
Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Истиқлолият маҷмӯи андешаҳои созандаи ҳар як миллати соҳибтамаддун буда, дар асоси ин андешаҳо ҷомеаи инсонсолорӣ бунёд мегардад. Андешаи созанда ва кишваркушо ва башардӯстӣ бори аввал дар таърихи башарият ба замони Каёниёни бузург нисбат дода мешавад, ки ин ифтихор ва шарафмандӣ моли ҳалоли Ориё мебошад. Пешомадони Каёниён дар асоси андешаҳои созандаи башарӣ аввалин давлати хешро сохтаанд.
Империяи бузурги Сосониён бо шукӯҳу шаҳомати хеле ва хеле зиёди фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсиву низомии хеш, ки замони шукуфоиаш аз чор се ҳиссаи ҷаҳонро дар даст дошт, беш аз сад қавму миллатҳои гуногунро дар қаламрави хеш зери парчами Ориёи бузург, дар муттаҳидӣ ва ягонагии афкору андешаи ҷаҳонватанӣ тарбият намуда, заминаи бузургеро барои эъмори як давлати бузурги хирадафрӯз гузоштааст. Аз Ҷамшед то Яздигурд қаламрави Сосониёни бузург мавриди таҳоҷуми ҳазорон душманони моливу ҷонии Ориё қарор гирифта, фарзандони некному ҷасур ва қаҳрамони ин хиттаи гурдзоду гурдофарид дар баҳои хуни далеронаш истиқлолияти хешро нигоҳ доштаанд. Пешвоёни хирадманди ин қаламрав дар асоси андешаи созандаи миллӣ давлат ва империяи бузургро сохта, истиқлолияти миллию давлатии хешро аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Афкори созанда ва пайкори ақлгароӣ, ки ойини қадими миллати кишваркушои Ориёии бузург будааст, ҳазорҳо сафаҳоти пуробу ранги рузгори атиқаро аз Каёниёни бузург то Сомониёни далер ба мо ба мерос гузоштаанд.
Нахуст нишонаҳои истиқлолияти миллӣ ба замони Каёниён мансубият дошта, нишонаҳои шинохти миллат ва давлат низ аз он сарчашма мегирад. Шуарои бузурги миллати кишваркушои қаҳрамонофари тоҷик, аз замони Каёниёни бузург то ба Сомониёни далер, дар садҳо достону қасида васфу мазаммати қаламрав ва истиқлолияти кишвари хешро намудаанд. Шоири хирадманд ва муаррихи адабиёти атиқаи тоҷик, устоди донишманд Алимуҳаммад Муродӣ ин таърихи пурифтихорро хеле хуб ва ба маврид сутудааст:
Оринасабему бо Худоён хешем,
Аз қавми Каёнем, аз он ҳам пешем.
Гуфтем ба бегонаву гӯем ба худ,
Мо пайкарасози қотилони хешем.
Аз ин ба баъд давлатҳо ва кишварҳои гуногун дар кураи замин бо номи қавму миллатҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ намудаанд ва охирин империяи абарқудрат дар рӯи замин ин Иттиҳоди ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ буд, ки беш аз сад миллат ва ҳазорон қавму гурӯҳҳои этникӣ бо ҳудудҳои миллии хеш зери парчами ягона тӯли ҳафтод сол ҳукумат намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои кору пайкор ва набардҳои муқовиматҳои сиёсӣ дастболо ва пирӯз буданд.
Баъд аз табаддулоти давлатии тирамоҳи соли 1990 ин империя пора-пора гашта, соири миллатҳо ва қавмҳои он ба бозичаи дасти кишварҳои абарқудрати Урупо ва Амрико табдил гардида, то ҳанӯз ба худ наомадаанд. Кишварҳои назди Балтик – Латвия, Литва ва Эстония рӯ ба Урупо оварда, худро ба онҳо пайваста, ба таърихи беш аз панҷоҳ соли дар ҳайати Шӯравӣ буданашон хати абадии батлон кашиданд.
Белорусия, ки таърихи муштараки қавмию нажодӣ бо русҳо дошт ва муштаракоти иқтисодиву фарҳангиашон бо русҳо тӯли ҳафтод соли давлати абарқудрати Шӯравӣ бештар гардида буд, бо русҳо пайваст. Ва роҳи наҷоти кишварро аз вартаи ҳалокати иқтисодӣ дар муштаракоти иқтисодиву иҷтимоӣ бо Русияи бузург ёфтанд. Украинҳо бошад, дар аввал Руссияро бародари бузург хонда, дар риштаи ҳамкориҳои иқтисодиву техникӣ муносибати хуби ҳамҷавориро бо Русия барқарор намуданд. Аммо баъди анҷоми муҳлати президентии Л.Кучма кишвар ба дасти касоне уфтод, ки хатарҳои зиёд на танҳо бо Русия, балки ба тамоми ҳамсоягон эҷод намуданд. Тӯли даҳ соли охир муносибатҳояш бо Русияи абарқудрат тамоман сард гардида, хатари порашавӣ ва аз байн рафтани Украина ҳамчун давлат ва як воҳиди маъмурӣ бештар гардидааст. Дар Кафқоз бошад, арманиҳо ва озариҳо Русияро шарики боэътимоди иқтисодиву иҷтимоӣ ва кафили сулҳ дар минтақа эътироф намуда, ҳамкориҳояшонро дар соҳаи иқтисодиёт ва ҳарбиву техникӣ мустаҳкам намуда, ба хотири раҳоӣ аз саргумиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба Русия пайвастанд. Гурҷиҳо бошад, ба хотири проблемаҳои этникии дохили кишвар натавонистанд, ки мавқеашонро бо Русия муайян намоянд. Проблемаи Абхазия ва Осетияи Ҷануб гурҷиҳоро маҷбур сохт, ки бо Русия равобити хуби ҳамсоягӣ барқарор намоянд, то кишварро аз ҷангҳои бехонумони қавмиву нажодӣ наҷот бахшанд. Тақдири ояндаи гурҷиҳо бо дасти худи онҳо бояд муайян шавад, на ба дасти хоҷагони берунӣ. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, натавонистанд, ки мавқеъ ва мақоми сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҷуғрофии худро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл намоянд. Ба ин хотир қазоқҳо ва қирғизҳо, ки аксари зиёдашон зери таъсири фарҳанг ва суннатҳои русӣ тарбият дида буданд, бе ягон истиҳола ба Русия пайвастанд. ӯзбекҳо сӯи Туркия чашми умед дӯхтанд. Туркманҳо худро бетараф эълон намуда, рӯ ба илтифоти Эрон намуданд. Тоҷикистон бошад, дар миёни кишварҳои турктабор ҷазираеро мемонд миёни уқёнус. То соли 1993 мавқеъ ва мақоми Тоҷикистон муайян набуд ва ҳамин номуайянӣ ва бемавқеии роҳбарияти сиёсиии онвақтаи кишвар Тоҷикистонро то моҳи ноябри соли 1992 қариб буд, ки ба нобудшави орад.
Андешаи миллии созанда ва муттаҳидкунандаи кишвар зери по уфтода, андешаи сӯзанда қудратманд гардида буд. Тақдири истиқлолият ба дасти хатарноктарин касон афтод. Вале мардуми тамоми манотиқи кишвар ин хатарро ба ҷон дарк карданд, ба муковимат бархостанд ва зери роҳбарии хирадмандонаи раҳбари ҷавон, Раиси Шӯрои Олии тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз нав, бо тарҳи нав, бо андешаи созгори башарӣ сохтанд. Миллати паҳну парешонгаштаро роҳбари ҷавони хирадманд бо андешаи созандаи миллӣ ҷамъ овард. Ҷонибҳои даргирро бо бахшандагию меҳрубонӣ иттиҳоду якпорчагӣ даъват намуд. Иқдоми бахшандагию меҳрубониро ҳамчун роҳбари сиёсии кишвар оғоз бахшид. Занҷирҳои бардагии фирориёнро шикаст. Оғӯши муҳаббату бародарии хешро боз намуд. Дар як муддати кӯтоҳ атрофи хеш нафароне, ки чун ӯ андешаи созандаи миллӣ доштанд, ҷамъ намуд, ҳарчанд ки порлумони соли 1990 бо афкори сиёсии гуногун, ки бо гурӯҳҳои хурди сиёсӣ тақсим шуда буд, бо ҳамдигар аз муросо ва мусолаҳа хеле ва хеле дур буданд. Аммо Иҷлосияи тақдирсози қасри Арбоби Ҳуҷанд он гурӯҳи хурди тундрави парлумони соли 1990-умро маҷбур сохт, ки бо гурӯҳи созандаи сулҳ ва истиқрори миллӣ таҳти раҳбарии раиси тозаинтихоби ҷавон Эмомалӣ Раҳмон созиш намуда, кишварро аз вартаи ҳалокати сиёси наҷот диҳанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо гурӯҳи тундгаро бо ҳар роҳу восита то охирин рӯзҳои ваколатдориашон муқовимат намуда, амнияту осудагии кишварро халалдор мекарданд. Ҳамин тавр истиқлолияти воқеии кишвар ҷилои тобноки хешро баъди интихоботи навини Президенти кишвар 4-уми ноябри соли 1994 ба мардуми шарифи кишвар боз намуд. Ранҷу заҳматҳо ва бедорхобиҳои роҳбари сиёсии кишвар ва ҷонибдорони воқеияш дар муқобили рақибони сиёсиаш оғоз гардид.
Истиқлолият соҳиб ва пуштибони воқеии хешро дарёфт. Бо матонат ва бурдбориву қаҳрамонӣ ҷавонмарде аз дудаи Сомониён, наваи Сосониён, нишони тобдоре аз Каёниёни бузург рӯи саҳнаи сиёсат омад. Ин мақдами муборак ва некбину некрой, нексиришт, дар киштаҳои армони миллат тухми садоқат, матонат ва имону ихлоси ватандориву ватанхоҳиро кишт.
Ҳосили аввали ин кишта бори сабр, таҳаммул, иттиҳод, сулҳ ва якпорчагиро ба бор овард. Ҳама қолабҳоро шикаст. Бо дид ва нигоҳи нав даст бар эъмори бинои нави ормонҳои миллат гузошт. ӯ аввалин раҳбари сиёсии кишвар аз замони Шӯравӣ то ин замон буд, ки бо мардум пайваст. Вохӯриҳои мунтазам бо мардуми одӣ, гӯш кардани садои қалби ҳазини дардманди заҳматкаши кишвар, муҳаббат ва садоқати бепоёнашро миёни мардум даҳчанду садчанд намуд.
Ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми бенаво ва дардманду муҳтоҷ ӯро ба сифати раҳбари воқеии кишвар соҳиби иззату обрӯи зиёд гардонид. Бо аҳли калом, санъат, фарҳанг ва ҳунармандону зиёиёни кишвар дар ҷашну тантанаҳои миллӣ хеле озод ва самимӣ суҳбат мекард. Дар роҳи ҳалли масоили мубрами фарҳангию маориф он қадар самимона масъалагузорӣ мекард, ки шахсиятҳои аввали ин вазоратхонаҳо ҳайратзада мешуданд. Дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, ки ояндаи кишвар ба онҳо сахт алоқаманд мебошад, ҳамеша дар мадди назари ӯ қарор дошта, дар деҳа, маҳалла, шаҳрак ва ноҳияҳо тамоми шароитҳои таълиму тадрисро мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монд. Ин ҳама заҳматҳо ӯро миёни мардум соҳиби эътибори хосса гардонида, боварии мардумро ба раҳбари муаззами хеш зиёд намуд. Иддае аз кӯрдилон, ки бозичаи дасти душманони марзу буми тоҷик буданд, аз пушти сангарҳои душманӣ, суханҳои носазо ва овозаву буҳтонҳои пур аз ғарази хешро миёни мардум паҳн мекарданд. Ҳасудони сиёсиаш бошад, иддае аз гумраҳонро атрофии хеш ҷамъ намуда пайт меҷустанд, ки сару садоҳои иғвоангезеро баланд намоянду ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бигӯянд, ки Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи марказӣ ва собиқ қаламрави Шӯравӣ хатарзост. Ин ҳама талошҳои душманонаи онҳо барабас рафт.
Роҳбари ҷавон ва тозаинтихоби кишвар бо неруи нави созанда андешаи созандаи миллӣ ва садоқат бар халқу ватани хеш ҷомеаи башариро водор сохт, ки миллати тоҷик миллати созанда буда, ба соири миллату халқҳои ҷаҳон паҳлу ба паҳлу бародарвор зиндагӣ намуда, саҳми бузурги хешро дар эъмори ҷомеаи башарӣ хоҳад гузошт.
Таърих, адабиёт ва фарҳанги беш аз даҳ ҳазорсолаи тоҷик ба ҷаҳониён собит намудааст, ки фарзандони фарзонаи ин миллат аз қабили Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрав, Шайх Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Мавлоно Ҷалолидини Балхиву даҳҳои дигар чароғҳои равшани ҷаҳониён мебошанд. Нури хиради онҳо торикистони соири миллатҳо ва халқҳои ҷаҳонро новобаста аз мансубияти миллию қавмӣ ва динию сиёсӣ баробар рӯшноӣ мебахшад.
Нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ, нигоҳ доштани истиқлолияти комили давлатӣ буда, заминаи устувор ва пойдории он сулҳу субот ва якпорчагӣ дар кишвар мебошад. Нахуст хишти бинои нави муҳташами миллат ин истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар саросари қаламрави кишвар гузошта шуд. Ва андешаи созандаи миллӣ рӯйи кор омада, муждаи васл пайғоми ҳамдиливу ҳамбастагиро дар саросари кишвар шукуфоӣ бахшид. Роҳбари ҷавон ва хирадманди тоҷик аз рӯзҳои аввали сари кори сиёсӣ омаданаш ҳанӯз охири моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, дар Хуҷанди бостон гуфта буд: «То замоне, ки як тоҷики азизи ман берун аз Ватан, дар ғурбату бечорагӣ ранҷ мебарад, ман худро ором ва озод намеҳисобам. Ба Ватан баргардонидани тамоми муҳоҷирони иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишварро вазифаи муқаддасӣ худ дониста, худро вазифадор меҳисобам, ки ин кори сангинро бо дастгирии бевоситаи мардумони кишвар ба сомон расонам». Ин суханон дар он шабу рӯз дар баҳои хонумон ва хуни поки тоҷик қарор дошт. Ва Худованди бахшандаву меҳрубон ва дӯст доштанӣ садои поки аз танӯри қалби милливу ватанхоҳӣ ба гӯши африштагон расидаи ӯро шунид. Ормонҳо дар киштзори қалбҳои пок гул карданд. Ва садои ғулғулаи сулҳу якпорчагӣ самои поки кишварро нурафшон кард. Ҳамагон ба Ватан баргаштанд. Оғӯши муҳаббат ва бародариву якпорчагӣ ҳанӯз боз аст. Амнияту осудагии кишвар бо мақдами мубораки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумии кишвар нишони эътиқод ва эътимоди мардуми саросарии кишвар ба ояндаи дурахшон мебошад.
Бисёре аз коршиносони сиёсии кишвар бар он назаранд, ки истиқлолияти давлатӣ моҳи сентябри соли 1991 роҳҳову уфуқҳои нави сиёсиву иҷтимоиро ба рӯи мардум боз кард. Аммо иддае ба он омода набуданд ва ҳамин нашнохтанҳои сиёсӣ, боиси сарсониву саргардонӣ ва ба сангарҳо ҷудо шудани мардуми кишвар гардид. Иддаи дигари коршиносони сиёсӣ бар он назаранд, ки роҳбарияти вақти кишвар аз андеша ва афкори сиёсии мардум фарсахҳо дур буд. Ва роҳбарияти сиёсии кишвар он замон самти пешбурди идеолужии ягонаи сиёсат ва амнияти кишварро бар манфиати як гурӯҳи муташаккили сиёсии бозичаи дасти бегонае ҳал кардан мехостанд. Чунин андеша ва назарҳои сиёсии коршиносон даҳҳо рисолаҳои илмиву амалиро рӯи кор овардаанд, ки барои коршиносони сиёсии ояндасози ҷомеаи имруза аз манфиат холӣ нестанд. Аммо назари банда ҳамчун як коршиноси мустақили сиёсӣ ин аст, ки бедории миллӣ ва андешаи сиёсии миллӣ оғози солҳои 90-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле ва хеле пешгомтар буд. Таъсиси бунёд ва созмонҳои фарҳангӣ- иҷтимоӣ аз ҷониби равшанфикрон, шоирону нависандагон, файласуфону таърихшиносон гувоҳи он буд, ки қишри бедордил ва фарҳангдӯсту ватанхоҳони кишвар бехабар аз фитнаи иддае аз диндорони мутаассиб, ки худро бандаи идеолужии аҷнабиёни динфурӯш карда буданд, ин бедории миллии донишмандони кишварро тавонистанд, ки ба осонӣ мутеи худ гардонанд ва аз онҳо ба хотири манфиатҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ва ҳамин тавр зарбаҳои маргбор бар бунёди фарҳанги миллӣ низ зада шуд. Аммо ҳазорон шукр Парвардигорро, ки дар аркони сиёсии кишвар хирадманде аз дудмони Сосониёни бузург ва кишваркушо сари кор омад ва истиқлолиятро аз вартаи ҳалокати сиёсӣ наҷот бахшид.
Аввалин кору пайкори ин абармарди таърихи сиёсат ва фарҳанги миллӣ соли 1995 таҷлил намудани ҷашни 680-солагии шоир ва файласуфи бузурги Машриқ Мирсаид Алӣ Ҳамадонӣ дар қалби Хатлонзамин, Кӯлоби бостонӣ мебошад. Маҳз ҳамин ҷашни пуршукӯҳ ба ҷаҳониён нишон дод, ки роҳбарияти сиёсии кишвари Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои сиёсии хеш, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори сулҳу якпорчагии кишвар буда, заминаи бунёди сулҳи саросарии тоҷиконро дар сурати Анҷумани ҷаҳонии тоҷикони ақсои олам гузошт. Забони ҷанг бурида шуд. Ливои сулҳ ва дустиву бародарӣ дар саросари кишвар парафшон гашт. Эътибор ва шаъну шарафи Президенти кишвар, роҳбари сиёсии тоҷикони ҷаҳон мушти маҳкаме бар даҳони ҳарзагӯёни кӯрдил ва ҳасудони сиёсии ӯ буд. Ба ибораи дигар ӯ Тоҷикистонро аз нав сохт, пораҳоро ҷамъ кард, ҷамъҳоро шамъ кард ва ба қалбҳои хаставу ҳазин тобу тавон бахшид. Ва ҷаҳониён ӯро ҳамчун муассиси Тоҷикистони нав дар арсаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ шинохтанд. Аввалин роҳбари сиёсии кишварҳои тозаистиқлоли ҷаҳон буд, ки аз минбари баланди СММ аз дину фарҳанги хеш бо садои баланд дифоъ намуд. Ба ҷомеаи башарии олам таъкид кард, ки дини мубини ислом бо террорист ва терроризм ҳеҷ иртиботе надорад. Худи террорист мансубияти динӣ ва мансубияти милливу қавмӣ надошта, мафҳумест, ки бар амнияти ҷомеаи башарӣ хатарбор аст. Дар он шабу рӯз дифоъ аз арзишҳои милливу динӣ кори осон набуд. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ хеле хатарзо буда, марзи Давлати Исломии Афғонистон аз ҷониби бисёре аз гурӯҳҳои бо ном давлати исломӣ ва ҳаракатҳои террористии ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат қарор гирифта, ин омили номатлуб метавонад амнияти кишвари моро ноором созад.
Раҳбари муаззами кишвар борҳо ба таъкид аз мардуми хеш ва раҳбариятҳои сохторҳои қудратӣ даъват намуд, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, марзу буми хешро дар баҳои ҷони худ дифоъ намоянд. Аммо бо таассуф метавон гуфт, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ зери ниқоби дини мубини ислом, бо амри хоҷагонашон миёни мардум таблиғоти хатарзои мазҳабӣ мебаранд, ки оқибати онҳо фоҷиабор мебошад.
Хеле таасуфовар аст, ки бисёре аз ходимони дину давлат зери мафҳуми дини мубини ислом таърихи забту ғорат ва куштори бераҳмона аз ҷониби арабҳои биёбониро миёни мардум таблиғу ташвиқ менамоянд, ки ин ҳама оқибатҳои дарднокеро ба сари миллат хоҳад овард. Он бешарафон манфиатҳои миллию давлатиро зери по гузошта, ифтихори дурӯғине аз ҳоҷӣ, эшон, ва сайид буданашон доранд. Агар замоне миёни бархе аз мансабдорони давлатӣ доштани унвонҳои илмӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона ба охундҳои мансабдори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳукми мӯд даромада буд, анқариб навад дар сади вазоратхонаҳои давлатӣ пур аз номзаду докторҳои дурӯғин гардида, аксари ин мансабдорони “соҳибунвон” даргоҳи донишгоҳу донишкадаҳаро охурча карда, бо кароҳати зиёд мансабҳои илмиро низ зери по карда буданд. Ҳол он ки олимони воқеӣ ва донишмандони асили ватанхоҳ бо ҳар роҳу восита ва баҳонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин ашхоси кӯрдил зери фишор қарор доштанд. Имрӯз бошад, унвонҳои кӯчагии динию мазҳабии аз қабили “сайидӣ”, “ҳоҷӣ”, “эшон”-ро бо ифтихор касб намуданд. Барои ректор, декан ва мудири кафедраи донишгоҳу донишкада кормандони мақомоти раҳбарии зинаҳои давлатӣ аз маҳалла, ноҳия, шаҳрак ва шаҳрдорию ҳатто мақомотҳои аз ин баландтарини кишвар чӣ зарурат дорад, ифтихори дурӯғини кӯчагии “эшон”- у “сайидӣ”, “ҳоҷӣ”-ю боз ким кадомҳои дигарро бо номи худ илова намуда, рахна бар сиёсати башардӯстонаи Роҳбари муаззами кишвар мезананд? Чаро онҳо бо хирад ва заковат ва миллатдӯстию ватанхоҳии Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки онҳоро бо тавсияи раҳбарияти зинаҳои болоӣ ба ин мансабҳои пурифтихори давлатӣ таъйин намудааст, пайравӣ намекунанду аз пушти кадом як биёбонии бефарҳанг роҳ пеш мегиранд? Банда зинҳор намехоҳам, ки домони поки аҳли тақвоеро, ки дар тарбияи ахлоқии ҷомеаи имрӯза саҳмгузор мебошанд, доғдор намоям. Агар ҳарфе дар ин нигоштаҳо тунд ва пурэҳсос рӯи саҳфа омада бошад, аз он бузургон маъзарат мехоҳам ва аз забони бузургмарде барои рафъи хотироти пок, ки нороҳат набошад, хоҳем гуфт:
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст
В-агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Имрӯз аксари кулли донишмандони исломи муосир ва ахлоқи муҳсинӣ бар он ақидаанд, ки мард баъди шастсолагӣ мебояд рӯ ба тақво ва ҳиҷрати мусалмонӣ биёрад.
Воқеаҳои фоҷиабори кишварҳои арабии Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ, Афғонистон, Покистон бори дигар нишон дод, ки аксари кулли размандагони неруҳои ифротгарои исломӣ ҷавонони аз 15 то 30-сола мебошанд, ки аз гумроҳӣ ва нотавонии ақли шомили ин гурӯҳҳо гардида, роҳи бозгашт ба ҳаёти осоиштаро надоранд. Ҳаракатҳои ифротгароии “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “Ҷундуллоҳ”, “Ансоруллоҳ”, “Лашкари тайиба”, “Шаҳидуллоҳ” дар кишварҳои Ховари Миёна хеле ва хеле фаъол гардида, аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мағзҳои наврасону ҷавононро заҳролуд намуда, онҳоро бо ҳиллаву найранг ба майдони ҷанги бехонумон даъваташон менамояд. Синну соли миёна, яъне нафарони аз 30 то 45-сола бошад, дар гирдоби андешаҳои зану фарзанд ва хонавода банд гардида, барои дарёфти музди рӯзгор фурсати ворид гардидан ба он шабакаҳоро надоранд. Мардуми аз 45 то 60-сола бошад, андешаи қавмӣ, маҳалладорӣ намуда, намехоҳанд, ки эътибор ва шаъну шарафи хешро миёни мардум коста намоянд. Ин нишондодҳо барои мардуми мо меъёри ахлоқӣ ва эътибору шарафи инсонӣ буда, ҳамеша дар маркази диққати соҳибэҳтирому соҳибэътиборони маҳаллаву деҳа ва шаҳраку ноҳияҳо мебошад.
Роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мардуми ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон борҳо батаъкид дар тамоми вохӯриҳояш бо ҷавонон, зиёиён ва Парлумони кишвар бо як дилсӯзӣ ва ғамхоронаи ватанхоҳи аз ҳар як фарди одӣ то тамоми мансабдорони давлатиро хоҳиш мекунад, ки ба қадри ин Ватан, ин миллат, ин дастовардҳо, истиқлолият ва сулҳу якпорчагии кишвар бояд расид. Ба ҳеҷ хоҷае умед набандед. Ин Ватан, ин хона, ин боғу роғу кӯҳу чаман аз мо мардумони Тоҷикистон мебошад. Нагузоред, ки ин чаманистон поймоли зоғу заған бигардад. Оре, ҳақ ба ҷониби Роҳбари Муаззами кишвар мебошад. Хирадмандони кишвар ҳама иқдоми ин абармарди таърихи миллатро бо ҷону дил пуштибонӣ намуда, ҳамеша дар ҳама ҳолат ҳампаҳлуи ӯ мебошанд. Он чи ки хоса нафари бофарҳанги миллатдӯст ва ватанхоҳро ба ташвиш меорад, ин надонистани фарҳанги сиёсии миллӣ мебошад. Бо таассуф, аксари кулли мансабдорони давлатӣ, аз зинаҳои поёнии роҳбарии хоҷагиҳо, идораҳои давлатӣ, мактабу маориф ва зинаҳои роҳбарикунандаи макотиби олии кишвар бозичаи дасти иддае аз диндорони мутаасиби хатарзо гардида, бар хилофи таъкидҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами кишвар амалҳои носавоберо дар ҳаққи ин миллати ҷафокашидаи хирадпарвар раво мебинанд. Боре як нафар дӯсти бисёр арҷманд ва донишманду ватанхоҳу ватанпарварварам, ки сӣ соли бобаракатии умрашро дар Вазорати корҳои дохилии кишвар гузаронидааст, бо дили пур дард ва сари пур аз шӯру савдояш аз як нишасташ дар маҳфили хонадоршавии фарзандони кадом як дӯсташ чунин қисса намуд. Ду нафар полковникҳои ба тозагӣ ба нафақабаромада бо ҳамдигар чунин сари суҳбатро оғоз бахшиданд.
Яке бо дигаре мегуфт: “Хайрият, ки бо ризогии Худо ва дуои пирам эшони... буд, ки бо даъвати Фатҳулло Гюлен мо чанд нафар кормандони мақомотҳои гуногуни давлатӣ зиёрати хонаи Худо намудем ва бо туҳфаҳои пурарзиши ин чеҳраи пурбаракати исломӣ сарфароз гардидем”. ӯ хеле ва хеле Фатҳулло Гюленро ситоиш намуда гуфтааст, ки аз соли 1995 то соли 2015 наздики сесад нафар кормандони сохторҳои гуногуни давлатӣ бо зану фарзанд ва хешовандонашон аз ҳисоби ин чеҳраи сиёсии исломии турк зиёрати хонаи Худо намуданд. Биёед, акнун худатон қазоват намоед, ки аз ин дида хиёнати шадидтаре дар ҳаққи давлат ва миллат мешавад? Имрӯз он ҳоҷиёни собиқ мансабдор давлати пирӣ меронанд. Хонаводаашон бошад, дар хизмати хоҷаи хешанд.
Сулҳеро, ки дар баҳои хуни садҳо фарзандони фарзонаи миллат ва бо заҳмату ранҷҳо ва бедорхобиҳои зиёди Роҳбари муаззами кишвар ба даст омадааст, бо чунин нафарон метавон пойдор нигоҳаш дошт? Оё воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015 хоби кадоме аз ин «Ҳоҷӣ-навкарон»-ро нороҳат сохт ё не? Иддае аз он мансабдорони давлатие, ки ҳамкосаи он кӯрнамакони балвогар буданд, чаро бо ҷасорату матонат аз Сарфармондеҳи Олии неруҳои мусаллаҳи кишвар ва халқи бузурги қаҳрамоновари тоҷик маъзарат нахостанд? Бо он бори гуноҳи нобахшиданӣ то ба кай фиреби мардум мекунанд? Ва азизе аз хирадмандони тоҷик ҳанӯз ҳаштсад сол қабл аз имрӯз дар мазаммати чунин «Ҳоҷӣ-навкарон» хеле хуб гуфтааст:
Намозе, к-аз сари сидқу сафо нест.
Агар дар Каъба бигзорӣ, раво нест.
Ва ин сулҳи дар баҳои хуни садҳо ҷавонмардони далери ватанхоҳ бадастовардаро бо ҳама дастоварду ободкориҳо ва созандагиҳо мебояд чун гавҳараки чашм азиз бидоранд. Ба қадри ранҷу заҳматҳои сулҳофарони миллат бо роҳбарии Роҳбари муаззами кишвар бирасанд.
Оё касе боре аз ин хоҷаву эшону сайидиҳо мепурсад, ки унвонҳои баланди илмӣ аз номзади илм, доктори илм, академик чӣ зарурат дорад, ки суистифода намоянд? Хуб мебуд, ки “ин олимони шинохта”-ро аз ин ба баъд мутобиқи рутбаҳои динӣ ва қунияи қавмии арабиашон барои кор ба масҷид бифиристанд. Ин ҷо ҳақ ҷониби Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, ки хеле хуб фармудаанд:
Як кафш бувад барои як пой,
Як дил нашавад ду меҳрро ҷой.
Пас хуб мебуд, ки ин ҳоҷӣ-докторҳо, ҳоҷӣ-профессорҳо ва ҳоҷӣ-академикҳо даргоҳи пуршарафи роҳбарии мактабу донишкада ва донишгоҳу вазоратхонаҳои кишварро мардонавор тарк намоянд ва бо хотири дастгирии сиёсати хирадмандонаи раҳбари муаззами кишвар муаззинӣ ва раҳбарии масоҷидро бар дӯш бигиранду кишварро аз хатарҳои глобалии динию мазҳабӣ наҷот бибахшанд.
Бале, ин далерӣ ва шуҷоати роҳбари ҷавон ва хирадманди тоҷик омили асили сулҳ ва истиқлолияти комили давлатӣ буда, ҳамин омил маҳаки пешрафти иқтисод, фарҳанг, маърифат, маориф ва сиёсату иқтидори низомии кишвар будаву ҳаст. Биёед аз рӯйи инсофу адолати инсонӣ ба арзишҳои истиқлолият ва мақоми Роҳбари муаззами кишвар, Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон бетамаллуқ ва дурӯғи мақомхоҳиву ҷалолатталабӣ баҳо диҳем. Боз кардани марзи меҳр ва бародарӣ, кушодани дарҳои беш аз бист сол бастаи ду бародари ҳамсояи ориёӣ, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол дар муқобили ҳама гуна муқовиматҳо ва таҳоҷумҳои сиёсиву фарҳангӣ бо ҳам буданд, барои ду халқ, ду миллати ҳамкеш шоистаи баландтарин арҷгузориҳои фарҳангӣ ва сиёсии кишваркушоӣ мебошад. Наврӯзи соли 2018, Наврӯзи ҳамдилӣ, бародарӣ ва ҳамкешии ду миллати ҳамтақдир бар қалбҳои миллионҳо мардумони ин ду хитта шодиву сурур оварда, киштзори умри онҳо бо баракати ин ду абармарди таърихи навин сарсабз гардид. Муҳаббат ва самимияти ватанхоҳӣ ва созандагии Роҳбари муаззами халқ, Президенти мардумӣ, Бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Эҳёгари тамаддуни беш аз ҳазорсола Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Президенти муҳтарами Ҷумҳурии ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебояд ба таври ҳамешагӣ мавриди омӯзиш ва ташвиқу таблиғ аз боғча, мактаб ва таълимгоҳҳои касбиву техникӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои кишвар қарор бигирад. Ҳамаи садду деворҳои сунъии сиёсӣ бояд ба пуррагӣ бардошта шавад. Ҳамонсуханони пурмуҳаббат ва самимонаву пурарзиши Президенти муҳтарами Ҷумҳурии ӯзбекистон ҷаноби Шавкат Мирзиёев, ки аксари кулли мардуми Тоҷикистонро бо ашки шодӣ ба гӯши ҷонҳояшон расида буд, бояд ба такрор бар гӯши ҷони пунбабаргӯшони дунёбехабар расонида шавад:
“Замоне ки ман ҳокими Самарқанд будам, аз наздик бо рӯзгори мардуми Самарқанд ошноӣ доштам. Тамоми маъракаҳои шодиву фараҳ ва ҷашнҳои суннатии ин мардумро суруду мусиқии тоҷикиву ӯзбекӣ шукӯҳу шаҳомат мебахшид. Дар маъракаҳои хурсандии мардуми ӯзбек суруду мусиқии тоҷикӣ танинандоз буд. Дар маъракаҳои хуши суннатии тоҷикон бошад, тарона ва мусиқии ӯзбекӣ шавқу шӯр мебахшид. Ман чӣ гуна метавонам, ки ин ду миллати ҳамкеш ва ҳамтақдирро аз ҳам ҷудо созам. Имрӯз, ки тақдир ва сарнавишт ба ман ин имкониятро додааст, ман бо муҳаббат ва самимияти бародарона, бо оғуши боз назди бародари арҷманд, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо армуғони дӯстиву бародарӣ омадам”. Ин буд муҳтавои он сафари аввалини расмиву давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии ӯзбекистон ҷаноби Шавкат Мирзиёев. Тӯли беш аз як соли ин сафари армоншикан миёни ин ду миллати ҳамкеш он қадар қадамҳои пурмуҳаббате аз ҷониби Роҳбарияти ҳар ду кишвар гузошта шуд, ки тӯли сад соли охир мислашро таърих ёд надорад. Ин иқдомҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами кишвар, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд аз ҷониби ҳама роҳбарияти зинаҳои поён то болои ҳукумати кишвар миёни мардум дар сатҳи баланди маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ барои насли ояндасози кишвар ташвиқу таблиғ гардад.
Имрӯз ҳар як фарди ватанхоҳ ва кишварсозро мебояд, ки ба қадри ин неъматҳои беминнати истиқлолият бирасад. Ба иқдомҳои шоистаи Роҳбари муаззам, Бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, дар роҳи амнияту осудагӣ ва созандагии кишвар саҳми хешро гузорад.

Ҷумъахони Темурзода


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: