Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид

Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид

14-05-2019, 23:32
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0

\


Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардидИмрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар мавзӯи «Шарҳи системаи иттилоотии тандурустӣ: гузашта, ҳозира ва оянда» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, роҳбари Намояндагии минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Марте Эверард, инчунин шарикони рушд, намояндагони бахши шаҳрвандӣ ва шарикони тиҷоратӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомад масъалаҳои бақайдгирии электронии тандурустӣ ва тавсияҳои ТУТ, пешравӣ ва мушкилот зимни ҷорӣ намудани системаи иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ҳамчун афзалияти лоиҳаи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳадафҳо вобаста ба мустаҳкамкунии соҳаи тандурустӣ ва некӯаҳволӣ ва ҷалби сармояро баррасӣ намуданд.

Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зикр намуд, Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки баҳри фароҳам овардани шароити технологияи ҳозиразамон рӯ ба инкишоф аст. Асри 21 асри технологияҳои компютерӣ эълон гардида, илмҳои технологӣ низ рӯз аз рӯз бо суръати баланд инкишоф ёфта истодаанд.

«Рушд ёфтани технологияи замонавӣ, такомули асбобҳои дақиқи электронӣ, замимаҳои гуногуни мобилӣ, таъминоти барномавӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти инсон, сари вақт вориднамоии инноватсияҳои технологӣ яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи ҳар як мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин омил ҳамзамон кафолати рушд ва пешравии ҷомеа маҳсуб мешавад. Баҳри тақвияти рушди бемайлони мамлакат аз ҷониби Ҳукумат ва махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра санадҳо дар ин самт қабул гардидаанд, ки ба манфияти ҷомеаи имрӯза мебошанд»,- зикр намуд Н. Олимзода.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо низоми ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ таъсис дода шудааст. Аз 1 январи соли 2015 муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) ба Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ бо тарзи мустақил (он-лайн) ворид намудани маълумоти омориро оид ба беморишавии аҳолӣ тавассути шакли №036 (талони омории ташхисҳои ниҳоӣ) ва ба муассисаҳои сохтори госпиталӣ ворид намудани маълумоти омориро оид ба сохторҳои госпиталӣ тавассути шакли №020 (корти омории аз беморхона ҷавобшуда) бо истифода аз барномаи компютерии DHIS2 анҷом медиҳанд.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади рушди тандурустии электронӣ дар мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҳамкорон оид ба рушд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сифат Иннотех Инвест» дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ» ва дигар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муфиди ҳамкориро марҳила ба марҳила амалӣ мегардонанд.

Ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкат имкон медиҳад, ки Системаи ягонаи миллии тиббии электронӣ, рушди рақамикунонии тиббӣ ва ба ин васила ба телетибби оянда дар чаҳорчӯбаи модули ҳамкории шарикии давлат ва бахши хусусӣ замина гузошта шавад. Ширкати “Сифат Иннотех Инвест” маҳсулоти худро дар асоси омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта, ки гузариш ба давлати саноатӣ ва рақамиро паси сар кардаанд, истеҳсол ва бо коршиносони беҳтарини кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Мақсад ва вазифаҳои ширкат ҷорӣ намудани навовариҳо ва рушди технологияҳо барои расонидани кумак ба мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти стратегӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сифат Иннотех Инвест» соли 2017 таъсис шуда, таҳти шиори «Ҳамкорӣ ба хотири таъсис додани Тоҷикистони рақамӣ» фаъолияти хешро муваффақона пеш бурда истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: