Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

НОМЗАДИ МО

17-03-2017, 10:32
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Маълумотнома

Рустами Эмомалӣ
НОМЗАДИ МО
19 декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2009 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2013 муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2015-2017 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корӣ намуда, аз 12 январи соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шахри Душанбе

13 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, вохӯрии шахсони боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ шахсони боэътимоди Рустами Эмомалӣ - номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе - Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Умринисо Казакова ва инчунин, дар сафи меҳмонон Комил Шарифов, раиси Ҳавзаи интихоботии № 2, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Холиқзода Абдулло, раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи маҳаллӣ, Насимҷон Расулзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раисони участкаҳои интихоботии №12 ва 21 ҳузур доштанд.
Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ифтитоҳи вохӯрӣ зикр намуд, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо як овоз ва бо камоли иродат пешниҳод карда шуд. Бо вуҷуди он ки ӯ нисбатан ҷавон аст, имрӯз дар фазои сиёсии кишвар ҳамчун шахсияти намоён шинохта шудааст, зеро ки вай дар вазифаҳои бисёр пурмасъулияти давлатӣ бо камоли кордонӣ ва садоқат кору фаъолият намудааст. Бинобар ин, аз ҷониби ҲХДТ пешниҳод гардидани номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе низ, бо назардошти мувофиқ будани барномааш бо барномаи ҲХДТ ин худ як амри табиӣ ва мантиқӣ аст.
Сипас Худобердӣ Холиқназар ба сухан баромада, афзуд, ки воқеан ҳам Рустами Эмомалӣ яке аз ҷавонони боистеъдоди кишвар аст. Ӯ натанҳо ҷавони соҳибилм, кордон ва соҳибтаҷриба аст, балки аз ҷиҳати забондонӣ ҳам муваффақ буда, бо се забони хориҷӣ русӣ, англисӣ ва олмонӣ озодона ҳарф мезанад, ки ин худ як муваффақияти бузург аст. Гузашта аз ин Рустами Эмомалӣ дар идораҳои бонуфузи давлатӣ кору фаъолият намуда, таҷрибаи хуби кордониро аз худ кардааст. Ӯ мегӯяд, ҷавононе, ки имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин шудаанд, воқеан ҷавононе ҳастанд, ки бо дониши муосир мусаллаҳ ва аз нозукиҳои раванди сиёсии ҷаҳон хуб огоҳанд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри огоҳ ва ҳушманди ҷавонон такя мекунад. Бинобар ин боварии комил дорем, ки чунин ҷавонон дар оянда метавонанд кишварро пеш баранд.
НОМЗАДИ МО
Х. Холиқназар чанд нуктаи муҳими Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро манзури ҳозирин намуда, бо боварии комил изҳор намуд, ки тамоми он нуктаҳое, ки дар барномаи вакили мо дарҷ гардидааст, ҳатман амалӣ мешавад. Зеро номзади мо нафаре ҳаст, ки роҳбарии шаҳри Душанберо ба зимма дорад ва тамоми масъулияти пешбурди пойтахти кишвари азизамонро ба дӯш гирифтааст. Дар охир ӯ аз ҳамаи интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки ба тарафдории Рустами Эмомалӣ овоз диҳанд ва инчунин илова намуд, ки овоз додан ба Рустами Эмомалӣ, шаҳри Душанберо дар оянда ободу зебо дидан аст.
Умринисо Казакова дар баромади худ муҳимтарин нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии Рустами Эмомалӣ-номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки номзади мо қабл аз таҳияи барномаи худ ҳамчун шахси масъулиятшинос бо азму иродаи қавӣ изҳор менамояд, ки дар инкишофу пешравӣ ва ободкориву созандагии пойтахти азизамон-Душанбешаҳр ва барои рушди ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад. Ҳамчунин зикр менамояд, ки меҳвари асосии барномаи пешазинтихоботии ӯ аз барномаҳо ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки ҳадафи асосиаш ҳамчун вакил дар мақомоти намояндагӣ мусоидат ва амалӣ намудани сиёсати созандаю бунёдкорона ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мавсуф инчунин зикр намуд, ки барномаи пешазинтихоботии номзади мо аз чаҳор бахш; сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳагӣ иборат буда, мукаммал ва амалишавандааст. Бинобар ин месазад, ки иқдоми пешанамудаи ҷавони умедбахшро истиқбол намоем, зеро он баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона, дурандешона ва ғамхоронаи Пешвои муаззами кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст. Дар ин ҷода мо ба чунин номзади шоиставу арзанда ва ҷавону созанда дар соли ҷавонон муваффақиятҳои беназирро тамано дорем ва даъват менамоем, ки ба тарафдории Рустами Эмомалӣ овоз диҳед.
Дар вохӯрӣ инчунин, устодону донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ дар бораи азму талошҳои Рустами Эмомалӣ баҳри сарсабзу хуррам гардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе суҳбат намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки ҳамаи мо хуб медонем, ки Рустами Эмомалӣ шахсияти намоён ва кордону масъулиятшинос аст. Ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ , адолатхоҳӣ ва бунёдкорӣ тарбият ёфтааст. Бинобар ин мо ҷавонон номзадии Рустами Эмомалиро пуштибонӣ мекунем. Зеро итминони комил дорем, ки вакили пешбаришуда, дар рушду тараққиёти минбаъдаи пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе ҳиссаи арзанда мегузорад ва кӯшишу талоши худро барои боз ҳам беҳтару хубтар гаштани ҳаёти сокинони пойтахт равона месозад.
Ёдовар мешавем, ки номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 24 феврали соли равон дар конференсияи ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонӣ-№25 пешбарӣ шудааст.
Ибодуллоҳи ТОҲИР




Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Тоҷикистон ба ҳайси як давлати озоди соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар 25 соли истиқлолият бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби дастовардҳои назаррас гардид. Ҷомеаи башар миллати тоҷик ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати созандаву ташаббускор эътироф намуда, дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои тоҷикон дар СММ оид ба даҳсолаҳои байналмилалии об ва байналмилалӣ гардидани «Наврӯзи аҷам» шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ман низ чун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе азм дорам, ки дар инкишофу пешравӣ ва ободкориву созандагии пойтахти азизамон –Душанбешаҳр ва барои рушди босуботи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошам.
Меҳвари асосии барномаи пешазинтихоботии ман аз барномаҳо ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма ва маншаъ гирифтааст. Ва ҳадафи асосии ман ҳамчун вакил дар мақомоти намояндагӣ ин мусоидат ва амалӣ намудани ин сиёсати созандаю бунёдкорона ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
НОМЗАДИ МО

Бештари нерӯи барнома барои таъмини ҳаёти осоишта, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ, бунёди ҷомеаи озод ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи иҷтимоии сокинони пойтахт, махсусан ислоҳоти соҳаи мактабу маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, ободу зебогардонӣ ва ба тақвияти фарҳанги шаҳрдорӣ нигаронида шудааст.
Ҳамзамон бо амалӣ намудани нақшаҳои бунёдкоронаю созанда, эҷоди тафаккури олии одобу фарҳанги шаҳрдорӣ табдил додани пойтахти ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе ба шаҳри ободу зебо ва пешрафтаи дунё иродаи ман ҳамчун як сокини пойтахт мебошад.
Бо ин матлаб, барномаи пешазинтихоботии ман дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг ва татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳадафҳои зеринро чун асос қабул намуд:
Бахши сиёсӣ
-таҳкими низоми давлатӣ ва татбиқи саривақтӣ ва иҷрои босифати қонунҳо, фармону амрҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва стратегияву барномаҳои қабулгардида;
-сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеаи пойтахт арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додан;
-саҳм гузоштан дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба хотири ҳифзи амнияти сокинони шаҳр, мубориза бар зидди қонунвайронкунӣ ва пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ;
-баланд бардоштани маърифати зеҳнии сокинони Пойтахт ва риоя намудани бандҳои «Маромномаи сокини Пойтахт»;
-иштироки фаъолона дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
-таҳкими низоми самарабахши худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун асоси ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт.
Бахши иқтисодӣ
-саҳмгузорӣ дар ташаккули минбаъдаи иқтисодиёти пойтахт ва Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавии равандҳои иқтисодӣ;
-иҷрои босифати буҷети шаҳр, таъмини шаффофият ва истифодаи сарфакоронаи даромаду хароҷоти он;
-вусъат додани таҷдиду бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, ташкили марказҳои замонавии хизматрасониҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила ҳарчӣ бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва кам кардани сатҳи бекорӣ дар пойтахт;
-таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия ва бунёди муассисаҳои таълимии хуштарҳу замонавӣ;
-таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии пойтахт, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидан ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани онҳо.
Бахши иҷтимоӣ
-аз тариқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ёрӣ расонидан дар ҳалли мушкилоти коммуналӣ ва дигар мушкилоти марбут ба шароити зиндагии сокинони пойтахт;
-таъмини аҳолии пойтахт бо оби хушсифати ошомиданӣ, нерӯи барқ, гармӣ ва беҳбудӣ бахшидану азнавсозии шабакаҳои хизматрасонии онҳо;
-ба низом даровардани хизматрасонии нақлиётӣ ва таъмин намудани сифати баланди хизматрасониҳои мусофиркашонӣ;
-таъмини ҳифзи муҳити зист ва экологӣ, тозагӣ ва беҳдошти санитарии пойтахт;
-бунёди инфрасохтори шаҳрӣ ва хонаҳои баландошёнаи аз ҷиҳати меъморӣ замонавӣ ва ба ин васила дастрасии сокинони пойтахт ба манзилҳои арзону дастрас;
-таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор додани ятимону маъюбон, пирони барҷомонда ва расонидани кӯмакҳо ба оилаҳои камбизоат;
-фароҳам овардани шароити арзандаи тарбия барои кӯдакону наврасони пойтахт ва ҳамчун насли соҳибмаърифат ба камол расонидани онҳо;
-ташкили барномаҳои омӯзишӣ ва беҳтар намудани дастрасии духтарону занон ба таҳсилот, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ва ҳарчӣ бештар ба ҷойҳои корӣ таъмин намудани онҳо;
-баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва сокинони пойтахт ва мусоидат намудан ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо.
Бахши фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ



-такмили минбаъдаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг, ташаккули муҳити сифатан нави маънавӣ дар ҷомеа, вусъат бахшидан ба нерӯи эҷодии асили миллӣ ва рағбатҳои фарҳангии шаҳрвандон;
-обод намудани боғу хиёбонҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт, риояи ҳатмии меъёрҳои экологӣ, тозагиву зебоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо.

Ҳамватанони азиз!

Ҳадафи асосии ман, монанди ҳар яки Шумо, бо амалӣ намудани барномаи пешазинтихоботии худ саҳмгузор шудан дар таъмини инкишофу пешрафти пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба хотири ояндаи нек ва дурахшон мебошад!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: