Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон7-04-2017, 14:06
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гҳош мулоқот намуд. Ҳарду ҷониб аз рушди ҳамкории иқтисодӣ, ки дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ мунтазам таъмин мегардад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Тавре таъкид гардид, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Деҳлӣ баргузор мегардад, самтҳои наву мутақобилан судманди ҳамкорӣ, хосса татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.