Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Муваффақият муборак!

Муваффақият муборак!

7-07-2017, 10:02
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Муваффақият муборак!
6-уми июли соли 2017 сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Каримзода Ҳақназар Изатулло дар мавзӯи “Инъикоси хусусияти хоси масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар барномаҳои телевизиони Тоҷикистон” (дар мисоли барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон ва Шабакаи иттилоотии “Ҷаҳоннамо”) рисолаи номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуд.
Табиист, ки нақши васоити ахбори омма, бахусус барномаҳои телевизионӣ дар шароити марҳилаҳои нави замони муосир афзалияти бештар пайдо карда, таъсирнокӣ ва муассирияташ дар миёни ҷомеа рӯз аз рӯз афзунтару устувортар мегардад. Воқеан ҳам, ба иҷро расонидани чунин корҳои илмию тадқиқотӣ метавонад дар пешбурди низоми васоити ахбори оммаи миллӣ нақши намоён гузорад.
Бо сарфарозӣ ва ифтихормандӣ роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мавсуфро бо ин дастоварду комёбиҳои илмӣ самимона табрику шодбош гуфта, дар тай намудани марҳилаҳои баъдӣ барору пешравиҳоро таманно менамоянд!
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: