Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РӮЗГОРИ ИБРАТОМӮЗ

РӮЗГОРИ ИБРАТОМӮЗ

6-03-2020, 09:26
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҷомеа ҳамеша инсонҳое мақому манзалат ва обрӯву эътибор пайдо менамоянд, ки дар ҷодаи интихоби хеш содиқ ва ҷоннисору фидоӣ бошанд. Донишу маърифат, ақлу заковат ташаббускориву ташкилотчигӣ ҷавҳари фаъолияти шоистаи инсонист. Инсонҳое, ки дорои ин сифатҳоянд, доимо байни мардум сазовори эътибор ва лоиқи таҳсинанд. Ин гуна афрод бо меҳнати пайваста ва ҷестуҷӯҳои эҷодӣ вазифаи ба зимма гузошташударо бо масъулият ва шарафи баланд адо намудан фидоӣ будани хешро амалан собит менамоянд. Воқеан, ҳикматҳои деринаи мардумӣ аз қабили «Меҳнат инсонро шарафёб мегардонад» ё «Заҳмат мекашӣ, раҳмат мешунавӣ» дар ҳама давру замон аз ҳақиқати ҳастӣ дарак медиҳад ва хуш ба ҳоли он касе, ки ба маънии ин гуфтаҳо расида, онро дар рӯзгораш амалӣ менамояд. Дӯст доштани касби хеш, ба наздикону пайвандон, ҳамкасбон, ҷомеаи меҳнатӣ бо муҳаббату бо мурувват будан, боиси болоравии нуфузу обрӯи шахс мегардад. Зеро ба эътироф ва эҳтироми мардум ба тариқи мерос сазовор намегарданд. Танҳо меҳнати ҳалолу фидокорона инсонро то ба он мақом мерасонад.
Шодравон, арбоби ҳизбиву давлатӣ, инсони комил Раҳбар Қосимов аз зумраи ин гуна афродеанд, ки маҳз сидқу вафо ба мардум, муҳаббат ба касбу кор, ташаббусу кордонӣ ва хоксориву инсондӯстӣ номашонро ба таърих ба некӣ сабт намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 ҳангоми сафар ба вилояти Суғд, дар маросими кушодашавии нимпайкараи Турсун Ӯлҷабоев гуфта буданд: “Турсун ӯлҷабоев боре ҳангоми сафари Исфисор дараҷаи баланди корҳои агротехникиро мушоҳида карда, фаҳмид, ки ин натиҷаи заҳматҳои сарагроном Раҳбар Қосимов аст. ӯ дарҳол Раҳбар Қосимови 28-соларо ба гирифтани унвони “Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон” пешниҳод кард. Баъди як сол ба эътирози баъзе сарварони ҳизбиву давлатӣ нигоҳ накарда, Раҳбар Қосимовро раиси кумиҷроияи ноҳияи Хуҷанд пешбарӣ намуд”.
Раҳбар Қосимов 4 марти соли 1930 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Таълими ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби овозадори он вақтаи рақами 12-и шаҳри Хуҷанд ба номи Максим Горкий гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1948 ба факултаи агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқ дохил шуда, онро соли 1953 бомуваффақият хатм намуд. Баъди соҳиб гаштан ба дипломи олии аграномӣ фаъолияти меҳнатиашро дар МТС (стансияи мошиниву тракторӣ)-и Исфисори ноҳияи Хуҷанд оғоз кард. Дар ин коргоҳ Иван Трофимович Головченко сарварӣ мекард, Раҳмон Набиев сармуҳандис буд, Чӯянбой Зунунов, Мирзосангин Рустамов, Рӯзибой Юлдошев ба сифати агроном фаъолият доштанд. ӯ солҳои 1955-1958 вазифаи сараграноми МТС-ро бар ӯҳда дошт.
Қобилияти ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносии ӯро ба инобат гирифта, роҳбарият ӯро ба вазифаҳои масъул пешбарӣ менамояд. Моҳҳои июл - декабри соли 1958 ӯ сардори инспексияи хоҷагии кишлоқи ноҳияи Ленинобод, аз декабри ҳамон сол то моҳи октябри соли 1959 раиси комиҷроияи ноҳияи Ленинобод (имрӯза Бобоҷон Fафуров) шуда кор кардааст. ӯ муддате соли 1961 ҷонишини вазири кишоварзии Тоҷикистон буд. Моҳи сентябри ҳамон сол котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Мастчоҳ интихоб мегардад. Аз соли 1963 то соли 1970 дар вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Конибодом фаъолият мебарад. ӯ солҳои 1970-1972 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ таҳсил намудааст. Аз августи соли 1972 то декабри соли 1973 ба ҳайси котиби аввали кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) фаъолият бурдааст. Моҳи январи соли 1974 ӯ ба вазифаи раиси Бюрои ташкилии КМ ҲК Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб таъйин мегардад.
ӯ чанд даъват вакили мардумии Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон буд. 27 января 1974 вафот кардааст.
Раҳбар Қосимов аз шахсиятҳое буд, ки касбу кор, пешаи худро дӯст медошту аз он ифтихор мекард ва онро мазмуни ҳаёташ меҳисобид. Бо адолатпарварӣ, ҷасурӣ, беқарорӣ дар пешбурди вазифаии хизматиаш фарқ мекард. Аз аъзои фидоии ҳизбӣ ва давлатии даврони Шӯравӣ ба шумор мерафт.
Раҳбар Қосимовро ҳамсафонаш ҳамчун инсони комил ва самимӣ, меҳнатқарин мешинохтанд ва аз ӯ ибрат мегирифтанд. Фазилатҳои муҳими ӯ ҳалолкорӣ ва қатъият ба шумор мерафтанд.
Дар ҳақиқат, касе, ки баҳри манфиати Ватан ва халқ фидокорона заҳмат мекашад, албатта ба ҳурмату эътибори мардум сазовор мегардад. Раҳбар Қосимов дар давоми умри кӯтоҳ вале бобаракаташ ташвиши мардумро аз ташвиши худ боло гузошта буд.
Вақто, фаъолияти меҳнатии Раҳбар Қосимовро варақгардон мекунем, аён мегардад, ки ӯ ҳамешагӣ барои ривоҷу равнақи ҷумҳуриамон, фаровонии халқамон корҳо зиёди хайрхоҳонаро анҷом дода будааст. Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст, таҷриба андӯхтааст ва ба эътибори халқ фаромадааст.
Кору пайкори созандаи эшонро дар мисоли роҳбариаш ба ноҳияи Конибодом мушоҳида намудан мумкин аст. Бо ташаббуси ӯ дар ноҳия чандин корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои фарҳангӣ бунёд гаштанд, комёбиҳои беназир дар соҳаи кишоварзӣ ба даст омаданд. Чунончӣ, соли 1963 мактаби нав дар назди истгоҳи оҳан бунёд гашт, аз сари нав фаъолияти омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом ба роҳ монда шуд, соли 1964, қитъаи замин барои сохтмони меҳмонхона ва бойгонӣ (архиви шаҳрӣ) ҷудо карда шуд, комбинати хизмати маишӣ сохта шуд, коргоҳи нонпазии Конибодом мақоми заводи нонро гирифт, соли 1965 ба муносибати ҷашни 20-солагии ғалабаи таърихӣ бар фашизми гитлерӣ ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Неъмат Қаробоев дар назди кинотеатри ҳозира ба номи Комил Ёрматов гузошта шуд, дар шаҳри Конибодом филиали бойгонии ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфт, бинои мактаби замонавии «Коммунист» барои 536 нафар хонандагон кушода шуд, соли 1967 азнавсозии фабрикаи ресандагӣ ба роҳ монда шуда, он ба фабрикаи ресандагию бофандагӣ табдил дода шуд, сохтмони бинои шуъбаи алоқаи шаҳрӣ шурӯъ шуд, меҳмонхонаи замонавии шаҳрӣ ба истифода дода шуд, дар деҳаи Маҳрам мактаби типи нав сохта шуд, сохтмони бинои нави табобатхонаи шаҳрӣ оғоз гашт, соли 1968 бинои нави идораи колхози «Коммунизм» ба истифода дода шуд ва ғайраҳо. Ин бунёдкориҳо то имрӯз аз ёди мардум нарафтааст.
Таърих–чароғи ҳақиқат ва хотираи зинда аст. Раҳбар Қосимов инсони бениҳоят камтарин, самимӣ, ба одамон меҳрубон буд. Инсони мулоҳизакор, донишманд, дилу забонаш як буд. Дар кадом муассисае, корхонае, ноҳияву шаҳре роҳбар набошад мулоқот карданро бо мардум чӣ дар шаҳру деҳот, чӣ дар сохтмону майдонҳои кишоварзӣ, чӣ дар кохонаҳои саноатӣ дӯст медошт. Барои ҳалли мушкилоти мардуми оддӣ пайваста кӯшиш мекард. Дар натиҷаи сафарҳои кориаш баҳри тарҳрезии нақшаҳои бунёдӣ тадбирҳо меандешид. Яке аз воқеаҳои таърихии рӯзгори Раҳбар Қосимов соли 1960 ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳангоми дар Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон кор кардан Раҳбар Қосимов ба сифати устоди варзидаи риштаи кишоварзӣ ва чун Агрономи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ба кишвари Ҳиндустон барои ширкат дар намоиши умумиҷаҳонии дастовардҳои хоҷагии халқ сафар мекунад. Дар ин сафар ӯ бо Сарвазири Ҳиндустон яке аз арбобони барҷастаи сиёсии асри ХХ Ҷавоҳирлол Неҳрӯ вохӯрда аст, эътибори баланди Роҳбар Қосимовро ҳамчун мутахассис собит мекунад. Дар сарчашмаҳои бойгонӣ зикр шудааст, ки баъди сафари мазкур бори дуввум Раҳбар Қосимовро барои истифода аз таҷрибаи бояш дар соҳаи хоҷагии қишлоқӣ ба Ҳиндустон даъват мекунанд, ки таи чанд моҳ ба кишоварзони Ҳиндустон аз таҷрибаҳои корӣ ва дониши тахассусии худ роҳу усулҳои замонавии кишти зироатҳои гуногунро меомӯзонад. Ин амали ӯ дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар таъсири нек гузошт.
ӯро ҳамсафонаш ба маънои том зиёӣ мешумориданд. ӯ таъкид мекард, ки дар инсон бояд ҳама чиз зебо бошад. ӯ ҳам тинат ва ҳам сирати зебо дошт. Аз дигарон низ зебогиро талаб мекард. Якқавлӣ, қатъият, матонат пешаи ӯ буд. Дар ҷараёни кору фаъолият ҳамагуна муамморо оқилона ҳаллу фасл менамуд. Фазилати дигари ӯ бо далелу бурҳони қотеъ, исбот сухан гуфтан буд.
Хидматҳои Раҳбар Қосимов бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. ӯ бо Орден Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи меҳнат, медали «Барои меҳнати шоиста», унвони «Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» ва якчанд ифтихорномаҳо сарфароз гаштааст.
Арбоби сиёсӣ ва давлатӣ Раҳбар Қосимов агар дар қайди ҳаёт мебуданд ба синни мубораки 90 мебаромаданд. Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни фархунда фазилатҳои ноёб ва хислатҳои ҳамидаи ин инсони наҷибро ба ёд овардан басо кори савоб аст. Зиндагиномаи ин марди некуном худ китоби ибратест барои имрӯзиён то барои худ дарси ватандориву меҳнатпарстиро биомӯзанд.

Ҷӯрабек Исомитдинов,
Саидумрон Саидов,
устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: