
Гуруҳи 13-нафараи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 7 август бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, шоми дирӯз дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мулоқот баргузор намуданд.
Рафти мулоқоти мазкурро муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Ализода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатулло Исмоилзода роҳбарӣ намуда, доир ба робитаҳои мутақобилан судманди ду давлати ҳамсоя ибрози назар намуданд.
Дар чорабинии мазкур Шарофат Эрматова раиси Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон, ки дар ҳайати гурӯҳи журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз намуд: “Ман пеш аз ҳама ҷиҳати фароҳам овардани чунин имконоти дӯстиву бародарӣ миёни ин ду миллат аз Пешлои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев арзи сипос менамоям. Воқеан ҳам мо аз меҳру муҳаббат, самимият ва истиқболу меҳмоннавозии миллати тоҷик сарфароз гаштем. Ман аз номи 32 миллион мардуми ӯзбекистонӣ ба шумо намяндагони воситаи ахботи оммаи Тоҷикистон ва мардуми он арзи сипоси бепоёнро баён менамоям”.
Дар ҷамъомад инчунин раиси Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон доир ба фаъолияти маркази мазкур ва нақши он дар таҳкими робитаҳои дӯстиву бародарии ду миллати ҳамсоя ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар намуд.
Номбурда, щамзамон иброз намуд, ки дар нуҳ вилояти Ӯзбекистон чунин марказҳои фарҳангӣ созмон дода шуда, алҳол дар Ӯзбекистон 245 мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ факултаи филологияи тоҷик амал менамояд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи таҳкими робитаҳои судманд байни васоити ахбори оммаи ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар расми ҷамъбасти он намояндагони ВАО ду давлати ба ҳам дӯст, суҳбатҳои самимӣ оростанд.