«Чакомаи гесӯ» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов4-02-2019, 09:30
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов фестивал–озмуни «Чакомаи гесӯ» доир шуд. Дар фестивал намояндаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғаффорзода Нигора, муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рустамзода Қумринисо ва дигар фаъолзанон иштирок ва суханронӣ намуданд. Мақсади фестивали мазкур намоиш, ороишу парвариши мӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ мебошад. Дар фестивали мазкур духтарон – аъзои ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ фаъолона ширкат намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.