Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба хотири фарорасии ҷашни аҷдодии тоҷикон, яъне Наврӯз ва боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дустӣ байни ду кишвар, ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ тақдим кард.
Туҳфаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Панҷ, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт ва ғайра пешкаш гардид. Дар маросими тақдими тӯҳфаҳо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои зикршуда ширкат варзиданд.
Ҷаноби Сомнатҳ Гҳош дар суханронии худ таъкид кард, ки Ҳукумати Ҳиндустон Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегии худ эътироф намуда, ҷиҳати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии он ҳамеша мусоидат менамояд. Ӯ инчунин аз лоиҳаи телепизишкӣ ёдовар шуд, ки он ба ҷониби Тоҷикистон чанде пеш пешниҳод шуда буд ва айни замон масъалаи мазкур дар баррасии ҷониби Тоҷикистон қарор дорад. "Тибқи лоиҳаи мазкур, якчанд беморхонаҳои Тоҷикистон метавонанд бо беморхонаҳои пешрафтаи Ҳиндустон мустақиман пайваст шаванд ва шабакаи мазкур на танҳо ҷиҳати муолиҷаи беморон табодули таҷриба намуданро имконпазир мекунад, балки дар тавсияҳои байни духтурон ва гирифтани маслиҳатҳо, хизмат мерасонад" - гуфт Сафир
Намояндагони шаҳру навоҳии кишвар аз ин туҳфаҳои азишманд ба сафир ва Ҳукумати Ҳиндустон арзи сипос намуданд.
Гулҳаёи Мадимар