Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » WEB-журналистика-мушкилот ва дурнамо

WEB-журналистика-мушкилот ва дурнамо

11-03-2020, 12:26
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
WEB-журналистика-мушкилот ва дурнамо
«Нақши WEB-журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо»-таҳти ин унвон санаи 4 марти соли равон дар Муассисаи давлатии таълими Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Чарабинии мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 108-солагии матбуоти тоҷик доир шуд.
Дар конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ, устодону донишҷўёни донишкада ва доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.
Муҳриддин Низомӣ, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бо сухани ифтитоҳӣ ба конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки: «Имрўз воситаҳои ахбори оммаи электронӣ барои мардум аз ҳама бештар дастрас мебошанд. Таваҷҷуҳ ба интернет рўз ба рўз афзуда, технологияҳои иттилоотӣ бо суръати тез пеш рафта истодаанд. Вобаста ба ин, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди воситаҳои ахбори оммаи электронии тоҷик пойдевори мустаҳкам гузошта шуд. Барои мисол, дар соҳаи телевизион то соҳибистиқлолӣ танҳо як телевизион бо номи “Тоҷикистон” амал мекарда бошад, баъд аз истиқлолият дар шаҳру навоҳии кишвар 31 телевизиони ғайридавлатӣ ва 7 телевизиони нави давлатии соҳавӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд».
Номбурда дар идомаи баромади хеш қайд намуд, ки шурўъ аз соли таҳсили 2020-2021 бо ихтисосҳои «WEB-журналистика» ва «PR-робита бо ҷомеа» ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон довталабон қабул карда мешаванд.
Ректори донишкада перомуни сифати барномаҳои телевизионӣ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки агар барномаи ба тамошобин пешниҳодшуда пурмуҳтаво, ҷолиб ва дархўри аҳли ҷомеа бошад, мардум ба ҳеҷ ваҷҳ барномаи ғайрикасбиро тамошо намекунанд. Аз ин рў, касбият дар телевизион масъалаи рақами як ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин ва талаботи замон мебояд, ки ба сифати тарбияи кадрҳои соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
Дар рафти баргузории конфронси зикршуда, устодони конишкада ва ходимони илму профессорон бо маърўзаҳои илмӣ баромад намуданд, аз ҷумда Зулфиддин Муъминҷонов, декани факултаи режиссура, кино ва телевизиони Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, таҳти мавзўи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Абдусаттор Нуралиев зери унвони «Тайёр намудани кадрҳои воситаҳои ахбори оммаи электронӣ: телевизион ва радиошунавонӣ», Мурод Муродов дар мавзўи «Мушкилоти таҳсилоти журналистӣ дар шароити рушди интернет», Раъно Бобоҷонова «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои гендерӣ» -ро мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор доданд.
Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Нақши WEB-журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо» дар ду бахш- «Нақши технологияи муосири иттилоотӣ дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» ва «Фарҳанги касбии истифодаи жанрҳои журналистика дар воситаҳои ахбори оммаи электронӣ» ҷараён гирифта, дар он 25 маърўзаи илмӣ матраҳ гардид.
Суғдмеҳри Маъруфзод

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: