Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём баҳри зиндагии шоистаи мардум

Паём баҳри зиндагии шоистаи мардум

3-01-2018, 16:01
Хабарро хонданд: 403 нафар
Назарҳо: 0
Паём баҳри зиндагии шоистаи мардум

Панҷ. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае ироа гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи ободу осуда некбинона бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар Паёми навбатӣ аз устуворона пешрафт кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дода шуда, таъкидҳои судманд баён карда шуд.
Бобати расонидани нуқтаву самтҳои асосӣ ва мақсаду муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳияи Панҷ қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки кормандону масъулон, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб сўҳбату вохўриҳо доир гардида истодаанд.
Дар доираи баргузории сўҳбату вохўриҳо дар ташкилоти ибтидоии нозироти андози ноҳия таҳти унвони «Паём – роҳнамои миллат» вохўрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохўрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панч Ё.Носиров оиди муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҲХДТ дар таблиѓу ташвиқ ва амалисозии онҳо ибрози ақида намуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳон ба кишвар ва эҳёи фарҳанги миллӣ аз тарафи Сарвари давлат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд. Дар ин робита як қатор сохторҳои ҳизбӣ вазифадоранд, ки аҳли ҷомеаро ба саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташвиқ намоянд, табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ҷиҳати рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб намоянд, ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманд намоянд.
Чолиби қайд аст, ки аъзо в ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри дар амал ҳамчун дурнамои зиндагӣ татбиқ намудани он, ки барои бехбудии сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст, хаматарафа кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Чунин воҳуриву сўҳбатҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ баргузор хоҳанд гашт.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: