Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Чакомаи гесӯ

17-03-2020, 14:42
Хабарро хонданд: 539 нафар
Назарҳо: 0
Чакомаи гесӯБо мақсади намоиши маҳорати волои ҳунармандон, ҷалби занону духтарон ба зебоипарастӣ ва ба ин васила аз нав эҳё намудани анъанаҳои миллӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо иштироки шумораи зиёди занону духтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, донишҷӯёни коллеҷҳои дар ноҳия фаъолиятдошта ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ фестивали ноҳиявии "Чакомаи гесӯ" дар сатҳи аланди фарҳангию маърифатӣ гузаронида шуд, хабар додааст сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ғолиони Фестивали мазкур аз ҷониби комиссияи тадорукотӣ муайян карда шуд, ҷойи якум насиби Давлатова Сабзина хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия, ҷойи дуюм ба Гулова Файзигул хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳия ва ҷои сем ба Ғаниева Парвина хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия мансуб дониста шуданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, барои иштироки фаъолона дар фестивали ноҳиявии "Чакомаи гесӯ" муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №48,№9 Литсейи барои хонандагон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: