Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Г. НАЗИРӢ: вакили будан масъулияти бузург аст

Г. НАЗИРӢ: вакили будан масъулияти бузург аст

19-02-2020, 09:18
Хабарро хонданд: 62 нафар
Назарҳо: 0
Г. НАЗИРӢ: вакили будан масъулияти бузург аст
Муаррифӣ

Назирӣ Гулбаҳор Назир 19 сентябри соли 1970 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1987 баъди хатми мактаби миёна ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1992-1997 дар факултети иқтисоди донишгоҳи мазкур таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардидааст.
Назирӣ Г.Н. то ба зинаи вакилӣ расидан дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор, дотсент ва декани факултет фаъолият намудааст. Моҳи ноябри соли 2009 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати савдо ва рушди иқтисод дифоъ намудааст. Докторанти Институти муаммоҳои бозории Академияи илмҳои Россия, моҳи январи соли 2015 дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДХБСТ рисолаи докториашро дар мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва тараққиёти бозор ва муносибатҳои бозорӣ дар Осиёи Марказӣ» бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои иқтисод гардидааст.
Ду монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмии ӯ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Эрон, Хиндустон нашр шудааст. Заҳматҳои Назирӣ Г.Н. дар ҷодаи тарбияи мутахассисони лаёқатманд ва пешбурди корҳои илмӣ бо нишони «Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.
Моҳи марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб шудааст.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мебошад.

Назирӣ Гулбаҳор Назир аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, №13 ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад интихоб шудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Мавсуф вобаста ба ин изҳор дошт, ки «бо шарафмандӣ ва садоқати бузург аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки беҳтарин ҳадафҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он инъиекос ёфтааст, тасмим гирифтам, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» барномаи пешазинтихоботии худро таҳия намоям ва барои боварию эътимод нисбат ба пешбарии ман ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, №13 изҳори сипос менамоям».
Барномаи пешазинтихоботии номзад бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангу маънавиёт тарҳрезӣ шудааст. Нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳаки асосии барномаи пешазинтихоботии ӯро ташкил медиҳанд.
Барои беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр иҷрои масъалаҳои зеринро муҳим меҳисобад:
- ширкати фаъолона дар татбиқи сиёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа;
- бо дарназардошти имконот, неру ва дониши худ кӯшиш ба харҷ додан ҷиҳати татбиқи амалии дастуру нишондодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии халқ;
- назари хоса ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, мусоидат намудан ба ташаккули зеҳнии хонандагони соҳибистеъдод дар самти донишандӯзӣ, саҳм гирифтан баҳри татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- афзалият додан ба таҳсилоти томактабӣ ба хотири ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ;
- дастгирии соҳаи тандурустӣ, мусоидат дар татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ» ва раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ;
- андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил;
- мусоидат ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, тарзи муомилаву завқи либоспӯшӣ ва тақвият бахшидани тарбияи зебопарастии ҷавонон;
- густариш бахшидан ба корҳои таблиғотӣ дар самти дарки дурусти асосҳои диниву эътиқодӣ, дурӣ ҷустан аз ҳаракату равияҳои номатлуб ва тарғиби завқи баланди инсондӯстӣ дар байни ҷомеа;
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои интихобкунандагон ва дастгирии ташаббусҳои онҳо;
- мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ;
- дастгирии ташаббусҳо ва иқдомҳои ватандӯстона дар самти саноатикунонии босуръати кишвар;
- дар доираи татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» мусоидат намудан ҷиҳати таъминоти пурраи аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо оби хушсифати ошомиданӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагон ва манзур намудани таклифу пешниҳодҳои онҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳнамоӣ барои ҳалли мушкилоти мардум;
- дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, мусоидат ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон ва кӯдакони бепарастору ятим;
- мусоидат ба ҳалли мушкилоти ҳавзаи интихоботӣ, алалхусус беҳтаргардонии фаъолияти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 -2021 вобаста ба эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон ва корҳои хонагӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии қолинбофон, сӯзанидӯзон ва адрасбофон ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон;
- бахшида ба эълон шудани солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” андешидани чораҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва дар зеҳну тафаккури ҷомеа ҷо намудани фарҳанги техникӣ;
- ба танзим даровардан ва беҳтар намудани фаъолияти бозорҳо, таъмини амнияти фурӯшандагон ва истеъмолкунандагон;
- чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ ва роҳи протоколӣ бо лампаҳои диодӣ, тадриҷан амалӣ сохтани нақшаи мазкур дар сатҳи маҳаллаҳо.
ӯ аз таҷриба хуб медонад, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шудан масъулияти бузург аст.
-Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сурати интихоб шуданам ба ҳайси вакили мардумӣ тамоми донишу таҷриба, инчунин неруи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоямро барои хизмати Ватани маҳбуб ва мардуми тоҷик, бо мақсади расидан ба зиндагии шоистаи мардум сафарбар месозам.
Ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан - ин вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ман ва мақсаду мароми ягонаи ман мебошад, - мегӯяд Гулбаҳор Назирӣ.
Алӣ ҶӯРА

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: