Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВАКИЛИ ЭЪТИБОР

ВАКИЛИ ЭЪТИБОР

30-01-2020, 11:30
Хабарро хонданд: 526 нафар
Назарҳо: 0
ВАКИЛИ ЭЪТИБОР
Фиристода бояд ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Сипос ва дуруди бепоён бар рӯҳи поки ба ҳақ пайвастаи ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ бод, кибо ин паёми пур аз матонату қаҳрамонӣ беш аз ҳазор сол боз фарзандони далеру шуҷоъ ва ватанхоҳу ватанпарвари кишвари азизу биҳиштосои Тоҷикистонро дар рӯҳияи бузурги тавоноӣ тарбият намуда, ин абёти пуразматонат ливои пирӯзии онҳо гардида. Дарвоқеъ, фиристода, ки сазовори боварии халқ ва меҳани азиз мегардад, мебояд дар аслу асолат сазовор ба ин боварӣ бошад. Интихоботи дарпешистодаи номзадҳои арзандаи халқ, ба Маҷлиси намояндагони кишвар ифодагари ин рӯҳияи бузурги ватанхоҳӣ буда, нафарони арзанда ва донишманду матинирода таҳаммулпазиру дурандешро ин маъракаи муҳими сиёсии тақдирсоз бо худ хоҳад хонд. Ва мардум бо раъю боварии зиёд номзади арзандаи хешро ба ин мақоми пурифтихори тақдирсоз пешбарӣ хоҳанд намуд. Ҳизби ормонҳои миллӣ, ҳизби созандаи сулҳофар, ҳизби эътибор ва шарафи ватандорӣ, ҳизбе, ки шерозаи пурифтихори тоҷи каёнии миллати фарҳангсолору хирадафрӯзи тоҷик гардида, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами халқ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсии фаъоли кишвар номзадҳои арзандаи хешро пешбарӣ намуда, бо боварӣ ба ояндаи дурахшон интизори раъйи мардум мебошад. Ҳизб баъди Анҷумани ХIII бо раъйи аксарияти вакилон номзадии бисту ҳашт нафар фарзандони арзандаи миллатро аз рӯйхати умумии ҳизбӣ, аз ҳавзаи ягонаи кишвар пешбарӣ намуда, умед бар он дорад, ки мардум дар интихоби онҳо соҳибихтиёр буда, номзадҳои арзандаашро дастгирӣ хоҳанд намуд. Баъди машварати зиёди раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти панҷсолаи ҳизб ва пешниҳоди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами халқ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали Раиси ҲХДТ шахсияти хеле шинохта ва соҳибэҳтироми кишвар, доктори илмҳои сиёсӣ Фаттоҳзода Саидмурод Самад дар рӯйхати ҳизбӣ ҳамчун нафари аввал дар қатори бисту ҳашт нафар пешбарӣ гардид.
ЧЕҲРАИ ОШНО

Шахсияти пурэътибор, донишманд ва таҳаммулпеша ва содиқ ба миллат ва Ватан буда, соли 1958 дар хонадони муаллим, шахсияти соҳибэҳтироми собиқ вилояти Кӯлоб устоди равоншод Самад Фаттоев ба дунё омада. Соли 1981 донишгоҳи пурэътибортарини қаламрави собиқ Шӯравӣ Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москваро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намуда, аз соли 1981 то 1984 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор фаъолият намуда, соли 1984 то 1986 барои хидмат ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон сафари хидматӣ намуда, баъди сафари хидматӣ солҳои 1987-1989 боз ба кори рӯзноманигорӣ идомабахшида, соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатиро хатм намудааст.Аз соли 1991 то 1993 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии Маркази матбуоти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии муовини ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1993-94 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994-2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, аз 26 июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли 2014 то 13 декабри соли 2019 вазифаи муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонроба уҳда дошт.
Номи ӯ аз соли 2007-ум зиннати матбуоти даврӣ гардида, расонаҳои дохилӣва хориҷи кишвар мунтазам номи пурифтихорашро манзури оммаи васеи хонандагон мегардонид. Баҳсҳои зиёди сиёсие, ки миёни намояндагони собиқ мухолифини сиёсии давлат Ҳизби наҳзати исломӣ ва балегӯйҳояш бо давлат ба миён меомад аз рӯи мақоми сиёсиаш ӯ бо як одоби хоси сиёсӣ ва давлатӣ ба онҳо ҷавоб мегуфт. Аслан, баҳсҳои сиёсии мухолифин, ки иғвоангезона ва ҳангомаҷӯёна буданд, ростӣ на ҳар мансабдори давлатӣ ба онҳо посух дода метавонист. Хусусан, баҳсҳои сиёсии иғвоангези Клуби баҳси сиёсии «Диалог», ки раиси Ҳизби наҳзати исломӣ М. Кабирӣ роҳбарии онро ба дӯш дошт, фаъолияти бисёре аз сохторҳои ҳукуматро зери тозиёнаи танқид қарор дода, ин баҳсро ба бозорҳои иғвофурӯшии расонаҳои хориҷӣ таҳвил медоданд.Маҳз матонату хирадмандӣ ва таҳаммулпешагии С. Фаттоҳзода дар ҳамон шабу рӯз тавонист, ки алангаи оташи кинаи онҳоро хомӯш намояд. Шабакаҳои иттилоотии «Бибисӣ», «Озодӣ», «Садои Амрико», «Садои Олмон», «Франс-Пресс», «Радио ва телевизиони Эрон», «Садои Осиё» ва даҳҳои дигар, ки мақсади асосиашон нооромии фазои иттилоотии кишвар буд, бо ҳукумат ҳамеша дасту гиребон буданд. Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худро ҳомиёни дину мазҳаб ном мебурданд, боамри хоҷагонашон ҳар моҳ як иғвои наверо дар фазои сиёсиву иттилоотии кишвар ба миён меоварданд.
Бархе аз ҳамкосагони онҳо бошад,аз нотавонбинӣ, аз тариқи расонаҳои хабарии хориҷӣ гуфтаи онҳоро дастак намуда, санги маломат бар пои ҳукумат мезаданд. Бо ҳар роҳу восита эътибори ҳукумат ва давлатро костан мехостанд. Маҳз далериву ҷасорат, хирадмандаву дурандешии С. Фаттоҳзода тавонист, ки мушт бар даҳони ҳарзагӯён бизанад. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехостанд, ки аз миёни намояндагони баъзе аз мақомотиҳукумат зархаридонашонро пайдо намоянду бо бӯҳтоне эътибори ҳукумат ва давлатро коста намоянд. Бехабар аз он ки мактаби маҳорати касбии хабарнигории С. Фаттоҳзода тавонист, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқтарин фарзндони миллатро ҷамъ оварад. Ба ибораи дигар девори бузурги нанги ватандорӣ аз ҷониби С. Фаттоҳзода атрофи эътибори ҳукумат қомат афрохт. Ин девор, ҳанӯз дар хидмати халқу Ватан мебошад. С. Фаттоҳзода, ки воқеъан, сиёсатмадори зирак, таҳаммулпеша, донишманд, ватанхоҳ ва содиқ ба халқу миллат мебошад, миёни аксари хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ соҳиби эҳтироми хоса аст. Ҳамин донишмандиву зиракӣ ва таҳаммулпешагиашро Роҳбари муаззами халқ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, ӯро моҳи декабри соли 2014 ба сифати муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Дар тӯли панҷ соли фаъолияташ дар ҳизб тавониста, ки эътибори ҳизбро миёни мардуми саросари кишвар баланд бардошта, сафи пуштибонҳои ҳизбро зиёд намояд. Мусоҳибаҳои пурмуҳтавояш аз тариқи расонаҳои хабарии хориҷиву дохили кишвар, дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ифодагари сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами ҲХДТ буда, раиятпарварӣ ва созандагии Барномаи панҷсолаи ҲХДТ посух ба ҳама суолҳои иғвоангези рақибони сиёсиаш буд. Китоби пурмуҳтавои «Давлат, сиёсат, ҷомеъа», ки аз тариқи нашриёти «Ношир» соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд рӯи чоп омадааст, маҳсули фаъолияти пурмаҳсули ӯ дар мақоми муовини аввали Раиси ҲХДТ буда, беш аз бист мақолаву мусоҳибаҳои пурмуҳтавояшро дар бар гирифтааст. Мақолаҳои «Президенти мардумӣ», «Интихоби мо чӣ маънӣ дорад», «Ҳазор паёми созанда», «Мо муқобили исломи радикалӣ ва атеизми ҷанговар ҳастем», «Бар фарози қуллаҳо» ва «Истиқлолият ватандорист» баёнгари барномаи созандаи ҳизб ва роҳбари муаззами он буда, хонандаро водор месозанд, ки аз иқдомҳои созандаи ҳизб ва раиятпарварии он пуштибонӣ намояд. Воқеияти роҳи тӯлонии бист соли фаъолияти ҳизб хонандаро дар рӯҳияи созандагиву ватанпарварӣ тарбият намуда, барои насли ояндасози кишвар дастури пурифтихори ватанхоҳона ва созанда эътибори ҲХДТ дар миёни мардум зиёд намуда, гувоҳи мардумӣ будани ҳизб мебошад. Ҳамин мардумсолорӣ ва созандагиву раиятпарварии ҳизб ва Роҳбарияти он будааст, ки имрӯз сафи ҷонибдоронаш на танҳо дар саросари кишвар, балки миёни муҳоҷирони меҳнатии хориҷи кишвар хеле афзудааст. Як расонаи хориҷии Аврупо, моҳи ноябри соли 2019 аз қавли як маркази таҳлилии Фаронса бо номи «Маркази иттиллоотиву таҳлилии Шорл-де-Гол» дар перомуни интихоботи дарпешистодаи Порлумони нави Тоҷикистон чунин овардааст:
«Дар Тоҷикистон, ки рӯ ба рӯи интихоботи нави Парлумон қарор дорад», мухолифони сиёси ҳизби ҳоким давлат ва ҳукуматро бо он муттаҳам намуда истодаанд, ки ҳама имконоти иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ дар дасти ҳизби роҳбар буда, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дигар зери фишор мебошад. Ин воқеият надошта, фақат нотавонбиниебеш нест. Дар тӯли панҷ соли охир эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни мардум 15 дарсад боло рафта боварии мардум ба икдомҳои созандаи ҳизб 45 дарсад афзудааст». Ин нишондодҳо рақибони нотавонбини онҳоро нороҳат сохтааст. Ин баҳои воқеӣ исботи он мебошад, ки С. Фаттоҳзода ва командаи ӯ хеле хуб фаъолият намуда, эътибори ҳизб ва Роҳбарияти Олии кишвар, ки аксарият намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, тавониста, ки дар пояи баланди арҷу эҳтиром нигоҳаш бидоранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони кишвар пурэътибортарин номзад буда, ин ҳама гувоҳи он мебошад, ки Роҳбари муаззами ҳизб, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби роҳбарияти ҳизб хеле хирадмандона амал намуда, эътибори созандагӣ ва раиятпарварии ҳизб хеле баланд мебошад.

Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: