Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Барои созандагиву ободонӣ ва зиндагии шоистаи мардум камар мебандам

Барои созандагиву ободонӣ ва зиндагии шоистаи мардум камар мебандам

27-02-2020, 09:40
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Барои созандагиву ободонӣ ва зиндагии шоистаи мардум камар мебандам
Гиёзода Азиз Қодир ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хоруғ №41 номзад пешбарӣ шудааст. Номзадии мавсуф мутобиқи Конференсияи ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тариқи овоздиҳии пӯшида қобили қабул дониста шудааст.
Гиёзода Азиз Қодир 7 октябри соли 1969 дар деҳаи Ҷируҷи Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадаст. Маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик буда, ихтисосаш иқтисодчӣ–муҳосиб мебошад.
Чуноне ки аз маълумотномаи номзад маълум мегардад, Гиёзода Азиз Қодир фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1987 дар хоҷагии давлатии ба номи Шириншоҳ Шотемури ноҳияи Шуғнон ба сифати коргар оғоз намуда, баъдтар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват гардида, онро соли 1990 бо сари баланд ба поён расонид. Аз моҳи октябри соли 1990 то моҳи июли соли 1992 ҳамчун шогирди ҳисобчии хоҷагии давлатии ба номи Ш. Шоҳтемур ба кор медарояд. Моҳи июли соли 1992 то моҳи июли соли 1996 дар вазифаи муҳосиби хоҷагии давлатии зикргардида таъйин шуда, муддати 4 сол дар ин вазифа фаъолият кардааст. Номбурда дар баробари кору фаъолияташ, инчунин, ба шуъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дохил шуда, онро соли 1999 аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб хатм кардааст. Номбурда, инчунин, дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Руссия низ таҳсил кардааст. Дар солҳои мушкилу нооромиҳои дохилии кишвар ҳам бо дарки масъулият ва эҳсоси баланди вазифашиносӣ машғули кор буд. Ҳамин аст, ки солҳои 1997 -2001 дар вазифаи назоратчӣ–тафтишотчии раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, солҳои 2001-2002 сармуҳосиби шуъбаи молияи шаҳри Хоруғ, солҳои 2002-2003 мутахассиси пешбар оид ба назорати дохилӣ ва аудити шуъбаи хазинадории идораи молияи ВМКБ, солҳои 2003-2005 сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, солҳои 2005-2006 сардори сарраёсати молияи ВМКБ, солҳои 2006-2013 муовини раиси ВМКБ, солҳои 2013-13.01.2020 раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ кор карда, саҳми худро дар рушду нумӯи кишвар гузоштааст. Фаъолиятҳои сермаҳсули номбурда ба назар гирифта шуда, ӯ моҳи сентябри соли 2019 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст. Гиёзода Азиз Қодир оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд аст. Дар суҳбати мухтасаре, ки тариқи телефон бо Гиёзода Азиз анҷом додем, мақсадҳои наҷибу созандаашро зуд пай бурдем. ӯ дар ҷавоб ба саволҳои мо аз ҷумла гуфт, ки барои ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасии тиббию санитарӣ, махсусан, барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот, баланд намудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва зиёд кардани музди меҳнати тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм, ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини бо шуғл, махсусан, ҷавонон, аз ҷумлаи тасмимот ва ҳамчунин мушкилоти асосӣ дар вилоят ҳастанд, ки баҳри амалӣ ва бартараф намудани онҳо иқдом хоҳад кард. Номбурда дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!», муҳимтарин паҳлуи барномаи пешазинтихоботии худ меҳисобад.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз Қодир.
Фаъолияти пайваста барои:
- Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистон;
- Таҳияи қонунҳои нав, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;
-Ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсоли, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳониӣ;
- Идомаи ислоҳот дар самти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои комплекси агро-саноатии кишвар;
- Фароҳам овардани шароити зарури барои афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ;
- Идомаи ислоҳот татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошинагарди байналмилали ва ҷумҳуриявӣ;
- Таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳбудии дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ; Таъмини шаффофияту самараноки дар идоракунии молияи давлатӣ ва пурзур намудани назорати зидди коррупсионӣ;
- Ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилали; Гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастраси, сифат ва самарабахши хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан, барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот;
- Баланд намудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм
- Таъмини иштироки васеи интихобкунандагон дар раванди муҳокимаи санадҳои қонунгузорӣ;
- Ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ ҷиҳати таъмин бо шуғл, фаро гирифтани ҷавонон ва ташаккули афкори тарзи ҳаёти солим.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: