Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ёде аз гузашта САДАМАИ ЧАРХБОЛ

Ёде аз гузашта САДАМАИ ЧАРХБОЛ

2-10-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Ёде аз гузашта     САДАМАИ ЧАРХБОЛ
Сулаймон Муродов 19 сентябри соли 1938 дар шаҳри Панҷакент дар оилаи корманди прократура ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб 4 солу се моҳ хизмати Ватан-Модарро дар қисми ҳарбии баҳрии ш. Владивосток адо намуда, соли 1961 вакили Анҷумани 17-уми Иттифоқи ҷавонони Шӯравӣ гардид. Солҳои 1963-1967 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон) таҳсил намудааст. С. Муродов 30 сол дар сохторҳои ВКД, дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ дар вазифаҳои гуногун хизмат кардааст. Пас аз нафақа 24 сол дар Донишкадаи омӯзгории ш. Панҷакент (собиқ Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон) аз фанни криминалистика ва криминология сабақ омӯзонидааст.
Имрӯз ин марди накӯном ба синни мубораки 80 расидаанд, ки ин муддати умри инсонӣ, самараи зиндагии шахсро инъикос мекунад. Дар рафти хизмати душвор ва фидокоронаи худ ҳамчун шахси ғамхору ҳалим, мушфиқ, роҳнамо, маслиҳатгару машваратчӣ эътироф гардидааст. Дар фаъолияти хеш ӯ аз ҷониби ҳамкоронаш чун корманди хирадманд ва пухтакор, дурандеш ва нуктасанҷу ботамкин шинохта мешавад.
Матлаби зер ифодагари як пораи зиндагиномаи ин шахси наҷиб аст.


Соли 1973. С.Муродов вазифаи нозири минтақавии деҳаҳои Шинг, Моғиён ва Фароб ба уҳда дошт. Фасли тирамоҳ буд, гирду атроф либоси заррини тирамоҳиро дар бар дошт. Соати тақрибан дувоздаҳи рӯз Муродов бо мақсади ба шаҳр рафтан ба роҳи калони деҳа баромад. Дар интизории мошин буд. Аз байни кӯҳҳо мошини экспедитсияи кофтукови геологии Моғиён намудор шуд. Мошин ба назди Муродов наздик шуда истод.
Ба шаҳр меравед?- пурсид ронанда.
Бале, ба шаҳр.- ҷавоб дод Муродов.
Ба мошин шинед, мо ҳам ба шаҳр меравем,- гуфт ронанда.
Дар мошин сардори экспедитсияи кофтукови геологии Моғиён Турғун Юлдошев нишаста буд. Муродов бо Юлдошев суҳбаткунон ба сӯи шаҳр харакат карданд. Дар авҷи суҳбат овози вертолёт ба гӯши онҳо расид.
Ин вертолёти «калонҳо», онҳо барои дидани кони «Валанги дароз» ба Моғиён омаданд, ман ҳам бояд ба он ҷо равам. Вале ин вертолёт бояд пагоҳ меомад-ку?- ҳайрон шуда гуфт Юлдошев.
Ман ҳам бо шумо ба Моғиён меравам,- сухани Юлдошевро ҷонибдорӣ карда гуфт Муродов.
Пас аз чанд дақиқа вақте ки мошин ба деҳаи Моғиён наздик шуд, шахси номаълуме мошинро дошт ва гуфт: Вертолёт чаппа шуд, ҳама нобуд шуданд.
Муродов ва Юлдошев ҳамон замон ба ронанда амр карданд:
Тезтар ба ҷои ҳодиса ҳай кун!
Мошин ба ҷои ходиса расид. Дар байни сой вертолёт дар оғӯши оташ хобида буд, аллакай қисматҳои аз алюмин сохташудаи вай об шуда буданд. Муродов ҳамаро ба хомӯш кардани оташ даъват кард. Шаш нафар ярадоронро ба соҳили сой бароварда буданд ва барои онҳо ёрии таъчилӣ даъват карданд.
Муродов худро бори чорум ба сӯи сой партофт ва танҳо як ҷасади нисбатан дуртар аз вертолёт хобидаро ба боло баровард. Ҷасад қисман сӯхта буд, Муродов ӯро шинохт. Вай Павлов А.В.- директори комбинати коркарди сарватҳои кӯҳӣ буд.
Баъдтар маълум гашт, ки дар вертолёт 15 нафар будааст. Онҳо Зубарев -ҷонишини якуми Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Абрамов - Раиси Кумитаи металлҳои рангаи Иттиҳоди Шӯравӣ, Устинов - Вазири металлургияи Иттиҳоди Шуравӣ, Эргашев - котиби сеюми Ҳизби коммунистии Тоҷикистони Шӯравӣ, Бобохонов - котиби сеюми Ҳизби коммунистии вилояти Ленинобод (Суғд), Турличкин - сармуҳандиси экспедитсияи кофтуковии «Моғиён», Зарипов Сиддик Зарипович - котиби якуми Ҳизби коммунистии шаҳри Панҷакент, Эшонқулов Мастон - котиби ташкилоти ҳизбии экспедитсияи кофтуковии «Моғиён», лётчики вертолёт, хамчунин котиби дуюми Ҳизби коммунистии шахри Панҷакент ва дигарон буданд. Аз онҳо Зубарев, Эргашев, Бобохонов, Павлов, Эшонқулов нобуд шуданд. Муродов бо Юлдошев ҳафт ҷасади сӯхтагиро ба қуттиҳои махсус ҷой намуда ба шаҳр фиристоданд. Аз байни онҳо танҳо як ҷасад - ҷасади Павлов А.В. шинохта мешуду халос.
Зиндамондагон - Зарипов, Абрамов ва Устинов воқеаро ба Муродов накл карданд. Мусофирони маҷруҳ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент фиристода шуданд.
Ба ҷои воқеа Раҳмон Набиев – Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ва Ҳоҷиев Р.Х,. - котиби якуми Ҳизби комунистии вилояти Ленинобод (Суғд) омаданд ва ин ҳодисаи мудҳишро бо чашми худ диданд.
Баъди азназаргузаронии ҷои ҳодиса маълум гардид, ки дар содир шудани садама гуноҳи шахсоне. ки дар замин буданд, хело калон аст, зеро онҳо ҳаҷми вертолёт ва миқдори ҷойи нишасти онро ба назар нагирифтаанд. Вертолёт бори аввал ба замин нишаста буд, лекин танзимгарони дар замин буда ба лётчик ишора карданд, ки ӯ вертолётро каме дуртар нигоҳ дорад. Пас аз он ки вертолёт аз замин парвоз кард ва хост дафъаи дуюм ба замин нишинад, қисми кафояш ба кӯҳ бархӯрда ба алангаи оташ мубаддал гашт. Дар вақти ба кӯҳ расидан, вертолёт ба ду қисм тақсим шуд ва сӯзишвории он рехта оташ гирифт.
Муродов аз ин воқеа хеле андӯҳгин буд, вале намедонист ба он чӣ гуна муносибат кунад. Баъдтар ин садама ҳодисаи нохуш ҳисобида шуд.
М. Муродова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: