Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд

17-02-2020, 16:01
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд. Ин масъала 14 феврал зимни мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх баррасӣ гардид. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози мулоқот Насим Олимзода Вираҷ Сингхро барои ба вазифаи Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрик намуда, аз ҳамкории ҳарду давлат, ки дар соҳаҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.
«Бояд зикр намоям, ки 3 сентябри соли 2012 дар шаҳри Деҳлӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии оилаи Ҷумҳурии Ҳиндустон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид», — гуфт Насим Олимзода.
Ӯ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, тазаккур дод, ки барои иҷрои бандҳои дахлдори протоколҳои комиссияи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вираҷ Сингх дар навбати худ аз истиқболи гарму самимӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000 намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд. Ҳамасола мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба даври омӯзишии забони англисӣ дар ин кишвар фаро гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони тоҷик мусоидат менамояд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши бештари ҳамкорӣ иброз намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: