Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар Хоруғ бо раиси вилоят ва хатмкардагони муассисаҳои олии Ҳиндустон мулоқот намуд

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар Хоруғ бо раиси вилоят ва хатмкардагони муассисаҳои олии Ҳиндустон мулоқот намуд

8-05-2019, 09:05
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар Хоруғ бо раиси вилоят ва хатмкардагони муассисаҳои олии Ҳиндустон мулоқот намуд Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош мулоқот намуда, оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки беш аз 60 нафар донишҷуён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ин давлат дар факултетҳои гуногун таҳсил менамоянд. Раиси вилоят изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда барои ҷалби мутахассисони соҳаҳои мухталифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар ҷумҳурии Ҳиндустон шароит фароҳам оварда мешавад. Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки имсол 6 нафар мутахассисонро барои бозомӯзӣ ба кишвараш мефиристонад ва дар оянда ҳамкориро дар ин самт боз ҳам густариш медиҳад .

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи насби 3 адад дастгоҳҳои барқии офтобӣ дар деҳоти дурдасти ноҳияҳои Мурғобу Ванҷ бо иқтидори аз 24 то 101-киловатта баррасӣ гардид. Дар соҳаи тандурустӣ он нукта зикр гардид, ки аз ҳисоби Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон соли гузашта 4 адад мошини ёрии аввалини тиббӣ ба муассисаҳои табобатии вилоят тақдим гардид.

Сафири Ҳиндустон ҳамчунин бо хатмкардагони муассисаҳои олии ин кишвар, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят кору зиндагӣ мекунанд, мулоқоти кӯтоҳ анҷом дода, ба ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим сафар кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: